Главная / Биология / Китоби дарсии Ботаника барои синфи 5-ум

Китоби дарсии Ботаника барои синфи 5-ум

ИСТИФОДАБАРИ АЗ КИТОБИ ДАРСӢ

Шумо дар синфи 5 аз ин китоби дарсии Ботаника таълим мегиред. Тавассути мундариҷаи китоб шумо бо номгӯи фаслу бобҳои алоҳида шинос гардида, мавзӯъҳои лозимаро бо осонӣ дарёфта метавонед.

Дар охири ҳар як мавзӯъ бо мақсади санҷиши дараҷаи фаҳмишу дониши хонандагон саволҳои ба мавзӯъ дахлдор дода шудаанд. Пеш аз саволҳо аломати гузошта шудааст.

Киотоби БотаникаРақами расмҳо дар матни мавзӯъ ва дар зеррақами расмҳо бо аломати | ишора карда шудааст. Расмҳо интихобан оварда шудаанд ва онҳо барои осонтар аз худ кардани мавзӯъҳо ба шумо кӯмак мерасонанд.

Дар пушти муқоваи аввал ва охири китоб расми растаниҳои доругӣ ва нодир, ки ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил шудаанд, гирд оварда шудааст. Борбардори кардани китоб >>>(Скачать) 

Пас аз итмоми фаслу бобҳои китоб равиши гузарондани таҷрибаҳои лабораторӣ дода шудааст, ки аз рӯи онҳо муаллим бо шумоён дарсҳои лабораторӣ мегузаронад. Ин машғулиятҳои амалӣ ба шумо имкон медиҳанд, ки ба таври аёнӣ ба гуногунхелӣ ва ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳаётии растаниҳо аз наздик шинос шуда, дар омӯзишу ҳифзи онҳо малакаю маҳорати зарурӣ ҳосил намоед.

Аз шумоён бисёр хоҳиш мекунем, ки китобро тоза нигоҳ доред ва бо он эҳтиёткорона муносибат кунед. Чунки дар оянда аз ин китоб хоҳарон ва бародарони хурдсоли шумо метавонанд истифода баранд.

Бо ҳисси миннатдорӣ таъкид мекунем, ки ба ҷуз адабиётҳои дахлдори дар барномаи таълимӣ нишондодашуда, инчунин баъзе расмҳо ва маводҳо аз китоби дарсии “Биология: растанӣ, бактерия, занбӯруғ, гулсанг”, М., 1992 (нашри 23-юми русӣ, барои синфҳои 6—7), муаллифаш В.А. Корчагина, китоби номбурда, тарҷума аз нашри 20-уми русӣ, Душанбе, «Маориф», 1992, мутарҷим М. Ҳоҷиматов ва “Биология: бактерия, занбӯруғ, растанӣ”. М., 1995 (барои синфи 6), муаллифаш В.В. Пасечник мавриди истифода қарор доштанд.

МУҚАДДИМА

Ҳангоми омӯхтани фанни табиатшиносӣ ба шумоён маълум шуд, ки табиати зинда аз олами наботот ва ҳайвонот иборат аст. Илм ё фаннеро, ки бо табиати зинда сарукор дорад ва онро ҳаматара- фа меомӯзад, биология ё ҳаётшиносӣ меноманд. Биология аз ду ка- лимаи юнонӣ: “биос” — ҳаёт ва “логос” — таълимот иборат аст.

Ба ҷуз ҳайвонот ва растаниҳо дар табиат боз организмҳое (ё мав- ҷудотҳое) низ ҳастанд, ки ҳарчанд аломат ва хусусиятҳои ба рас- таниҳо монанд дошта бошанд ҳам, лекин рангашон сабз нест. Инҳо занбӯруғҳо мебошанд, ки гурӯҳҳои алоҳидаи организмҳоро ташкил медиҳанд. Чунончи, баъзе намудҳои занбӯруғҳои хӯрданибоб, зан- бӯруғҳои мағорӣ ва ғайраҳо.

Инчунин, гурӯҳи махсусеро бактерияҳо ташкил медиҳанд, ки ниҳоят андозаи хурд дошта, онҳоро фақат бо туфайли асбобҳои калоннишондиҳанда, масалан микроскоп, метавонед бубинед.

Ҳамин тавр, табиати зинда, ки онро фанни биология меомӯзад, аз 4 олам ё гурӯҳ иборат аст: бактерияҳо, занбӯруғҳо, растаниҳо ва ҳайвонот.

Паҳншавии растаниҳо дар рӯи Замин. Тавассути кито- би мазкур мо омӯзиши табиати зиндаро аз олами растаниҳо оғоз мекунем. Растаниҳо дар олами беканор васеъ паҳн шудаанд. Онҳо- ро дар ҳама гӯшаю канори Замин дидан мумкин аст: дар дашту во- диҳо, талу теппаҳо, кӯҳҳои сарбарфалак, даштҳои беоб ва бот- лоқҳои касногузар, дар баҳру уқёнусҳо, кӯлҳо, ҳавзу дарёҳо ва ҳатто дар қутбҳои саросар яхпӯш.

Дар боғу гулзорҳо, гулгаштҳо, заминҳои барои киштукор муво- фиқ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ растаниҳо ба таври васеъ парвариш кар- да мешаванд.

Растаниҳо дар табиат мавқеи хосро доро буда, аксари кулли онҳо ранги сабз доранд. Вале чӣ тавре, ки қаблан қайд кардем, дар таби- ат растаниҳое низ ҳастанд, ки рангашон сабз нест. Ба ин қабил рас- таниҳо занбӯруғҳо дохил мешаванд. Аҳамияти растаниҳо дар та- биат аз он иборат аст, ки онҳо ҳаворо аз гарду ғубор покиза кар- да, бо гази оксиген, ки барои нафасгирии ҳамаи мавҷудоти зинда бағоят зарур аст, бой мегардонанд.

Растаниҳо хӯроки ҳайвонот мебошанд. Ҳатто он ҳайвоноти дар- рандаи гӯштхӯр дар навбати худ ҳайвонотеро сайд мекунанд, ки алафхӯранд.

Хусусан, растанӣ дар ҳаёти инсон аҳамияти фавқулодда калон дорад. Зеро асоси хӯроки инсонро маҳсулоти растанигӣ, аз қабили орд, ярма, сабзавот ва меваҳо, ташкил медиҳанд. Мо агарчанде маҳ- сулоти ҳайвонотӣ — гӯшт, шир, моҳӣ, тухм, равған (чарбу), панир ва ғайраҳоро истифода барем ҳам, лекин ҳайвоноти калону хурди шохдор, паррандагон аксаран ба сифати ғизо растаниҳоро исти- фода мебаранд. Бинобар он, дар он маконе, ки растанӣ намерӯяд, хайвонот низ хаёт гузаронида наметавонад ва он ҷойҳо бо муру- ри вақту замон ба дашту биёбонҳои беҳаёт табдил меёбанд.

Инчунин, растаниҳо ба сифати масолеҳи бинокорӣ, сӯзишворӣ, ҳамчун ашёи хом дар саноати дорусозӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ васеъ истифода бурда мешаванд. Аз баъзе намудҳои онҳо — пах- та, зағир, канаб (кенаф) ва ғайраҳо нахи хушсифат гирифта мешавад, ки барои дӯхтану тайёр кардани либос беҳад заруранд. Ҳол он ки набототи худрӯй ин талаботи инсонро қонеъ гардонида наметавонад.

Дар рӯи Замин тақрибан 350-400 ҳазор намуди растаниҳо мав- чуданд. Аз ин миқдор 1500 намудашон ба растаниҳои мазрӯъ дохил мешаванд. Инсоният дар давраҳои аввали инкишофи таърихиаш тухми зироатҳоро на фақат барои ғизо, балки барои киштукор низ ҷамъ мекард. Аз ҳамон давраҳо сар карда, одамон ба парваришу кишту кори зироатҳо пардохтанд.

Дар ин муддати на он қадар тӯлонии таърихи кишоварзӣ бисёр намуди растанйҳои мазкур чу- нон тағйир ёфтанд, ки дарёфт кардани баъзе хусусиятҳои авлодии онҳо дар авлодони қадимаи ёбоиашон басо душвор аст. Дар вата- ни офтобрӯяи мо — Тоҷикистон бошад, зиёда аз 4513 намуди рас- таниҳо месабзад. Дар байни онҳо микдори зиёди растаниҳое мав- ҷуданд, ки хусусияти табобатӣ дошта, дар тиб мавриди истифо- даи ҳамаҷониба қарор доранд.

Илмеро, ки растанихо, фаъолияти ҳаётӣ, сохти берунӣ ва дарунии онҳоро меомӯзад, ботаника меноманд. Номи ин фан аз калимаи юнонии «ботане» ба вуҷуд омадааст, ки маънои таҳтуллафзиаш сабза, алаф, растанӣ мебошад.

Аммо растаниҳоро фақат омӯхтан кифоя нест. Ба растаниҳо бо эҳтиёт ва ғамхорона муносибат карда, онҳоро ҳаматарафа муҳофи- зат кардан лозим аст. Мутаассифона, дар минтақаҳои кӯҳӣ ва бисёр ноҳияҳои ҷумҳуриамон бепарвоёна буридану то ба дараҷаи несгӣ овар- дани дарахту буттаҳои ҷангалзор, беинсофона ҷамъоварӣ кардани нозу неъматҳои табиат, гиёҳҳои доруворӣ ва гайраҳо давом дорад. Аз ин рӯ. шумоён бо кӯшишҳои начиби худ дар ҳифзи растаниҳои нодир саҳмгузор бошед.

  1. Растаниҳои сабз дар табиат чӣ аҳамият доранд?
  2. Аҳамияти растаниҳо дар ҳаёти одам чй гуна аст?
  3. Биология чӣ хел фан аст ва кадом гурӯҳи организмҳои зиндаро меомӯзед?
  4. Ботаника чиро меомӯзад?
  5. Чаро растаниҳои сабзро муҳофизат кардан зарур аст?

МУНДАРИҶА

МУКАДДИМА………………………………………………………………………………….. 7

ШИНОСОИИ УМУМӢ БО РАСТАНИҲОИ ГУЛДОР

СОХТИ ҲУҶАЙРАВИИ ОРГАНИЗМИ РАСТАНӢ

ТУХМ

РЕША

НАВДА

АФЗОИШИ НАШВИИ РАСТАНИҲОИ ГУЛДОР

ГУЛ ВА МЕВА

РАСТАНӢ – ОРГАНИЗМИ ЗИНДА

Моддаҳои зарурй барои сабзиш …. ………………………………….. 11 2

ТАҶРИБАҲОИ ЛАБОРАТОРЙ………………………………… 118

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк ҳар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи ҳомиладорӣ …