Главная / Биология / Сохти берунии барг

Сохти берунии барг

Барг бо ҳамроҳии пояю навдаҳо узвҳои рӯизаминии растаниҳоро ташкил медиҳад. Дар барг се раванди барои растаниҳо ниҳоят муҳим  фотосинтез (ҳосил шудани моддаҳои органикӣ), мубодилаи газҳо (гази карбонат ва оксиген) ва оббухоркунӣ мегузарад.

Агарчанде барги растаниҳои гуногун аз рӯи сохти берунаашон аз якдигар фарқ кунанд ҳам, онҳо аломатҳои хосе низ доранд, ки монандии онҳоро нишон медиҳад. Барги аксари растаниҳо ранги сабз дошта, аз ду қисм — думча ва паҳнаки барг иборатанд. Думча баргро ба поя пайваст мекунад. Чунин баргҳоро баргҳои думчадор мегӯянд. Баргҳои думчадор дар себ, олуболу, заранг, чинор, чормағз, зардолу ва ғайраҳо дида мешаванд. Дар барги дигар растаниҳо, аз қабили гандум, сабр (алоэ), коснӣ, зағир думча дида намешавад. Барги онҳо бо асоси паҳнаки баргашон ба поя пайваст буда, онҳоро баргҳои нишаста меноманд.

bargho

Дар баргҳои думчадори баъзе растаниҳо (масалан, настаран) дар асоси думча пешбаргҳо инкишоф меёбанд 46 .

Аз рӯи шакли зоҳири- ашон баргҳо гирдшакл, дилшакл, сӯзанмонанд, байзавӣ (тухмшакл) ва ғайра мешаванд. Канори паҳнаки барг бошад, метавонад дандоншакл (дар себ), сӯзанмонанд (дар ларзонбед), аррашакл ё ин ки суфтаи яклухт (дар ёсуман) бошад.

Агар думчаи барг фақат як паҳнаки барг дошта бошад, онро барги содда меноманд. Дарахтони зардолу, сафедор, фарк, чинор, тӯс баргҳои содда доранд .

Баргҳои мураккаб бошанд аз якчанд паҳнаки барг, ки бо думчаҳои кӯтоҳ ба думчаи асосӣ пайвастанд, иборатанд. Чунин баргҳо дар дарахти шунг (ясен), ғубайро, тамашк (шаҳтути фаранги, малина), шаҳтути заминӣ ва ақоқиё дида мешаванд. Ҳар кадом паҳнаки барги дар барги мураккаббуда аввало алоҳида-алоҳида мерезад ва сипас думчаи асосии барг меафтад.Дар баргҳои сабз бо микдори зиёд бандчаҳои гузаронанда мавҳҷуданд, ки онҳоро рагҳо мегӯянд.

Рагҳо ба ҷуз гузарондани моддаҳои ғизоӣ боз ба барг мустаҳкамӣ медиҳанд.Агар рагҳо дар барг нисбати якдигар мутавозӣ ҷой гирифта бошанд, чунин тарзи рагронӣ рагронии мутавозӣ номида мешавад. Рагронии мутавозӣ бештар дар растаниҳои якпаллагӣ (гандум, ҷавдор, ҷав, ҷуворимакка, пиёз ва дигарҳо) дида мешавад .Дар баргҳои калони зулф, гули барфак (ливондар) ва растании хонагии аҳлгул (аспидистра) рагронии камоншакл ба чашм мерасад, ки ин шакли рагбандӣ низ хоси растаниҳои якпалла мебошад.Рагбандии тӯршакл барои растаниҳои дупалла хос мебошад.

Масалан, дар барги булут, зардолу, себ, бунафшаи серанга ва ғайраҳо рагҳои барг чандин маротиба шоха ронда, шакли тӯршаклро мегиранд. Чунин махсусияти рагбандӣ нисбати растаниҳои якпалла ва дупалла на ҳама вақт мувофиқ меафтад. Масалан, дар растании зулф, ки ба дупаллаҳо тааллуқ дорад, рагбандии камоишакл ва дар барги растании якпалла — чашми зоғ бошад, рагбандии тӯршакл мушоҳида карда мешавад.

  • Барг чӣ гуна сохт дорад?
  • Баргҳои содда аз мураккаб бо чӣ фарк мекунанд?
  • Дар барг рагҳо кадом вазифаро иҷро мекунанд?
  • Аз рӯи рагбандиашон растаниҳои якпалларо аз дупалла чӣ тавр фарқ мекунанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …