Главная / Маданият ва санъат / Дар бораи забони тоҷикӣ — шеър

Дар бораи забони тоҷикӣ — шеър

Забон чист? Забон воситаи муомилот ва муоширати одамон аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботхои рӯзмарраи ҳаёт огаҳ гардад. Донистани забони ғайр донистани воқеияти ҳаёти миллати дигар ва кулли дигаргунихои олам аст. Барои омӯхтани забони дигар мо бояд, пеш аз ҳама забони модарии хешро ба хубӣ донем. Озодона ҳамаи соҳаҳои ҳаёти худро омухта аз худ намоем. Зеро бунёди забони модариамон ба осонӣ ба даст наомадааст.

kudakon
Шеъри забон

Шеър дар васфи забони тоҷикӣ

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ.
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ.
То наафтад бар замин қадри сухан.

Роҳбари кишвар гуфтааст: 
«Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард». Аз ин рӯ бисёр мебояд ҷаҳд намуд, ки забони миллати хешро ба пуррагӣ аз худ кард. Дар қатори омухтани забони миллати хеш омӯхтани забонҳои дигар низ бе манфиат нахоҳад буд. Дар мавриди донистани забони ғайр кас метавонад бе ягон душворӣ бо ин ё он забон гуфтугӯ намояд. Аз дарду доғ ва бурду бохти ин миллат чизе омӯзад. Рӯзномаву маҷалла ва ахбори он миллатро ба хубӣ аз худ кунад. Ё худ ҳангоми мусофират ё сафар ба монеаву душвориҳо рӯ ба рӯ нагардад. Озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофарогат эхсос намояд.

Бузургон дар васфи забон гуфтаанд.

Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Ҳамарӯзе ба кор ояд забун нест.
Надонӣ гар забони миллати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Имрузҳо хушбахтона дар давлати мо дар донишгоҳҳои олй, мактабҳои миёнаву муассисаҳои илмии кишвар забонҳои гуногуни чаҳонй омухта мешавад. Имрузҳо тифли дилбанди фарди точик бо чандин забони дунё муошират менамояд. Ба давлатҳои хорича рафта, тахсили илм мекунанд, соҳибмаьлумот мегарданд. Ин албатта, ба пешравии миллат, давлат ва кавми точик манфиати хуб меорад.
Имрузҳо дар чумҳурии азизамон сафоратҳонахои зиёди давлатҳои дунё арзи ҳастй доранд, ки ҳамкориҳои байналхалкии Точикистонро бо дигар давлатҳо чонибдорй мекунанд. Ин низ, албатта, ба забономузиву забондонй ва робитаҳои зиёди давлатҳо огахй медихад.

Байт дар бораи забон

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.

Маълумот дар бораи забони тоҷикӣ. Забондонист, ки имрӯзҳо фардияти тоҷик бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстӣ дорад. Ба сафарҳо мебарояд. Мусиқии мардуми тоҷикро ҷаҳониён гӯш меандозанд, ҳаловат мебаранд. Фарзанди миллати тоҷик кормандони бузурги давлатҳои тараққикардаи дунёанд. Аксарияти мардону занони тоҷик дар кишвари Руссия чун дар хонаи хеш кору фаъолият мекунанд. Фарзандонашон дар мактабҳои онон таълиму тарбия мегиранд. Имрӯз дар гуфтор мардуми тоҷикзабонро аз миллати рус тафовут додан амрест маҳол. Фарди тоҷик дар гуфтугӯй бо мардуми эронинажод кариб, ки баробаранд. Фарзанди тоҷик бо забонҳои англисӣ, немисӣ, руссӣ, чехӣ озодона дар гуфтугуянд. Ин албатта, фахри давлату миллати тоҷику Тоҷикистониён аст.
Хулоса, забондонӣ — ҷаҳондонист, бузургист, сарбаландист, ифтихор аст, ки дар ҳама гуна лаҳзаҳои ҷаёт чи ғаму дард ва чи хушию шодмонӣ инсонро ёвару мададгор, дилбардору эҳсосгар аст. Донистани забони ғайр миллатро ба бузургӣ, фардро ба воломақомӣ ва давлатро ба пешравию муваффақият ноил мегардонад.

Забон ҳастии миллат аст

Забондонӣ ба волоӣ расонад,
Зи гумроҳию нодонӣ раҳонад.
Касе к-у беш омӯзад забоне,
Расидан бар муроди дил тавонад. 

Сарбаланду боифтихор аст, фарде, ки донандаи чандин забон асту хеҷ гоҳ дар ягон маврид дар намемонад. Забондонӣ дар ягон давру замон падидаи номатлуб нахоҳад буд. Он ҳамеша зарур, поянда ва боиси ифтихорӣ баланд буда, шахси забондон чун шамъи равшангарат ва маҷлисорой ҳамаи анҷуманҳоро равшанию нур ва хушиву сурур мебахшад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …