Главная / Биология / Таркиби тухми растанӣ

Таркиби тухми растанӣ

Чӣ тавре ки маълум аст, аз гандум ва дигар зироатҳои ғалладонагӣ орд истеҳсол мекунанд. Орд эндосперми майдашуда ё тал- қоншудаи дон мебошад. Вай аз моддаҳои гупогуни ғнзоӣ иборат аст. Барои муайян кардани таркиби тухм каме орди гандумро гирифта, аз он хамир тайёр мекунем. Сипас, хамирро ба дока печонда дар ягон зарф бо об нағзакак мешӯем. Оби зарф тирагун мешавад, чунки яке аз моддаҳои дар таркиби хамир мавҷудбуда шуста мешавад. Баъд дар дохили дока фақат моддаи нисбатан ғализи часпак – ширеш (клейковина), яъне сафедаи дон (орд) боқӣ мемонад.

tarkibi-tuxmАгар ба зарфи обаш тирагун 2-3 қатра махдули йод чакконем, мебинем, ки ранги моеъ кабуд мешавад. Маълум аст, ки оҳар (крах- мал, нишоиста) аз таъсири йод кабудранг мешавад. Ин ҳолат исбот мекунад, ки дар таркиби орди гандум оҳар мавҷуд аст. Оҳари ранг- ноки дар оби зарфбуда оҳиста-оҳиста таҳшин мешавад.

Агар оби тирашудаи хамирро ба пробирка рехта, онро то ҷӯши- данаш гарм кунем, дар пробирка ширеш ё моддаи ширешмонанд (клейстер) ҳосил мешавад. Ин исботи он аст, ки дар таркиби орди гандум ба чуз сафеда (клейковина) оҳар ҳам мавҷуд будааст. Ин- чунин, дар зери микроскоп доначаҳои майдаи оҳари ҳуҷайраҳои эн- досперми гандум, ки бо таъсири йод кабудранг шудаанд, нағз на- мудор мешаванд.

Дони гандум, ҷуворимакка андак равған дорад. Хусусан, пунбадона (чигит), дони офтобпараст, загир, кунҷит, лӯбиёи чинӣ (соя) ва баъзе дигар растаниҳо хеле серравған мешаванд. Агар дони ин растанихоро дар рӯи коғази сафед сахт фишурем, дар коғаз доғ ё изи равған боқӣ мемонад.

Сафеда, оҳар ва равған мод- даҳои органикие (захиравие) ме- бошанд, ки дар тухму дони акса- ри растаниҳо бо микдори гуногун (кам ё зиёд) мавҷуданд. Масалан, Дар дони гандум микдори оҳар нисбатан зиёд буда, сафеда нисбатан кам ва равған тамоман камтар аст. Дар дони лӯбиё бошад, баръ- акс сафеда бисёру оҳар нисбатан Кам аст. Дони офтобпараст, зағиркунҷит хеле серравган аст.

Барои ҳосил кардани орду ярма, ки ба миқдори зиёд оҳару сафеда доранд, на танхо гандум, инчунин ҷавдор, ҷав, ҷуворимакка, сулӣ, арзан, шолӣ ва марчумакро низ парвариш мекунанд. Бо мақсади ба даст овардани маҳсулоти серсафеда нахӯд, боқило, лӯбиёи чинӣ, наск ва барои истеҳсоли равған дигар растаниҳои равғандор- ро киштукор мекунанд.

Барои донистани он, ки дар таркиби дон ба ҷуз моддаҳои орга- никӣ боз кадом моддаҳо мавҷуданд, гузаронидани чунин таҷриба ёрӣ медиҳад.

Ба зарфи шишагин (пробирка) дони хушки гандум ё тухми ягон растании дигарро дохил карда, дар оташи паст гарм мекунем. Пас аз чанд муддат дар деворҳои пробирка қатраҳои об пайдо меша- ванд, зеро дар натиҷаи гарм кардан оби дар таркиби тухми ган- дум мавҷудбуда бухор мешавад. Бухор ё буғи оби пайдошуда ба девори сарди пробирка расида, хунук мешавад ва дар девори он қатраҳои об намоён мешаванд.

Агар гарм карданро давом диҳем, дон сӯхта ба ангишту дуд табдил меёбад. Дуд далели сӯхтани моддаҳои органикии доноҳар, сафеда ва равған ба ҳисоб меравад. Пас аз пурра сӯхтани моддаҳои органикии дон фақат хокистар боқӣ мемонад. Хокистар аз мод- даҳои маъдании (минералии) насӯзанда иборат аст.

Ҳамин тавр, таркиби дон (тухм)-и растаниҳо аз моддаҳои орга- никӣ, маъданӣ ва об иборат аст.

Таркиби тухми растаниҳои мазруъи (ба ҳисоби фоиз аз вазни умумиашон)

Тухм

(дар 100 г)

Микдор (фоиз)
об моддаҳои органикӣ моддаҳои маъданӣ
Гандум 13,4 84,7 1,9
Офтобпараст 6,7 89 4,3

Аз ҷадвал маълум мешавад, ки дар таркиби дони растаниҳои гуногун микдори об, моддаҳои органикӣ ва маъданӣ ҳар хел мебошад. Умуман, дар тухми тамоми растаниҳо миқдори моддаҳои органикӣ назар ба об ва моддаҳои маъданӣ нисбатан зиёд аст.

  1. Дар дони растаниҳо кадом моддаҳои органикӣ мавҷуданд?
  2. Клейковина чист ва онро аз орди гандум чӣ тавр ҷудо ме- кунанд?
  3. Оҳарро чӣ гуна ошкор менамоянд?
  4. Равған доштани дони растаниҳоро чӣ тавр маълум кардан мумкин аст?
  5. Кадом растаниҳо дар донашон ба миқдори зиёд сафеда, оҳар ё равған доранд?
  6. Тавассути таҷриба моддаҳои органикиро аз моддаҳои маъданӣ чӣ хел фарқ мекунанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …