Главная / Биология / Ғафс шудани поя – Ҳосил шудани солҳалқа

Ғафс шудани поя – Ҳосил шудани солҳалқа

Ба туфайли боавҷ тақсим шудани ҳуҷайраҳои камбий танаи (пояи) буттаву дарахтон ва пояи гиёҳҳои бисёрсола ғафс мешавад. Булутҳои “кӯхансолу” азимҷуссае маълуманд, ки давродаври танаи онҳо ба 10 м мерасад. Ё ин ки кундаи як эвкалипти пир чунон ғафс буд, ки дар рӯи он майдончаи рақс сохта шудааст.

solhalqaПоя дар рӯзҳои фасли гарми сол дар натиҷаи тақсим шудани ҳуҷайраҳои нафиси камбий ғафс мешавад. Дар натиҷаи тақсимша- вии боавҷи камбий ҳуҷайраҳои нав ба нави лиф ва чӯб ба вуҷуд оварда мешаванд. Вале ҳуҷайраҳои тарафи чӯб назар ба ҳуҷайраҳои лиф хеле зиёд ҳосил мешаванд.

Охирҳои тирамоҳ давраи оромии камбий оғоз меёбад. Баҳор, бо оғози ҷараёни ширадав, ҳуҷайраҳои камбий ба тақсимшавӣ сар мекунанд. Дар натиҷаи чунин тақсимшавии (дар фасли баҳор) ҳуҷайраҳои камбий дар чӯб рагҳои сӯрохашон васеъ, ки пардаи нисбатан нафис доранд, ташаккул меёбанд. Тирамоҳ сӯрохии рагҳои нави чӯби аксар дарахтон танг, пардаашон ғафстар мешавад.

Тамоми қабати ҳуҷайраҳои чӯб, ки дар давоми як мавсими нашвӣ (баҳор, тобистон ва тирамоҳ) ҳосил шудаанд, солҳалқаи сабзиш (рушд)-ро ба вуҷуд меоваранд.

Ҳуҷайраҳои майдаи тирамоҳӣ аз ҳуҷайраҳои калони баҳории чӯби соли минбаъда, ки бо ҳамдигар ҳамшафатанд, фарқ мекунанд. Би- нобар он, ҳадди байни солҳалқаи солҳои гуногун дар бисёр дарахтон нағз аён мешавад.

Бо пурбини дастӣ адади солҳалқаҳоро шумурда, синну соли дарахту шохаҳои аррашударо муайян кардан мумкин аст. Масалан, баъзе дарахтони алоҳидаи булут то 1000 сол месабзанд. Инчунин дидан мумкин аст, ки ғафсии солҳалқаҳо гуногун аст, хусусан солҳалқаҳои борику паҳн фарқ карда мешаванд. Солҳалқаҳои нисбатан паҳн (ё васеътар) дар солҳои шароити иқлимашон бағоят мусоид, ҳосил меша- ванд. Дар солҳои нисбатан номусоиди иқлим (дар солҳои хунук, хушксолӣ) солҳалқа борик мешавад. Бинобар он, аз рӯи солҳалқаҳо шароитҳои иклимии солҳои дури гузаштаро муайян кардан мумкин аст. Барои ин синну соли дарахтро донистан лозим аст.

Аз рӯи солҳалқаҳо чун қутбнамо (компас) самти уфуқро муайян кардан мумкин аст. Солҳалқаҳои тарафи ҷануби дарахт назар ба самти шимолаш одатан васеъ мешаванд. Зеро тарафи шимол чун шароити номусоид ба камбий таъсир мекунад ва ҳуҷайраҳои он суст тақсим мешаванд. Аз ин рӯ, солҳалқаи тарафи шимол борик- тар мешавад.

  1. Поя чӣ тавр ғафс мешавад?
  2. Камбий дар куҷо ҷойгир аст ва чӣ аҳамият дорад?
  3. Солҳалқа чист?
  4. Аз рӯи солҳалқа чиро муайян кардан мумкин аст?
  5. Синну соли дарахтро чӣ тавр муайян кардан мумкин аст?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …