Главная / Гуногун / Сабзиши реша ва Қисмҳои он

Сабзиши реша ва Қисмҳои он

Маълум аст, ки ҳангоми ба нешзанӣ шурӯъ кардани тухм, пеш аз ҳама решачаи ҷанин неш зада мебарояд. Сараввал он кам аён буда, вале ба зудӣ кад кашида калон мешавад. Ин ҳодиса чӣ тавр амалӣ мегардад?

Решачаи ҷанини тухм ва решаи растании нашъунамокунанда монанди дигар узвҳои растанӣ низ аз ҳуҷайраҳо иборатанд. Хуҷайраҳои решачаи ҷанинӣ моддаҳои ғизоии тухмро дар шакли маҳлул ҷаббида истифода мебаранд, месабзанд ва тақсим мешаванд.

Агар ба решачаи тухми сабзидаистодаи нахӯд ё лӯбиё бо сиёҳй баъди ҳар 2 мм фосила аз якдигар кӯндаланг хатча кашида, он тухмро ба болои қоғази намкаш, ки як гӯшааш дар об фурӯ гузошта шудааст гузорем, баъди як шабонарӯз мебинем, ки фосилаи байни хатчаҳои қисми нӯгии реша афзудааст.

Инкишофи шабакаи решаи растаниҳо Зеро ҳуҷайраҳои қисми нӯгии реша тезтез мунтазам тақсим мешаванд ва боиси сабзиши боавҷу қадкашии реша мегарданд. Ин далели он аст, ки реша аз нӯгаш месабзад. Санҷиши ин ақида на он қадар душвор аст. Агар нӯги 32 решаро бурида партоем, реша аз қадкашӣ бозмемонад. Дар решаи нӯгаш буридашуда ба миқцори зиёд решаҳои паҳлуӣ месабзанд. Ҳар як решаи паҳлуӣ ҳам аз нӯгаш қад мекашад. Ҳангоми кӯчатшинонӣ кандани нӯги решаи асосӣ боиси аз қадкашӣ бозмондани он ва сабзиши решаҳои паҳлуӣ ва иловагӣ мегардад. Ҳангоми кӯчат кардани карам, помидор, қашқаргул ва зироатҳои дигари тиррешадор нӯги решаи асосии онҳоро пешакӣ мебуранд.

Нӯгкании решаи кӯчат боиси сабзиши боавҷи решаҳои паҳлуӣ ва иловагӣ гардида, ғизогирии растаниҳо хеле беҳтар мегардад. Амали нӯги решаи навниҳоли растаниро бурида, бо ёрии мехчӯби нӯгтез кӯчат кардани онҳоро кӯчатшинонӣ меноманд.

Решаи растаниҳои сабзанда дар хок хеле чуқур ҷойгир мешавад. Дарозии решаи растаниҳои ғалладонагӣ (гандум, ҷавдор, ҷав, ҷуворимакка) ба чуқурии 1,2-2,0 м, юнучқа то 3-5 м, растании янтоқ бошад то 15-20 метр инкишоф меёбад.

Реша на танҳо ба поён  ба чуқурӣ, балки ба таври уфуқӣ ба сатҳи хоки атроф ҳам хеле инкишоф меёбад. Масалан, решаи ҷуворимакка ба атроф ба масофаи такрибан 2 метр, решаи пиёз бошад ба 60- 70 см паҳн мешавад. Хусусан, решаи дарахтон боавҷ нашъунамо карда, то чуқурии 10-15 м дар хок реша меронанд. Масалан, решаи дарахти себ ба атроф аз бехи танааш то 15 м дурӣ реша ронда, то 3-4 м чуқур меравад. Дарозии умумии тамоми решаҳои як бех растанӣ хеле бузург аст. Растанӣ ба туфайли нашъунамои хуби реша аз хок бештар об ва моддаҳои ғизоиро ҷаббида мегирад.

tirresha-patakresha

Қисмҳои реша. Қисми нӯгии решаи наврастаи лӯбиё ё нахӯдро дар зери пурбин аз назар гузаронед. Шумо мебинед, ки нӯги решаро монанди ангуштпона ғилофаки реша пӯшидааст. Дар зери микроскоп дидан мумкин аст, ки ғилофаки реша аз якчанд қабати ҳуҷайраҳо иборат буда, онҳо нӯги решаро аз осеби зарраҳои сахти хок эмин медоранд. Ҳуҷайраҳои ғилофаки реша кӯтохумр буда, мунтазам нобуд мегарданд ва ба ҷои онҳо мудом ҳуҷайраҳои нав пайдо мешаванд.

Аз қисмҳои гуногуни реша буридаи тунук тайёр карда дар зери микроскоп мебинем, ки ҳуҷайраҳои қисмҳои гуногуни реша аз ҷиҳати шакл ва андозаашон аз ҳамдигар фарқ доранд. Маҷмӯи ҳуҷайраҳое, ки сохти якхела дошта, вазифаҳои якхеларо ичро мекунанд, бофта номида мешавад.

Ғилофаки реша тавассути бофтаи пӯшиш ҳосил шуда, одатан ҳуҷайраҳои бофтаи ҳосилкунандаро, ки тезтез тақсим шуда, қад- кашии решаро ба дарозӣ таъмин мекунанд, муҳофизат мекунад. Дар қитъаи бофтаи ҳосилкунандаи қисми нӯгии реша ҳуҷайраҳо мунтазам тақсим шуда, микдорашон меафзояд. Бинобар он, ин қисми решаро ҷузъи тақсимшавӣ меноманд. Болотар аз ҷузъи тақсимшавӣ ҷузъи сабзиш ё қадкашии реша ҷой гирифтааст, ки хуҷайраҳои он қад кашида андозаашон калон мешавад ва дар натиҷа реша сабзида дароз мешавад. Дуртар аз ҷузъи сабзиш, қитъаи бо мӯякрешаҳои сершумору шаффоф иҳотагардидаи реша ҷойгир аст, ки онро ҷузъи ҷаббиш меноманд. Муякрешаҳои бисёр растаниҳоро метавон бо чашми оддӣ мушоҳида кард. Онҳо дар якҷоягӣ бофтаи асосӣ ё ҷаббишро ташкил медиҳанд. Масалан, мӯякрешаҳои нахӯд нағз намудоранд. Мӯякрешаҳои гандум ва бисёр растаниҳои хӯшадор ба тибит монанданд.

tirresha-patakresha-2

Мӯякрешаҳо хеле хурд буда, ҳамагӣ аз 0,1 то 1,5 мм дарозӣ доранд. Вале дар баъзе растаниҳо, масалан, дар гандум то 8-9 мм қад мекашанд. Онҳо ҳамагӣ якчанд рӯз умр дида, баъд нобуд мегарданд. Ҷои онҳоро мӯякрешаҳои навҳосилшуда иваз мекунапд. Бо туфайли мӯякрешаҳо растанӣ аз хок об ва моддаҳои маъданиро дастрас мекунад.

Дар байни ҷузъи ҷаббиш ва саршавии поя ҷузъи гузаронандаи реша воқеъ аст, ки тавассути бофтаи гузаронанда ва рагҳои дар он мавҷудбуда об ва моддаҳои маъдании дар он ҳалшуда аз реша ба поя мегузаранд. Дар ин қитъаи шохарондашудаи реша мӯякрешаҳо дида намешаванд. Инчунин дар ин қитъаи реша ҳуҷайраҳое мавҷуданд, ки моддаҳои органикии дар барг ҳосилшударо аз поя ба реша медиҳанд.

Мустаҳкамӣ ва чандирии реша ба туфайли мавҷудияти бофтаи механикӣ таъмин карда мешавад. Ҳуҷайраҳои бофтаи механикиро  ташкилкунанда ба дарозии сатҳи берунии реша қад ёзонда, бо лифофаи ғафс иҳота гардидаанд. Ин ҳуҷайраҳо бармаҳал дохилоти худро гум карда, бо ҳаво пур мебошанд.

Расми 34. Сохти решаи навниҳол (нақша)
  1. Решаи навраста (навниҳол) аз кадом қисмҳо иборат аст?
  2. Ғилофаки реша чӣ аҳамият дорад?
  3. Қисми зуд-зуд тақсимшавандаи ҳуҷайраҳои реша дар куҷо ҷойгир аст, вай аз қисмҳои дигари реша чӣ фарқ дорад?
  4. Мӯякреша чист?
  5. Қисми ҷаббандаи реша кадом вазифаро иҷро мекунад?
  6. Қисми гузаронандаи реша дар куҷо ҷойгир аст?
  7. Бофта чист?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …