Главная / Биология / Тағйири шакли реша

Тағйири шакли реша

Дар решаи баъзе растаниҳо (сабзӣ, турб, шалғам, лаблабу ва ғайраҳо) моддаҳои захиравӣ ғун мешаванд. Чунин решаҳо боавҷ ғафс гардида, ба худ шаклҳои гуногунро мегиранд. Онҳоро одатан бехмева (ё решамева) меноманд. Бехмева дар аксари ҳолатҳо аз решаи асосӣ ва ё аз қисми поёнии поя ҳосил мешавад.

Растаниҳои бехмевадор аксаран растаниҳои дусолаанд. Онҳо дар соли якуми ҳаёташон гул накарда, танҳо бехмева ҳосил мекунанд. Дар бехмеваашон миқдори зиёди моддаҳои органикии ғизоиро захира мекунанд. Дар соли дуюми ҳаёташон аз ин моддаҳои ғизоии захирашуда истифода бурда, гул мекунанд ва меваю тухм мебанданд. Растаниҳои дусола пас аз ҳосил кардани меваю тухм хушк мешаванд.

reshaho

Дар гули кавкаб (картошкагул), қосидгулак ва батат (картошкаи ширин) моддаҳои захиравӣ дар решаи асосӣ ғун нашуда, балки дар решаҳои пахлуӣ ё иловагӣ захира мешаванд. Дар натиҷа, дар як растанӣ бо микдори зиёд лӯндабех (ё лӯндаи реша) ҳосил мешавад.

Дар растании ашақа (плющ) решаҳои махсуси паҳлуии часпон инкишоф меёбанд ва растанӣ ба туфайли онҳо ба танаи девор ё да- рахтон маҳкам мечаспад. Бо ёрии чунин такягоҳ ашақа ба боло саб- зида, баргу пояашро ба равшанӣ мебарорад.

Дар тана ва шохахои ғафси дарахтони тропикӣ решаҳои иловагӣ месабзанд. Онҳо сабзида то ба замин мерасанд ва вазифаи такягоҳро иҷро мекунанд.

Дар решаҳои паҳлуии себарга, нахӯд, юнучқа ва дигар растаниҳои лӯбиёгӣ тағйироти гуногуншаклро мушоҳида кардан мумкии аст. Дар решачаҳои ҷавони пахлуии онхо бактерияҳои махсус сокин шуда, дар он ҷо лӯндачаҳоро ба вуҷуд меоваранд. Аз ин сабаб онҳро бактерияҳои лӯндарешагӣ мегӯянд. Онҳо хусусияти аз худ кардани нитрогени озоди таркиби ҳаворо доранд. Бо кӯмаки ин бактерияҳои лӯндарешагӣ растанӣ бо ғизои нитрогенӣ таъмин карда мешавад ва таркиби хок низ аз ин ғизои маъданӣ бой мегардад. Бинобар он, дар баъзе хоҷагиҳо тирмис (люпин), себарга, юнучқаро ба сифати нурии сабз барои ҳосилхез кардани хок истифода мебаранд.

  1. Растаниҳои бехмевадори маҳалли зистатонро номбар кунед.
  2. Бехмева чӣ тавр ҳосил мешавад?
  3. Лӯндабех дар куҷо ҳосил мешавад ва дар кадом растаниҳо дида мешавад?
  4. Дар растаниҳои лӯбиёгӣ реша ба чӣ хел тағйирёбӣ дучор мешавад?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк ҳар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи ҳомиладорӣ …