Главная / Биология / Сунъи гардолуд кардани гул

Сунъи гардолуд кардани гул

Гардолудкунии сунъӣ  гардолуд кардани гул дар натиҷаи фаъолияти мақсадноки одамон сурат мегирад. Одамон гарди гарддо- ни як гулро ба гардгираки тухмдони гули дигар оварда, ҳосили рас- таниҳои кишоварзиро зиёд мекунанд ва ё навъҳои нав ба нави растаниҳоро ба вуҷуд меоваранд. Барои ин дар давраи пеш аз гулшукуфт гардбаргҳои гулро канда мепартоянд, то ки худгардолудшавӣ ба вуқӯъ наояд. Баъд гулҳои бегардбаргкардашударо бо халтачаи докагин мепӯшонанд, то ки ҳашарот ё шамол гулро тасодуфан гардолуд накунад. Каме дертар, вақте ки гардгирак барои қабул кардани гард тайёр мешавад, гардҳои пешакӣ ҷамъовардашударо бо ёрии мӯқалам ба гардгираки гул мечошанд (пош медиҳанд).

suni-gardoludkuniБо ёрии гардолудонии сунъӣ ҳосилнокии ҷуворимакка ва офтоб- парастро (дар маҳалҳои шароиташон хунук) фаровон ё афзун ме- гардонанд. Чӣ тавре ки маълум аст, офтобпараст одатан ба туфайли ҳашарот гардолуд мешавад, вале дар ҳавои хунук (дар минтақаҳои шимол ё баландкӯҳ) ҳашарот қариб ки парвоз намекунад. Бинобар он, барои дутарафа гардолудшавии офтобпараст онро баъзан ба таври сунъӣ гардолуд мекунанд. Барои ин одам қадқади ҷӯяк роҳ гашта, дастпӯшаки аз матои нарму маҳин дӯхташударо аввал ба як “сабадак”-и гули офтобпараст, баъд ба дигараш эҳтиёткорона пахш мекунад. Ва ҳамин тавр гарди гули як растаниро ба гули дигар растанй мегузаронад.

Ҷуворимакка растании дутарафа гардолудшаванда буда, тавассути шамол гардолуд мешавад. Вай растании ҷудоҷинса (якхонагӣ) буда, тӯдагули ҷорӯбакаш аз гулҳои гардбаргдор (нарина) ва тӯдагули сӯта-

аш аз гулҳои тухмдондор (модина) иборат аст. Одатан гулҳои наринаи ҷуво- римакка дар қисми нӯгии (болоии) растанӣ, гулҳои модина бошад, дар сӯтаҳои бағали баргҳои миёнаи он ҷойгиранд. Ҳангоми гулшукуфт аз сӯта сутунчаҳои дарози риштамонанди тухмдон бо гард гиракаш (риши ҷуворимакка) овезон мешаванд. Шамол чун қоида ба гардгиракҳо аз тӯдагули гулҳои нарина гард меоварад. Гулҳои нарина назар ба гулҳои модинаи ҳамон растанӣ пештар тайёр мешаванд.

Аммо дар ҳавои бешамол аксар вақт гард ба гардгирак наафтида, бисёр гулҳои модина гардолуд нашуда мемонанд ва ҳосил кам мешавад. Бинобар он, гардолудонии сунъиро истифода мебаранд.

Барои ин гардҳои пухтарасидаи тӯдагули ҷорӯбаки ҷуворимак- каро ба коғази ғафси қифмонанд печондашуда афшонда, гардашон- ро ҷамъ мекунанд. Баъд гардҳои ҷамъовардаро ба гардгираки гул- ҳои модина мепошанд.

  1. Гардолудонии сунъиро ба чӣ мақсад истифода мебаранд?
  2. Барои гардолудонии сунъӣ гулро чӣ тавр тайёр мекунанд?
  3. Офтобпарастро чӣ тавр сунъӣ гардолуд мекунанд?
  4. Ҷуворимаккаро бо роҳи сунъӣ чӣ тавр гардолуд мекунанд?

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …