Реша дар ҳаёти растаниҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Растаниҳо ба воситаи решаашон дар хок устувор ҷойгир шуда, аз он об ва моддаҳои маъдании барои ҳаёташон заруриро мегиранд. Барои исботи ин гуфтаҳо таҷрибаҳои гуногун кӯмак мерасонанд. Агар ягон растании дар рег ё аррамайдаи намнок парвариш кардашударо гирифта, бо решааш ба дохили пробирка ё зарфи шишагини обдор дохил кунем ва сатҳи болоии оби зарфро бо қабати тунуки равғани растанигӣ фаро гирем, пас аз як-ду рӯз мебинем, ки ҳудуди оби қайдкардашуда хеле поён фаромадааст. Ин нишон медиҳад, ки растанӣ бо воситаи решааш обро ҷаббида ба боло ба ҷониби баргҳо равона кардааст.
Ё ин ки растании хонагӣ -ҳиногул ё навниҳоли се-чорҳафтаинаи офтобпараст ё лӯбиёро, ки пешакӣ дар тубак сабзонда шудааст, тавре мебурем, ки аз бехи пояаш 3-4 см боқӣ монад. Ба боқимондаи пояи буридашуда найчаи резинии дарозиаш 3 см бударо мепӯшонем. Ба найчаи резинӣ каме об рехта нӯги онро бо найчаи шишагини даро- зиаш 20-25 см, ки ба шакпи оринҷак каҷ кунонда шудааст (ба расми ‘Ж- нигаред), пайваст менамоем. Баъди якчанд муддат об бо найча боло мебарояд ва ба берун мерезад. Саволе пайдо мешавад, ки он об аз куҷо пайдо шуд? Ин обро реша аз хок ҷаббида мегирад. Сипас, об ба туфайли бофтаҳои гузаронандаи (рагҳои) реша ба боқимондаи поя гузашта, ба найча дохил мешавад. Барои он, ки оби ба найча дохил- шуда ба боло ҳаракат кунад, қувваи муайяне лозим аст. Ин қувва ё фишорро фишори решагӣ меноманд. Маҳз ба туфайли ин фишори решагӣ об аз реша ба поя гузашта, ба боло ҳаракат мекунад.
Агар ин таҷрибаро идома дода, ба хоки тубаки растании пояаш буридашуда оби ширгарм резем, об бо зудӣ тавассути найчаи шишагин боло баромада, ба берун мерезад. Баръакс, агар оби ҳарораташ ниҳоят хунук рехта шавад, ба боло ҳаракат кардани об қатъ мегардад. Ҳамин тавр, обро ҷаббидани реша ба ҳарорат низ вобаста аст. Реша оби хунукро бад меҷаббад. Аз ин рӯ, ба растанӣ оби хунук до дан мумкин нест.
Чунин ҳодисаро баҳорон ҳангоми буридани шоху навдаи баъзе дарахтон (ток, тӯс, заранг) низ мушоҳида кардан мумкин аст. Чунончи, дар вақти ширадав буридани навдаҳои ток аз онҳо дар муддати чандин рӯз об мерезад, ки ин ҳолат низ аз мавҷудияти фишори решагӣ дарак медиҳад.
Растаниҳо бе об сабзиш ва нашъунамо карда наметавонанд. Зеро тамоми фаъолияти ҳаётии онҳо фақат бо иштироки бевоситаи об мегузарад. Масалан, растаниҳои ғалладонагӣ барои ҳосил кардани як килограмм моддаи хушк тақрибан 300-400 литр обро истифода мебаранд. Хусусан, растаниҳо дар давраи боавҷи нашъуна- мояшон ба об бештар эҳтиёҷ доранд. Дар вақти ба пухтан шурӯъ кардани меваҳо эҳтиёҷи растаниҳо ба об нисбатан кам мешавад. Дар сурати обмонии аз ҳад (меъёр) зиёд меваҳо дер мепазанд. Бар замми ин, ин ҳолат боиси боавҷ сабзидани навдаҳои навбанав мегардад. Ин навдаҳои ҳосилшуда чӯбин шуда натавониста, зимистон онҳоро хунук мезанад.
Зироатҳои сабзавоти ва растаниҳои киштаи бог, гулбоғ, гулзор ва гулгаштҳоро бегоҳирӯзӣ баъди паст шудани шиддати гармии ҳаво об додан айни муддаост. Дар вақти салқинии ҳаво хок намиро хуб- тар ҷаббида мегирад ва об камтар бухор мешавад. Инчунин, ба растанӣ набояд зуд-зуду кам, балки дер-деру бисёр об додан беҳтар аст. Ҳангоми бо обпошак об додани тубаки гул ё палчаҳои наздиҳавлигӣ обпошакро бояд тавре кор фармуд, ки ҷараёни об хокро нашӯяд 36 .
Дар баъзе хоҷагиҳои калони кишо- варзӣ дастгоҳҳои махсуси обпоширо истифода мебаранд. Барои ба қадри
Тавассути таҷриба чӣ тавр метавон исбот кард, ки реша обро аз хок ҷаббида мегирад?кифоя бо об таъмин кардани растаниҳои кишоварзй каналҳои обёрй ва ҳавзу обанборҳо месозанд. Барои ба қадри зарурӣ нигоҳ доштани намии замин ва аз шамолу гармсел ҳифз кардани киштзор ба таври махсус минтақаҳои бешазор бунёд менамоянд.
- Фишори решагӣ чист ва барои растанӣ чӣ аҳамият дорад?
- Чаро ба растаниҳои хонагӣ оби хунук додан мумкин нест?
- Киштзори васеъро чӣ хел обёрӣ мекунанд?
- Барои чӣ минтақаҳои бешазор бунёд мекунанд?