Главная / Илм / Дарахт, бутта, нимбутта

Дарахт, бутта, нимбутта

Растаниҳо бо рангу таровати хоса ва шакли поя, барг, гулу мева, давомнокии ҳаёт ва дигар хусусиятҳояшон аз ҳамдигар фарқ доранд.

Аммо растаниҳои гулдор аз яқдигар ҳар қадар фарқ дошта бошанд ҳам, ҳар кадоми онҳоро ба яке аз се гурӯҳ: гиёҳ, бутта ва дарахт дохил кардан мумкин аст.

Дарахт растании калон буда, танаи чӯбшудаи бисёрсола дорад. Ҳамаи дарахтон пояи асосии чӯбшуда — тана доранд. Шохаҳои бешумори дар он ҷойгиршуда чатри (пайкари) дарахтро 10 ба ву- ҷуд меоваранд.

butta-daraxtШумо зардолу, чормағз, тут, себ, булут, фарк ва чинорро медонед. Дарахтони ҳақиқатан азимҷусса ҳам мавҷуданд, масалан, дарахти нормушк (эвкалипт) беш аз 100 метр қад мекашад.

Бутта аз дарахт бо он фарқ мекунад, ки пояи асоси надорад ва танаи он аз бехашшоха меронад ва онро аз шохаҳо фарқ кардан душвор аст. Бинобар ин бутта на як, балки якчанд танаи алоҳида дорад, ки оттҳо аз бехаш мерӯянд. Буттаҳо хеле мақуланд: зирк, пастарап, қот, ёс, мушол, марҷонбутта, норван ва ғайраҳо.

Нимбуттаҳо ҳам мисли буттаҳо пояи асосӣ надораид ва гапҳо қисми ноёнии пояҳои онҳо биссрсола мебошад. Қисми болоиашоп бошад, яксола буда, он ҳар сол мемирад. Намояндагони ип қабил растаниҳо бештар дар минтақаҳои биёбон, нимбиёбон мерӯянд (явшон, астрагалҳо ва дигарҳо).

Буттаҳое. ки то як метр қад мекашанд, буттачаҳо номида мешаванд. Гиёҳ ё худ алафҳо одатан нояи сабзи сероб доранд. Онҳо нисбат ба буттаву дарахт дида хеле пасттаранд. Аммо гиёҳи муз (банап) то 7 метр баланд мешавад. Баъзе навъҳои валдирғон (куруш) аз қади одам балашггао мешаванд. Гиёҳҳои бисё майла низ мавҷуданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …