Главная / Биология / Аҳамияти растании сабз дар табиат ва ҳаёти инсон

Аҳамияти растании сабз дар табиат ва ҳаёти инсон

Олими барҷастаи рус Климент Аркадевич Тимирязев дар “Ҳаёти растанӣ” ном китобаш дар хусуси аҳамияти растаниҳои сабз дар табиат ва инкишофи ҳаёт дар рӯи Замин ба таври хеле возеҳу фаҳ- мо хитоб кардааст: “Замоне, дар кадом як маҳал нури Офтоб ба Замин афтид, аммо на ба замини бесамар, балки ба як майсаи саб- зи гандум ё аникдараш ба донаи хлорофилл. Нур ба дона бархӯр ду хомӯш шуд, ҳамчун рӯшноӣ барҳам хӯрд, аммо нест нашуд. Вай фақат барои иҷрои кори дохилй сарф шуд…”

rasten

Ҳамин тавр, растании сабз ҳангоми фотосинтез энергияи нури Офтобрс аз худ мекунад ва моддаҳои органикӣ ҳосил карда, оксиген хориҷ мекунад. Растанӣ аз моддаҳои органикӣ ғизо гирифта месабзад, гул мекунад ва дар -он мева ва тухм пухта мерасад. Ҳай- вонот ва одам моддаҳои органикии дар растаниҳо ҳосилшударо ис- теъмол мекунанд. Бе мавҷудияти растаниҳои сабз мавҷудоти зиндаи Замин бе хӯроку ғизо мемонд.

Растаниҳои сабз атмосфераро аз оксиген, ки барои нафасгирии ҳамаи организмҳои зинда зарур аст, бой мегардонанд. Гази карбо- нати ҳаворо фурӯ бурда, ҳаворо тоза мекунанд. То он даме, ки дар рӯи Замин растаниҳои сабз вуҷуд доранд, захираи оксиген тамом намешавад.

Беша, марғзор, дашту доманакӯҳ ва дигар ноҳияҳо бо раста- ниҳояшон маҳалли зисти ҳайвонот мебошанд. Ҳайвонот дар ин маҳалҳо ҳаёт ба сар бурда, хӯрок меёбанд, паноҳ мебаранд ва ба- рои афзоиш шароит пайдо мекунанд. Ба ҳар кадом анбӯҳи набо- тот гурӯҳи муайяни ҳайвонот мувофиқати зистӣ доранд.

Аҳамияти растаниҳои сабз дар ҳаёти инсон беандоза калон аст. Растаниҳо ҳамчун манбаи оксигени ҳаво ва ғизои органикӣ ба ҳисоб рафта, инсонро инчунин бо сӯзишворӣ, масолехи бинокорӣ ва ашёи хоми саноатӣ таъмин мегардонанд. Инсон ҳатто ба сифати сӯзишворӣ боқимондаҳои он растаниҳоеро истифода мебарад, ки ҳазорҳо ва миллионҳо сол пеш нашъунамо доштанд. Масалан, ангиштсанг ва торф.

Хусусан, кӯчаву хиёбонҳо, чорбоғу гулбоғҳо ва гулгаштҳои сабзу хуррамро бе растанӣ тасаввур кардан аз имкон берун аст. Рас- таниҳо чангу гард ва дигар ғубору ғашҳои барои саломатӣ зарар- нокро фурӯ бурда, ҳаворо аз ифлосшавй эмин нигоҳ медоранд.

Растаниҳо намнокии мӯътадили ҳаворо нигоҳ дошта, шиддати ғало- ғулаву шавқунро дар кӯчаҳои шаҳр паст мекунанд, пеши роҳи шамоли сахт ва бӯрони хокбодро мегиранд. Бинобар он, одамон ба шинондани дарахту буттаҳои серсояву зебо ва сарсабз намудани маҳалли худ диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Мутаассифона, манфиати растаниҳоро на ҳама одамон мефаҳ- манд. Одамоне ёфт мешаванд, ки дарахту буттаҳоро мебуранд, гулу гиёҳҳоро поймол мекунанд ва боиси нобудшавии растаниҳо мегарданд. Онҳо фаромӯш мекунанд, ки растаниҳоро нобуд кардан осон, вале онҳоро сабзондану калон кардан хеле душвор аст. Барои ин солҳои зиёд мебояд ранҷ кашид.

  1. Растаниҳои сабз дар табиат чӣ аҳамият доранд?
  2. Ҳайвонот ва одамон моддаҳои органикии барои хӯрокашон заруриро аз куҷо мегиранд?
  3. Кабудизор кардани шаҳру деҳот чӣ аҳамият дорад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …