Главная / Илм / ИБНИ БУТЛОН

ИБНИ БУТЛОН

nophotoИБНИ БУТЛОН (с. тав. номаълум – ваф. 1069, Антокия), Абулҳасан ал-Мухтор ибни ал-Ҳусайн ибни Абдун ибни Саъдуни Бағдодӣ, маъруф ба Ибни Бутлон, табиб ва файласуфи масеҳӣ. Аз мардуми Бағдод буда, дар кишварҳои гуногун саёҳату зиндагӣ кардааст. С. 1049 ба Миср, сипас ба минтақаи Сурия ва Туркия меояд. С. 1054 ӯро барои мудофиаи Рум аз ҳуҷуми лотиниҳо ба Қустантания даъват мекунанд. И. Б. дар охир роҳибӣ ихтиёр карда, дар Антокия дайрнишин ва ба таҳқиқу таълиф машғул мешавад. Дар робита ба тиб китобҳои зеринро таълиф кардааст: «Тақвиму-с-сиҳҳа би-л-асбоби-с-ситта», «Даъвату-л-атиббо», «Китобу-л-мадхал ила-т-тиб», «Кунношу-л-адирати ва-р-руҳбон» (Кунноши дайрҳову роҳибон), «Мақолоту ситтатин муҳимматин фӣ-т тиб», «Вақъату-л-атиббо». Аз ин ҷумла китоби «Тақвиму-с-сиҳҳа»-и ӯ маъруфу машҳур буда, ибт. а. 12 аз тарафи шахси номаълум ба тоҷикӣ тарҷума шудааст.
Ад.: Ал-Мунҷид фӣ-л-луғати ва-л-аълом, Бейрут, 1986; Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 6, Лубнон, 2007.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …