Главная / Биология / Вазифаҳои асосии ҳаёти растаниҳо

Вазифаҳои асосии ҳаёти растаниҳо

Ҳамаи растаниҳо сохти ҳуҷайрагӣ доранд ва онҳо бо ҳамдигар алоқаманданд. Аз ин ҷост, ки вайроншавии сохт ва фаъолияти ҳаётии як узв ба фаъолияти ҳаётии дигар узв бетаъсир намебошад.

botanikaШумо акнун ба бисёр хусусиятҳои муҳими дохилӣ ва берунии растаниҳои гулдор ва ба вазифаю хосиятҳои узвҳо ва бофтаҳое, ки дар равандҳои гуногуни фаъолияти ҳаётии онҳо ширкат меварзанд, шинос шудед. Дар байни ин аломату хосиятҳо, кадоме аз ин равандҳоро ба сифати аломатҳои фавқулодда муҳим ва фақат ба организмҳои зинда хос номгӯй кардан мумкин аст?

Аввало, растаниҳо ғизо мегиранд, яъне онхо аз муҳити беруна моддаҳои муайянро меҷаббанд, онро ҳазм карда, ба моддахои ба ҷисмашон хосбуда табдил медиҳанд.

Дуюм, растаниҳо нафас мекашанд, яъне аз ҳаво (атмосфера) оксигенро (газ) қабул карда, ба берун гази карбонатро хориҷ мекунанд, чӣ тавре ки ин раванд дар одамон ва ҳайвонот мегузарад.

Сеюм, растаниҳо месабзанд, қад мекашанд, яъне ботадриҷ аз ҷиҳати андоза калон мешаванд, узвҳои нав ба нав ҳосил мекунанд 96. Вай инкишоф меёбад: яъне, узв- ҳои нав ба нави ҳосилшуда он узвҳоеро, ки пештар ба вуҷуд омада буданд, айнан дар як қиёс такрор намекунанд. Бо гузашти синну сол (пиршавӣ) шакли барг ва дигар аломатҳо тағйир меёбад ва аз ҳама асосиаш он аст, ки дар растаниҳои гул- дор ба ҷуз узвҳои нашвӣ, инчунин узвҳои афзоишӣ (репродуктивӣ) низ ташаккул меёбанд.

Чорум, растаниҳо афзо- иш мекунанд, яъне монанди дигар организмҳои зинда насл мегузоранд.

Панҷум, растаниҳо қобилияти ба таъсири шароитҳои муҳити бе- руна ҷавоб гардондан ва ба онҳо худро мутобиқ карданро доро ме- бошанд. Масалан, дар шароити камобӣ онҳо масомаҳояшонро маҳ- кам мекунанд, ё ин ки бо наздикшавии фасли зимистон баргҳояшон- ро мепартоянд ва ғайраҳо, Баъзе растаниҳои дигар бошанд, ба ша- роигҳои фавқулодда номусоиди биёбону даштҳои беоб, минтақаҳои хунуки тундра, баландкӯҳҳо ва ғайра мутобиқат пайдо кардаанд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …