Главная / Ҷамъият / НАМОЗИ БОМДОД ва ТАРТИБИ хондани он

НАМОЗИ БОМДОД ва ТАРТИБИ хондани он

ОҒОЗИ НАМОЗ ВА НИЯТ:

1. Баъди анҷом додани вузў рост истода ба сўи Каъба руй овардан зарур аст, пас ният карда мешавад:

«Ният кардам бигузорам 2 ракъат намози суннат ё 2 ракъат намози фарзи бомдоди вақтӣ, ки бар ман аст, рўй овардам ба қибла, қибла ба ҷиҳати Каъба (иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода) холисан ли-л-Лоҳи Таъоло».

Озод истодан зарур аст, нигоҳи чашмонро ба ҷои саҷда равона кунад, пойҳоро дар фосилаи 4 ангушт кушода гузорад.

namozi_1

ТАКБИР ГУФТАН

 2) Баъди ният такбир «Аллоҳу Акбар» мегўяд ва дар як вақт дастҳоро то баробари гўшҳо бардорад. Дар ин ҳолат кафи дастҳо ба сўи Каъба нигаронида мешавад. Сипас даст-ҳоро болои шикам зери ноф мегузорад.

Ҳангоми такбир гуфтан занон дастҳоро то баробари китф-ҳо мебардоранд, сипас онҳоро бар сина мегузоранд.

namozi_2

ҚИЁМ ВА ҚИРОАТ (рост истодан ва Қуръон хондан)

 3) Баъди такбир гуфтан дасти ростро болои дасти чап ме-гузорад, бо нарангушт ва ангушти хурд банди дасти чапро медорад.

Баъди такбир гуфтан занон дастони чапу ростро бар сина мегузоранд.

4) Баъди дастонро болои ҳам гузоштан бо овози паст дуои тасбеҳ «Субҳонака» мегўяд: «Субҳонака Аллоҳумма ва би ҳамдика ва таборака-смука ва таъоло ҷаддука ва лоилоҳа ғайрук».

 5) Пас аз он сураи «ал-Фотиҳа»-ро қироат мекунад:

Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин, арроҳманирроҳим. Молики явмиддин. Ийёка наъбду ва ийёка насстаъин, иҳдиснас сиротал мустақима, сиротал лазина анъамта ъалайҳим, ғайрил мағзуби ъалайҳим валазоллин. Омин. 

 6. Баъди сураи «ал-Фотиҳа» ягон сураи кўтоҳ бихонад. Масалан, сураи «Кавсар»

РУКЎЪ

 7) Баъди қироати Қуръон (хондани сураи «ал-Фотиҳа» ва сураи хурд) гўяд: «Аллоҳу Акбар» ва миёнро тақрибан 90° хам карда ба рукўъ меравад. Дар рукўъ сар ва миён дар як сатҳ қарор мегиранд. Пушт рост карда мешавад. Нигоҳ ба нўги ангуштони пой равона карда мешавад. Оринҷҳо рост мешаванд. Зонуҳоро бо ангуштони дастҳо медорад. Зонуҳо рост карда мешаванд. Дар ҳолати рукўъ «Субҳона Раббия-л-азим» гуфта мешавад. Ин тасбеҳ 3 ё 5 ё 7 бор гуфта мешавад.

namozi_3

Занҳо дар рукўъ баданашонро камтар тақрибан 45° хам мекунанд, дастҳоро болои зонуҳо мегузоранд. Пойҳоро аз сари зону ва дастҳоро дар оринҷ андак хам мекунанд.

Қиём: Ҳолати оромӣ баъди аз рукўъ рост шудан аст.

namozi_4

8) Ҳангоми аз рукўъ рост шудан «Самиъа-л-Лоҳу ли ман ҳамидаҳ» ва баъди рост шудан «Раббано лака-л-ҳамд» гуфта мешавад. Сипас баъди лаҳзае дар оромӣ будан «Аллоҳу Акбар» мегўяд ва ба саҷда – таъзими заминӣ меравад.

САҶДА

9) Ҳангоми саҷда кардан паиҳам зонуҳо, сипас панҷаи дастон, пас аз он пешонӣ ва бинӣ ба замин поин карда мешавад. Дар саҷда ангуштони дастҳо ба ҳам ҷамъ карда мешавад ва баробари рўй воқеъ аст. Пойҳо низ ба ҳам ҷамъ карда мешавад, нўги ангуштон бошад аз замин канда намешавад. Ангуштони дастҳо ва пойҳо ба сўи Каъба нигаронида мешавад. Шикам ба зону расони да намешавад, оринчхо ба замин ва шикам расонида намешавад.

namozi_5

Занон дар саҷда оринҷ-ҳояшонро ба замин мегу-зоранд ва онҳоро ба бада-ни худ мечаспонанд.

namozi_6

Дар саҷда се бор «Суб-ҳона Раббия-л-аъло» гўянд.

10) Сипас «Аллоҳу Акбар» гуфта бинишинад. Ин нишаст-ро ҷалса мегўянд. Дар ҷалса бояд болои пои чап, ки нўгҳояш ба тарафи рост нигаронида аст, бишинад. Ангуштони пои рост ба замин зер карда шуда, ба пеш нигаронида мешавад. Дастҳо дар болои ронҳо гузошта мешавад. Дар ҳолати ҷалса будан аз рўи муддат ба вақте баробар аст, ки он барои гуф-тани такбир «Аллоҳу Акбар» кифоят мекунад.

namozi_7

Занон дар саҷда пойҳоро ба ҷониби рост берун кашида нишинанд. Сипас «Аллоҳу Акбар» гуфта, ба саҷдаи дуюм мераванд. Ва боз дар саҷда се бор «Субҳона Раббия-л-аъло» гуфтан зарур аст.

РАКЪАТИ ДУЮМ

11) «Аллоҳу Акбар» гўён (паиҳам пешонӣ, дастон ва оринҷҳоро аз замин бардошта) ва бе нишастан барои ракъати дуюм бархезад. Дастҳоро дар зери ноф гузошта ба қиём бархезад. Бо ҳамин ракъати якуми намози саҳарӣ анҷом меёбад ва Ракъати Дуюм сар мешавад.

ҚИЁМ ВА ҚИРОАТ дар Ракъати Дуюм

Дар ракъати дуюм дуои «Субҳонака» хонда намешавад. Баъд аз он ки дастҳоро (зери ноф) мениҳад, (бо овози паст) «Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим» мегўяд ва сураи «ал Фотиҳа», баъди он сураи хурд ё 3 оятро қироат мекунад.

Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин, арроҳманирроҳим. Молики явмиддин. Ийёка наъбду ва ийёка насстаъин, иҳдиснас сиротал мустақима, сиротал лазина анъамта ъалайҳим, ғайрил мағзуби ъалайҳим валазоллин. Омин.

СУРАИ ИХЛОС: «Қул ҳува-л-Лоҳу Аҳад. Аллоҳу самад. Лам йалид ва лам йулад. Ва лам якун лаҳу куфуван аҳад». 

 РУКЎЪ

12) Сипас «Аллоҳу Акбар» гўён ба рукўъ биравад. Дар рукўъ се бор «Субҳона Раббия-л-азим» гуфта мешавад. Пас аз он «Самиъа-л-Лоҳу ли ман ҳамидаҳ» гуфта, аз рукўъ рост мешавад. «Раббано лака-л-ҳамд» ва «Аллоҳу Акбар» гуфта ба саҷда биравад.

namozi_8

Занон дар рукўъ миёни худро андак хам мекунанд. Ангуштони дастонро ба ҳам ҷамъ мекунанд ва бар зонуҳо мегузоранд. Зонуҳо ва оринҷҳо андаке хам мешаванд.

САҶДА

13) Дар саҷда се бор «Субҳона Раббия-л-аъло» бигўяд, рост бишавад ва «Аллоҳу Акбар» гуфта бишинад. Сипас боз «Аллоҳу Акбар» гуфта ба саҷдаи дуюм биравад. Се бор «Субҳона Раббия-л-аъло» бигўяд.

namozi_9

Занон дар саҷда оринҷҳояшонро ба замин бигузоранд ва онҳоро ба бадани худ бичаспонанд.

НИШАСТАН БАРОИ ТАҲИЙЁТ

«Аллоҳу Акбар» гўён аз саҷда фориғ гардад ва бишинад. Ин ҳолатро «қаъдаи ахира» – «нишасти ниҳоӣ» гўянд. Мардон болои пои чап, ки нўгҳояш ба тарафи рост нигаронида аст, бишинанд, пои ростро ба замин зер кунанд, ангуштони пой ба ҷониби Каъба нигаронида мешавад. Дастонро дар ҳоле, ки ангуштон андаке кушода ҳастанд, болои ронҳо бигузорад. Нигоҳ ба сари зонуҳо нигаронида мешавад. Дар ин ҳолат дуои «ат-Таҳийёт» бихонад.

Занон андаке ба тарзи дигар ва озодтар менишинанд. Дар тарафи чап пойҳои қатъ кардашударо ба ҷониби рост берун кашида нишастан зарур аст. Ангуштони дастҳо ҷамъ буда, ба болои ронҳо гузошта мешаванд.

 namozi_10

Дуои «ат-Таҳиййот»:

«Ат-таҳиййоту ли-л-Лоҳи ва-салавоту ва-т-таййибот, ассалому алайка айюҳа-н-набию ва раҳмату-л-Лоҳи ва баракотуҳ, ассалому алайно ва ало ибоди-л-Лоҳи-с-со-лиҳин. Ашҳаду ан ло илоҳа илло-л-Лоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳ».

Дар нишасти ниҳоӣ (қаъдаи ахир) баъд аз дуои «ат-Таҳиййот» салавоти «Аллоҳумма салли», «Аллоҳумма борик» ва дуои «Аллоҳумма-ғфир» хонда мешавад.

«Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва ало Оли Муҳаммадин, камо саллайта ало Иброҳима ва ало Оли Иброҳима, иннака ҳамидун маҷид».

«Аллоҳумма борик ало Муҳаммадин ва ало Оли Муҳаммадин, камо боракта ало Иброҳима ва ало Оли Иброҳима, иннака ҳамидун маҷид».

«Аллоҳумма-ғфир лӣ ва ли волидайя ва ли устозия ва ли ҷамиъи-л-мўъминина ва-л-мўъминот ва-л-мусли-мина ва-л-муслимот, ал-аҳёу минҳум ва-л-амвот».

15) Баъди хондани ин дуоҳо рўй ба тарафи рост бигардонад, нигоҳ ба сари китфи рост нигаронида шавад ва «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ» бигўяд. Пас аз он рўйро ба тарафи чап гардонида, ба ҷониби китфи чап нигоҳ андўзад ва ҳамчунин «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ» бигўяд.

namozi_11

Ҳамин тавр, суннат ва фарзи намози саҳарӣ анҷом меёбад. Баъди намози фарз, чӣ тавре ки Пайгамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, фармудааст, се бор «Астағфиру-л-Лоҳа-л-азим» бигўяд, ки чунин маъно дорад: «Бор Худоё! Аз Ту омурзиши гуноҳҳои худамро металабам».

Дуо ва тасбеҳҳое, ки баъди намоз хонда мешавад:

Аллоҳумм а Анта-с-салому ва минка-с-салому. Таборакта ё Зо-л-ӣалоли ва-л-икром.

Ало расулино салавот.

(Аллоҳумма салли ало саййидино Муҳаммадин ва ало оли саййидино Муҳаммад). Дар дил бихонад.

Субҳона-л-Лоҳ, ва-л-ҳамду ли-л-Лоҳ ва ло илоҳа илло-л-Лоҳу ва-л-Лоҳу Акбар. Ва ло ҳавла ва ло ққуввата илло би-л-Лоҳи-л-алиййи-л-азим.

Баъди ин бигўяд: «Аъузу би-л-Лоҳи мина-ш-шайтони-р-раӣим. Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим» ва ояти «ал-

Курсҳ»-ро бихонад. Пас аз он тасбеҳҳои зерин хонда мешавад:

Тасбеҳҳо Маънои онҳо
Субҳона-л-Лоҳ (33 бор) Ҳамду сано Аллоҳро
Ал-ҳамду ли-л-Лоҳ (33 бор) Ситоиш Аллоҳро
Аллоҳу Акбар (33 бор) Аллоҳ Бузург аст

Аллоҳу Акбар. Ло илоҳа илло-л-Лоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ. Лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамду ва Ҳува ало кулли шайъин қадир.

Дуое, ки баъди намоз хонда мешавад

Аъузу би-л-Лоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим. Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим.

Ба номи Худои Бузург, ки Меҳрубони ҳамагон дар ин дунё ва танҳо Меҳрубони мўъминон дар Рўзи ҷазо аст.

Ситоиш Худойро, Парвардигори оламиён аст! Дуруд мефиристам ба пайғамбар Муҳаммад, салла-л-Лоҳу алайҳи ва  саллам, хонадони ў ва пайравони ў!

Мо танҳо ба Худо ҳамду сано мегўем, Танҳо аз Ў ёрӣ, ҳимоя ва омурзиш металабем. Ба дурустӣ, танҳо Ў Омурзанда аст ва танҳо Ў дар Рўзи ҷазо касонеро, ки ба Ў бовар дош-танд, ҳимоя мекунад.

Бор Худоё! Тоату ибодати моро, агарчи онҳо пур аз нуқсонанд, қабул фармо.

Бор Худоё! Гуноҳони Моро био-мурз, ба мо меҳрубон бош, моро насиби ҷаннат рўзӣ гардон, моро аз оташи Дўзах паноҳ деҳ.

Бор Худоё! Барои мо корҳоеро, ки ризои Ту дар он аст, осон бигардон.

Бор Худоё! Ба ислому мусулмо-нон ёрӣ деҳ!

Бор Худоё! Моро аз нобоварӣ, бисёрхудоӣ, нодорӣ ва азоби гўр нигоҳ дор.

Бор Худоё! Ба мо умри дароз, илми боманфиат, офияти ин дунё ва хушбахтии охират рўзӣ бигардон.

(Дар ин лаҳзаҳо мо аз Парвардигор бо дуо чизҳоеро талаб мекунем, ки барои мо зарур аст).

Бор Худоё! Дар Рўзи ҷазо ба ман, ба модари ман, ба падари ман ва ба ҳамаи мусулмонон Меҳрубон бош, эй Худои Бахшояндаи Меҳрубон!

Омин! Омин! Ё Раббу-л-оламин! Дуои маро бипазир, бенасиб нагардон!

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

shariat

ШАРИАТ – МАҶМЎИ ҚОНУНҲОИ ИСЛОМӢ

Шариат чист? ШАРИАТ маънии роҳи дуруст, қонун, маҷмўи қоидаҳоро, ки иҷрояшон ҳатмӣ аст, дорад. Он …