Главная / Биология / Сабзиши тухми растанӣ

Сабзиши тухми растанӣ

Тухми ҷанинаш зиндаву солим метавонад сабзида, нашъунамо кунад ва растании навро ба вуҷуд оварад. Дар баъзе ҳолатҳо аз осеби ҳашаротҳои зараррасон, мағорбандӣ ё дар натиҷаи миқдори зиёди обашро гум кардан ва сабабҳои дигар ҷанин нобуд мегардад. Инчунин, ҷанин дар натиҷаи солҳои дуру дароз нигоҳ дош- тани тухмӣ низ нобуд мешавад. Нобуд шудани тухмӣ боиси қоби- лияти сабзишашро гум кардани тухм мегардад.

Дар шароити барои сабзиш мувофиқ тухм (дон) пеш аз ҳама обро ҷаббида варам мекунад. Дар ин ваъзият тухмҳои варамидаи ғайри қобили сабзиш одатан мепӯсанд, тухмҳои ҷанинашон солиму қоби- ли сабзишбуда неш зада месабзанд.

%d0%b5%d0%b3%d1%87%d1%8c%d1%88-%d0%ba%d1%84%d1%8b%d0%b5%d1%84%d1%82%d1%88

Масалан, ҳангоми нешза- нии дони лӯбиё пӯсташ кафида, аз решачаи ҷанини инкишофёфта решаи асосӣ (ҷавон) пайдо мешавад. Вай зуд сабзида дар замин мустаҳкам мегардад. Сипас, поячаи ҷанин бо авҷ сабзида, тухмпалла ва муғҷаро ба рӯи хок мебарорад. Аз онҳо пояи асосӣ ва баргҳои лӯбиё инкишоф меёбанд. Тухмпаллаи нахӯд ва баъзе растаниҳои дигар бошад, ба берун набаромада дар зери хок мемонад. Появу барги онҳо одатан аз муғҷачаи ҷанин ташаккул меёбанд.

Барои фаҳмидани он, ки кадом шароитҳо ба сабзиши ҷанин (ё тухм) мусоидат мекунанд, таҷрибаҳо кӯмак мерасонанд.

Ду зарфи шишагини стакани якхеларо гирифта, ба ҳар кадоми онҳо ба микдори баробар дони (тухми) босифагу қобили сабзиш- будаи гандум, нахӯд, ҷав ё ҷуворимаккаро меандозанд. Тухми ста- кани якумро хушк гузошта, ба дохили стакани дуюм каме об илова мекунанд. Ҳар ду стаканро бо лавҳачаи шишагин пӯшонида, ба ҷои гарм мегузоранд. Дар стакани якуми беоб тухм тагйир намеёбад.

Дар стакани дуюми обдор пас аз 3-4 рӯз тухмҳои гузошташуда неш мезананд.

tuxmii-rastaniҲамин тавр, барои сабзиши тухм (дон) об ҳатман зарур аст. Зеро ҷанини сабзидаистода моддаҳои ғизоии таркиби донро метавонад фақат дар шакли маҳлули обиашон истифода барад. Барои сабзи- ши тухми растаниҳои гуногун ба микдори гуногун об лозим аст. Масалан, дони нахӯд (ё мушунг) назар ба вазнаш тақрибан якуним маротиба зиёдтар об меҷаббад. Бинобар он тухми нахӯд ва раста- ниҳои ба об зиёдтар эҳтиёҷдоштаро пеш аз кишт тар мекунанд. Тухми ҷуворимакка баробари нисфи вазнаш об талаб мекунад, аммо барои арзан барин растании хушкитобовар об фақат баро- бари чоряки вазнаш лозим аст.

Барои гузаронидани таҷрибаи дуюм боз ба ду стакан каме дони ҷавдор, гандум ё ҷав меандозанд. Ба стакани якум аз сатҳи тухм хеле баланд об мерезанд. Тухми стакани дуюмро фақат тар мекунанд. Да- ҳони стаканҳоро бо лавҳачаи шишагин пӯшида, ба ҷои гарм мегузо- ранд. Дони дар стакани обаш камбуда пас аз 3-4 рӯз неш мезанад. Дони стакани пуроб бошад, фақат варам мекунад ва насабзида нобуд ме- гардад, чунки оби стакани пуроб ҳаворо (оксигени ҳаворо), ки ба- рои нафаскалши тухм ҳатмаи зарур аст, фушурда баровардааст.

Умуман, тухми растаниҳои гуногун ба ҳаво эҳтиёҷи гуногун дорад. Масалан, дони шолӣ ва арзанак дар шароити хеле кам будани ҳаво, ҳатто дар зери об метавонад саб- занд. Вале тухми аксари растаниҳои гулдор нисбати оксигени ҳаво сер- талаб буда, дар муҳити обӣ сабзи- да наметавонад.

Барои таҷрибаи сеюм бошад, боз ду стаканро гирифта, ба онҳо тухми нахӯд, лӯбиё ё гандумро ба микдо- ри баробар дохил мекунем. Тухмҳои ҳар ду стаканро тар карда, онҳоро бо лавҳачаи шишагин мепӯшонем. Сипас, яке аз стаканҳоро дар чои нисбатан гарм, дигарашро дар ҷои хунук (масалан, дар яхдон ё зери барф) нигоҳ медорем. Вақте ки дони стакани ҷои гарм сабзид, онро бо дони ба ҷои хунук гузоштаамон муқоиса мекунем. Мушоҳида нишон медиҳад, ки тухм дар шароити  хунукӣ неш назадааст.

Ҳамин тариқ, барои сабзидани тухм се шароит: об, ҳаво ва гармӣ беҳад зарур аст. Агар яке аз ин шароитҳо ба таври қаноат- бахш (кифоякунанда) набошад, тухм ба сабзиш шурӯъ намекунад. Масалан, агар об ва ҳаво кифоя бошаду гармӣ нарасад, тухм на- месабзад ва оқибат нобуд мешавад. Вале тухми баъзе растаниҳо, чунончи, дони чавдор ҳатто ҳангоми як дараҷа будани гармӣ (ҳаро- рат) ҳам сабзида метавонад. Тухми аксари растаниҳо ҳангоми 10- 15 дараҷа ва ё зиёдтар будани гармӣ хубтар месабзанд 24 .

  1. Барои сабзидани тухми растаниҳо кадом шароитҳо ҳатман заруранд?
  2. Чаро тухми хушк намесабзад?
  3. Чаро тухмиро ба замини нам бояд кишт?
  4. Дар кадом ҳарорат тухм хубтар месабзад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …