Главная / Биология / Сохти ҳуҷайраи растанӣ

Сохти ҳуҷайраи растанӣ

Тамоми организмҳои зинда, аз он ҷумла растаниҳо, аз ҳуҷайраҳои андозаашон хеле хурд, ки бо чашми оддӣ дида намешаванд, иборатанд. Ҳуҷайра ва сохти ҳуҷайрагии организмҳоро дидан фақат бо туфайли такмилу сайқал ёфтани санъати шишасозӣ имконпазир гардид.

Барои ба сохти ҳуҷайраи растанӣ шинос шудан препарати пардаи тунуку нафиси мағзи пиёзро тайёр кунед. Барои ин пӯсти хушки пиёзро аз мағзаш дур карда, бо теғи тез як порча пӯст ё пардаи тунуку шаффоферо, ки мағзи сафеди пиёзро пӯшонидааст, ҷудо намоед.

Бо қатрарез ё қаламчаи шишагин ба рӯи шишаи ашёгузор як-ду қатра оби соф чакконда, пардаи аз пиёз чудокардаатонро ба он гузоред. Барои он ки пардаи пиёз нағз паҳн шавад, онро дар қатраи об бо нӯги сӯзан эҳтиёткорона ҳамвор кардан лозим аст. Ба об як қатра маҳлули йод ҳамрох карда, пардаи пиёзро бо шишаи тунуки рӯйпӯш пӯшонед. Чунин препарати тайёр, яъне пардаи пиёзро ба мизчаи ашёгузори микроскоп ниҳода, дидан мумкин аст 14 .

Тарзи тайёр кардани микропрепа- рат (ашё)-и пардаи пиёзДар зери микроскоп ҳуҷайраҳои пардаи пиёз дарозрӯя менамоянд ва ба ҳамдигар ҷафс ҷой гирифтаанд . Ҳар кадом ҳуҷайра аз берун бо лифофаи (ҷилди) шаффоф пӯшонида шудааст ва дар ҷо-ҷои он сӯрохиҳои бағоят хурдмасомаҳо ба назар мерасанд. Ҳуҷайраи растаниҳо ба пуфакҳое монанданд, ки холигиаш бо моддаи зиндаи ҳаётан заруру беранги часпак (ғализ) — ситоплазма пур шудааст. Ситоплазма тамоми хосиятҳои организми зиндаро доро буда, қобили ғизогирӣ, расиш, нафаскашӣ, ҳаракат ва афзоиш мебошад. Ситоплазма оҳиста бомаром ҳаракат мекунад. Вай ҳангоми сахт гарм кардан ё ях бастан вайрон шуда хуҷайрааш нобуд мешавад.

Сохти ҳуҷайраи пардаи пиёз

Дар ситоплазма ҷисмчаи таркибаш хеле ғафсу ғализ (зич) – ядро ҷой гирифтааст. Дар ядро ядрочаро дидан мумкин аст. Бо ёрии микроскопи электронӣ муқаррар кардаанд, ки сохти ядрои ҳуҷайра ниҳоят мураккаб мебошад.

Қариб дар ҳамаи ҳуҷайраҳои растанӣ, хусусан, дар ҳуҷайраҳои нисбатан пир ковокӣ ё холигӣ — вакуолаҳо мавҷуданд. Онҳо аз шираи ҳуҷайра пур мебошанд. Шираи ҳуҷайра маҳлулест, ки дар он қанд ва дигар моддаҳои органикию ғайриорганикӣ ҳал шудаанд.

Дар шираи баъзе ҳуҷайраҳо моддаҳои гуногуни рангдеҳ низ буданашон мумкин аст, ки ба гулбарг ва дигар узвҳои растаиӣ ранги кабуд, бунафш ва гулобӣ мебахшанд. Баъзан миқдори шираи ҳуҷайра дар вакуола чунон бисёр мешавад, ки ситоплазмаро ба девори лифофа ҷафс гардонда, гӯё тамоми ҳуҷайраро як вакуолаи калон ишғол мекунад. Ҳуҷайраҳои меваи пухта ва узвҳои серобу сермағзи растанӣ сершира мешаванд. Ҳангоми буридан ё ҷароҳат ёфта- ни меваи пухта ё ягон узви дигари сероби растанӣ лифофаи ҳуҷайра осеб меёбад ва аз вакуолаи он шира ҷорӣ мегардад.

Дар ситоплазмаи хуҷайраи растанӣ ҷисмчаҳои дигар – пластид- Ҳо мавҷуданд. Миқдори пластиди ҳуҷайраи узвҳои гуногуни растанӣ ҳархела буда, онҳо дар зери асбобҳои калонкунанда нағз намудор мешаванд.

Дар растаниҳои гулдор пластидҳои рангашон сабз, зард ё норинҷӣ ва беранг дида мешаванд. Пластидҳои ҳуҷайраи пиёз беранганд. Ранги ин ё он узви растанӣ ба ранги пластидҳо ва моддаҳои рангдеҳи шираи ҳуҷайра вобаста аст. Пластидҳои сабзро хлоропластҳо меноманд ва ранги сабзи барги растаниҳо одатан ба мавҷудияти онҳо вобаста аст.

Ранг, шакл ва андозаи ҳуҷайраҳои узвҳои ҳархелаи растанӣ хеле гуногун мешаванд.

  1. Препарати пардаи пиёзро чӣ тавр тайёр мекунанд?
  2. Сохти ҳуҷайра чӣ гуна аст?
  3. Ранги кадом узвҳои растанӣ ба моддаҳои рангдеҳи пластидҳо вобаста аст?
  4. Пластидҳо аз рӯи рангашон чӣ хел мешаванд?
  5. Шираи ҳуҷайра дар куҷо ҷойгир шудааст ва он чиҳо дорад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …