Главная / Илм / Паҳншавии мева ва тухм

Паҳншавии мева ва тухм

Дар аксари ҳолатҳо мева ва тухми растаниҳо ба ҷойҳои хеле дур паҳн мешаванд. Сабаб он аст, ки мева ва тухми як гурӯҳи муайяни растаниҳо барои бо шамол паҳн шудан мутобиқат пайдо кардаанд. Гурӯҳи дигари онҳо бошад, маҳз тавассути одам, ҳайвонот ва об паҳн мегардад. Меваи пухтаи баъзе растаниҳо, масалан, ақоқиёи зард ва ҳанзал тухмашонро ба берун пош медиҳанд.

Шамол тухмҳои сафедорро, ки бо пати сафед пӯшидааст, ба ма-софаҳои дур парронда мебарад. Тухми қоқу ва бедро, ки “парашютчаҳо” доранд, шамол ба ҳар ҷониб мебарад.

meva-tuxm

Меваи фарк, ки аз ду паллаи болмонанд иборат аст, ҳангоми аз шохи дарахт афтиданаш болҳои он дар ҳаво босуръат чарх мезанад ва аз ин рӯ вай дуру дарозтар дар ҳаво нигоҳ дошта шуда, шамол онҳоро аз дарахт хеле дур бурданаш мумкин аст.

Бо пухтани меваашон баъзе растаниҳои дашту биёбон хушк мешаванд. Аз ин рӯ, шамол пояи шоху мевадори онҳоро шикаста рӯрӯи замин ғелонида ба ҳар тараф мебарад ва бо ин восита тухми онҳо ба замин мерезад. Ҳамин тавр, растаниҳои бо шамол паҳншаванда бисёр хусусиятҳои мутобиқатӣ доранд.

Бо ёрии об ҳам меваю тухми растаниҳои обӣ ва баъзе растаниҳои рӯизаминӣ паҳн мешаванд. Об меваи афтодаи дарахти роздор ё хашнак (олха)-ро, ки бештар дар соҳили дарёҳо месабзад, ба ҷойҳои хеле дур мебарад. Меваи дарахти норгил (норҷил)-ро оби баҳр мумкин аст аз як ҷазира ба ҷазираи дигар барад.

Тухм ва меваи бисёр растаниҳоро одатан одамон ва ҳайвонот беихтиер паҳн мекунанд. Масалан, “сабадак”-и мушхор бо меваҳои пухтааш ба пашми ҳайвонот ё либоси одамон часпида, аз растанӣ хеле дур бурда мешавад.

Дар лаби наҳр, наздикии ҳавзу дарёҳо алафи бегонаи хори сагак (гармалаф) мерӯяд. Меваашро, ки донакчаи хордор аст, дандонаҳол чангакшакл пӯшидаанд. Агар аз анбӯҳи хори сагак ягон ҳайвон ё одам гузарад, меваҳои майдаи серхори он ба пашм ё либос чунон сахт мечаспанд, ки маҷбур мешавед, онҳоро бо даст чида партоед.

Тухми меваҳои сершираи ғубайро, ангури сагак, марҷонбутта, хуланг, мӯрди ҷангалӣ, маҳлаби русӣ, гули ливондарро ҳайвонот, хусусан паррандаҳо паҳн мекунанд. Паррандаҳо ин меваҳоро хӯрда, аз як ҷо ба ҷои дигар мепарранд ва тухми осебнадидаи онҳоро бо саргин (пехол) ихроҷ мекунанд.

Меваю гухмҳои баъзе растаниҳо тасодуфан бо роҳи ғайриоддӣ паҳн мегарданд. Онҳо ба қанору тойҳои бор часпида андармон мешаванд ва тавассути роҳҳои обию ҳавоӣ ба ҷойҳои тамоман дур бурда шуда, маҳалли нави зист пайдо мекунанд. Масалан, барги зулфро, ки дар пайроҳаву роҳҳо гиёҳи муқаррарист, як замоне аз Аврупо ба Амрико ҳамин тавр бурда буданд. Сокинони аслии Амрико — ҳиндуҳо барги зулфро “изи сафедпӯстон” мегӯянд.

Дар бисёр растаниҳо метавон пошхӯрии тухмро мушоҳида кард. Масалан, тобистон, дар рӯзҳои офтобӣ агар аз назди буттаи ақоқиёи зард гузар кунед, садои қирс-қирс ба гӯш мерасад. Ин кафидани меваҳои пухта ва пош хӯрдани тухми онҳост.

Кӯсаки нахӯд ва лӯбиё ҳам баъди пухтан тухмашонро пош медиҳанд. Бинобар он, ҳосили ин зироатҳоро пеш аз пурра хушкиданашон меғундоранд. Вагарна онҳо кушода шуда, тухмашон мерезад ва ҳосил талаф мегардад.

  1. Меваҳое, ки бо туфайли шамол паҳн мешаванд, чӣ гуна аломатҳои мутобиқатӣ доранд?
  2. Тухми кадом растаниҳоро одам, ҳайвон ва паррандаҳо паҳн мекунанд?
  3. Тухми кадом растаниҳо худ аз худ пош мехӯрад?
  4. Меваю тухми кадом растаниҳо тавассути об паҳн мешаванд?

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …