Главная / Биология / Сохти дарунии пояи дарахт

Сохти дарунии пояи дарахт

Ҷузъҳои буриши кӯндаланги ягон шохча, ғӯла ё кундаи дарахтеро, ки ба наздикӣ буридаанд, аз назар мегузаронем. Дар сатҳи ҷузъи буриш ё аррашудаи ғӯла се қабат фарқ карда мешавад. Қабати берунии сиёҳтобу нисбатан тунукро пӯстлох мегӯянд. Вай аз бофтаҳои гуногуне, ки қабатқабат ҷойгиранд, иборат аст. Қабати сахте, ки аз ҳама сербар буда, дар зери пӯстлох ҷой гирифтааст, чӯб мебошад. Дар миёнаи чӯб дила (дилак) ҷойгир шудааст ва нағз намудор аст. Дилаи чӯби ларзонбед, марҷонбутта ва баъзе растаниҳои дигар нарм буда, дилаи чӯби тӯс ва булут хеле сахт аст ва ҳудуди байни чӯбу онро дидан душвор аст.

aroniya-chernoplodnaya-sorta_28Ҷузъи буриши кӯндаланги шохчаи сесолаи зирфунро дар зери микроскоп аз назар мегузаронем.

Дар зери қабати пӯст ҳуҷайраҳои пӯк ҷойгир аст. Пӯст ва пӯк аз бофтаи пӯшиш ташаккул ёфтаанд. Онҳо ҳуҷайраҳои нисбатан чуқурҷойгиршудаи пояро аз бисёр бухор шудани об, осеббинӣ ва аз дохилшавии гарду чанг ва микроорганизмхои касалангез муҳо- физат мекунанд.

Дар пӯсти поя масомаҳо ҳастанд, ки тавассути онҳо мубодилаи газ ба амал меояд. Дар пӯк лӯндачаҳои сӯрохдор “наскдонаҳо” инки- шоф меёбанд. Наскдонаҳо низ дар мубодилаи газӣ иштирок мекунанд.

Дар баъзе дарахтон (масалан, дарахти пӯкбулут) қабати пӯк хеле гафс мешавад. Дар хоҷагӣ пӯки дарахти пӯкбулутро ба мақсадҳои гуногун истифода мебаранд.

Дар зери қабати пӯк ҳуҷайраҳои пӯстлохи ибтидоӣ ва аз он чуқуртар лиф ҷой гирифтааст 6С- Лиф аз найчаҳои элакшакл ва нахҳои деворгафси лифӣ иборат аст. Нахи лиф пояро чандир ва мустаҳкам мекунад. Вай аз хуҷайраҳои дарозрӯяе, ки моддаҳои дохилиашон вайрон ва ҷилдашон чӯб шудааст, иборат буда, бофтаи ме ханикиро (собити пояро) ба вуҷуд меорад. Хусусан нахи лифи зағирпоя, зирфун ва баъзе дигар растаниҳо хеле хуб инкишоф ёфтааст. Онҳо хеле мустаҳкам буда, аз нахи лифи зағирпоя суф ва аз нахи лифи зирфун дастмол ва чип- та тайёр мекунанд.

Дар зери лиф чӯб ҷой гирифтааст. Агар ба сатҳи чӯбе, ки нав пӯст канда шудааст, даст расонед. тарӣ ва лағжонакии онро ҳис мекунед. Зеро дар байни пӯстлох ва чӯб камбий ҷойгир шудааст.

Камбий аз ҳуҷайраҳои борику дарози бофтаи ҳосилкунанда иборат буда, ҷилди ниҳоят нафис дорад. Вай бо чашми оддӣ дида на- мешавад. Вале дар вақти кандани пӯстлох ҳуҷайраҳои камбий дарида, шираи ҳуҷайраҳои он шорида, сатҳи Расми 66. Ҷузъи буриши кундаланги

Дар фаслҳои баҳору тобистон ҳуҷайраҳои камбий боавҷ тақсим мешаванд. Дар натиҷа дар ду тарафи камбий қабатҳои нави ҳуҷайраҳо ҳосил мешаванд. Ҳуҷайраҳои дар тарафи пӯстлох ғунгардида хуҷайраҳои нави лиф- ро ва ҳуҷайраҳои дар тарафи чӯб ҷамъомада ҳуҷайраҳои нави чӯбро ташкил медиҳанд. Ҳамин тавр, ғафсшавии поя ба амал мео- яд. Бинобар он, камбийро бофтаи бавуҷудоваранда мегӯянд.

Чӯб қисми асосии пояи дарахт аст. Вай аз ҳуҷайраҳои шаклу ан- дозаашон гуногун ҳосил шудааст.

Пардаи (ҷилди) бисёр ҳуҷайраҳои чӯб ғафс шуда, моддаҳоеро дар бар гирифтааст, ки онҳо ба он мустаҳкамӣ мебахшанд. Дар қисми чӯб инчунин рагҳои найчамонанди дароз дохиланд.

Дила аз бофтаи нарм иборат буда, аз ҳуҷайраҳои калони парда- ашон нафис иборат аст. Дар он моддаҳои ғизоӣ захира мешаванд.

  1. Сохти танаи дарахт ё бутта чӣ гуна аст?
  2. Пӯст ва пӯк чӣ аҳамият доранд?
  3. Лиф аз чӣ хел ҳуҷайраҳо иборат аст?
  4. Камбий чист ва дар куҷо ҷойгир шудааст?
  5. Ҳуҷайраҳои дилак аз ҳуҷайраҳои дигар қабатҳои поя чӣ фарқ доранд?
  6. Дар буриши кӯндалангии поя кадом қабатҳо фарқ карда мешаванд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …