Главная / Биология / Роҳҳои ҳаракати моддаҳо дар растанӣ

Роҳҳои ҳаракати моддаҳо дар растанӣ

Моддаҳое, ки дар натиҷаи ин ё он ҳодиса (раванд) ҳосил шуда- анд, дар як ҷой қарор намегиранд. Онҳо пеш аз ҳама дар дохили (тавассути) ҳуҷайра ҳаракат карда, аз як ҷузъи (органоици) ҳуҷай- ра ба дигараш, аз ситоплазма ба пластид ва ё ба ҷониби қисмҳои дарсабзишбудаи ҷилди ҳуҷайра (масалан, ҳангоми ҳосил шудани мӯякрешаҳо) ҳаракат мекунанд. Чунин ҳаракати дохилиҳуҷайраги- ро ҳаракати худи ситоплазма сабаб мешавад.

pic107Моддаҳо дар организми растаниҳо аз як ҳуҷайра ба ҳуҷайраи дигар ҳаракат мекунанд. Масалан, маҳсулоти фотосинтез (қанд) аз ҳуҷайраҳои сабзи зери пӯсти пояи ҷавон метавонад ба ҷониби ҳуҷайраҳои беранги дар поя чуқуртар ҷойгирифта (дилак) ҳаракат кунад. Ба чунин ҳаракати моддаҳо пеш аз ҳама хусусияти ҷилди ҳуҷайра мусоидат мекунад. Зеро ҷилди ҳуҷайра бо хубӣ об ва моддаҳои дар он ҳалгардидаро аз худаш нағз мегузаронад. Бинобар он, тавассути онҳо ва ҷавфҳои байниҳуҷайрагӣ маҳлули моддаҳои гу- ногуни ғизоӣ ҳаракат карда, ба ҷойҳои лозимӣ расонда мешаванд.

Инчунин ситоплазмаи ҳуҷайраҳои зиндаи ҳамшафат тавассути най- чаҳои ниҳоят борик, кадоме ки дар ҷойҳои ниҳоят тунуки ҷилди ҳуҷайра ҷойгиранд, байни ҳамдигар алоқаи ногусастанӣ доранд. Аз ин рӯ, бисёр моддаҳо метавонанд бо ин риштаҳои ситоплазматикӣ низ ҳаракат кунанд.

Дар охир барои интиқоли моддаҳо дар ҷисми растаниҳо аз як узви он ба дигараш интиқоли дурҳаракати моддаҳо вуҷуд (фаъолият) до- рад. Чунончи, об аз реша то баргу муғҷаҳои дарахтони азамагҷусса ба баландии 30-40 м (ва ҳатто баъзан то 100 м) ба боло бардошта (оварда) мешавад. Моддаҳои ғизоӣ аз барг ба ҷойҳои истеъмол- талаб (кадоме, ки дар он узвҳо инкишоф меёбанд ё ғуншавии мод- даҳои захиравӣ мегузарад), яъне ба муғчаҳо, гул, меваҳои пухтаис- тода ва узвҳои зерихокӣ интиқол меёбанд. Шумо аллакай медонед, ки барои чунин ҳаракати дури моддаҳо бофтаҳои махсуси гузаро- нанда, аз қабили чӯб ва лиф дар растаниҳо фаъолият доранд.

Агар дар чӯб вазифаи гузаронандагиро рагбандиҳо иҷро кунанд, дар лиф – найчаҳои элакшакл. Ин ҷузъҳои чӯб ва лиф бо номи бандчаҳои гузаронанда дар ҳар як узви растанӣ мавҷуданд. Бахусус, онҳо дар қисми дилаки решаю поя, дар байни бофтаҳои захиракунандаи ре- шапоя ва лӯнда, дар рагбандиҳои барг, косабарг, гулбарг ва сутунчаҳои гардбаргу девори ғӯраки тухмдон ва инчунин дар деворҳои меваҳо (мевапардаҳо) вомехӯранд. Бандчахои гузаронанда дар тух- му дони бавоярасида тавассути тухмпоя насли ояндаи худро (рас- тании аз он сабзандаро) бо моддаҳои зарурӣ таъмин мекунанд. Ҳамин тавр, тамоми роҳҳо ва рагу рагбандиҳои гузаронандаи (ин- тиколии) ҷисми растаниҳо дар шакли як силсилапайванди (систе- маи) ягонаи ҳаракати моддаҳо бо ҳам зич алоқаманданд.

  1. Ҳаракати моддаҳо дар растаниҳо чӣ тавр амалӣ мегардад?
  2. Аз як ҳуҷайра ба ҳуҷайраи дигар ҳаракат кардани моддаҳо чӣ тавр рӯй медиҳад? Онро бо мисолҳо шарҳ диҳед.
  3. Ҳаракати моддаҳои ғизоӣ аз як узв ба узви дигар тавассути кадом бофтаҳо амалӣ мегардад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …