Главная / Биология / Нафасгирии баргҳо. Обро бухор кардани баргҳо

Нафасгирии баргҳо. Обро бухор кардани баргҳо

Растаниҳои сабз ба монанди дигар мавҷудоти зинда моддаҳои органикиро ба сифати ғизо истифода мебаранд. Лекин фарқи онҳо аз дигар организмҳои зинда (занбӯруғҳо, бактерияҳо, ҳайвонот ва ғайраҳо) аз он иборат аст, ки онҳо пеш аз он ки моддаҳои органикиро ғизо гиранд, онро сараввал дар баргашон дар раванди фотосинтез ҳосил мекунанд.

Растаниҳо дар баробари ғизо гирифтан, инчунин ба монанди тамоми мавҷудоти зинда муттасил нафас мегиранд. Растаниҳо монанди ҳайвонот ва одамон рӯзу шаб оксигенро нафас гирифта, гази карбонатро хориҷ мекунанд.

nafasgirii-bargho

Равандҳои ҳаётӣ дар ҳар як ҳуҷайраи зинда мегузаранд. Ва ин равандҳо сарфи энергияро талаб мекунанд. Дар раванди нафаскашӣ моддаҳои органикӣ (ғизоӣ) бо оксигени нафасгирифташуда оксид шуда, гази карбонатро хориҷ мекунанд ва энергияи барои организм даркорӣ ҳосил мешавад. Бинобар он, ҳамаи узвҳои растанӣ, ки аз ҳуҷайраҳои зинда иборатанд, нафас мекашанд.

Растаниҳо узви махсуси нафаскашӣ надоранд. Онҳо ба туфайли масомаҳо ва ҷавфи байниҳуҷайрагиашон оксигенро нафас гирифта, гази карбонатро хориҷ мекунанд.

Барои санҷидани нафаскашии барги растаниҳо чунин таҷриба мегузаронем. Шохчаи 10-12 баргдоштаи ягон намуди растаниро (ё якчанд барги дароздумчадори анҷибар ё гули тӯтиёро) гирифта, ба стакани обдор мегузорем. Сипас, стаканро ба болои лаълича гузош- та, дар паҳлуяш стаканчае, ки оҳакоби шаффоф дорад, мемонем. Онҳоро бо сарпӯши шишагин ё банкаи калони шишагин пӯшонда, дар ҷевони торик мегузорем. Дар торикӣ барги растанӣ фақат нафас мекашад. Яъне, барг оксигенро нафас кашида, гази карбонатро хориҷ мекунад. Бо таъсири гази карбонате, ки барг дар раванди на- фаскашиаш хориҷ кардааст, оҳакоби шаффоф тираранг мешавад.

fotosintez

Ҳамин тавр, дар растаниҳо ду раванди (ҳодисаи) дар мадди назар ба ҳам зид — фотосинтез ва нафаскашӣ мегузарад. Вале дар растаниҳо дар байни ин равандҳо алоқамандии иогусастанӣ вуҷуд дорад, ки онро метавон ин тавр тасвир кард:

Яъне, моддаҳои органикие, ки дар раванди фотосинтез ҳосил ме- шаванд, дар раванди нафаскашӣ мавриди истифода қарор доранд. Гази карбонате, ки дар раванди нафаскашӣ ҳосил мешавад, дар ра- ванди фотосинтез барои ҳосил кардани моддаҳои органикӣ сарф мешавад. Ҳамин тавр, нафаскашӣ дар тамоми ҳуҷайраҳои зиндаи узвҳои растанӣ бетанаффус идома дорад. Бо қатъ гардидани нафас- кашӣ растаниҳо нобуд мешаванд.

Обро бухор кардани растанӣ. Тақрибан 80 фоизи вазни растанй аз об иборат аст. Об барои ҳаракати моддаҳои гизоӣ шарти зарурӣ буда, қисми муайяни он барои ҳосил шудани моддаҳои органикӣ сарф мешавад. Инчунин, микдори зиёди об тавассути баргҳо бухор мешавад.

Шохчаи баргдори растаниро аз растании асосӣ ҷудо накарда, ба колбаи шишагин ҷой гиронед. Бо пахта даҳони колбаро маҳкам кунед. Баъди чанд муддат дар деворҳои колба қатраҳои об пайдо мешаванд. Ин қатраҳои обро барги растанӣ бухор кардааст.

Барои муайян кардани миқдори оби бухоршудаи барги растанӣ чунин таҷриба мегузаронем. Шохчаи баргдори ягон растаниро гирифта, дар зарфи обдор мегузорем. Ба сатҳи болоии об каме равған мерезем. Равган сатҳи болои обро фаро гирифта, ба бухоршавии об монеъ мешавад. Баъд ба як паллаи тарозу зарфи обдор ва ба дигараш посанг мегузорем. Дар чунин шароит об метавонад фақат тавассути барг бухор шавад. Пас аз як шабонарӯз оби зарф хеле кам мешавад ва паллаи тарозуи растанидор боло бардошта мешавад. Барои баробар кардани паллаҳои тарозу мебояд, ки ба паллаи тарозуи растанидор посанг гузошта, онҳоро баробар ку- нем. Аз рӯи вазни посанг муайян мекунем, ки растанӣ тавассути баргаш чӣ миқдор обро бухор кардааст.

Об асосан аз сатҳи барг бухор мешавад. Дар даруни барг бухори об аз ҷавфи (роғи) байниҳуҷайравӣ гузашта, ба туфайли масомаҳо ба берун хориҷ карда мешавад. Аз ҳама зиёдтар обро баргҳои нисбатан ҷавон бухор мекунанд.

Хусусияти обро бухор кардани растанӣ гуногун аст. Масалан, як ниҳоли ҷуворимакка дар як шабонарӯз 800 г, карам 1 л, булут 50 л, тӯс беш аз 60 л обро бухор менамояд. Ба микдор ва суръати обро бухор кардани растанӣ хусусан шароити муҳити беруна таъсири зиёд мерасонад. Масалан, дар ҳавои абрнок нисбат ба рӯзи офтобӣ растаниҳо обро кам бухор мекунанд, дар ҳавои гарми офтобӣ бошад, зиёдтар.

Обро бухор кардани растанӣ инчунин ба ҳолати даҳоначаҳои (масомаҳои) барг сахт вобастагӣ дорад. Дар баъзе растанихо масома фақат рӯзона кушода буда, шабона пӯшида мешавад. Дар ҳолати ба дараҷаи кофӣ бо об таъмин будани растанӣ масома рӯзу шаб кушода аст.

Бухоршавии об дар ҳаёти растаниҳо аҳамияти калон дорад. Ба туфайли оббухоршавӣ дар ҳавои тасфон растаниҳо аз гармшавии барзиёд зарар (осеб) намебинанд. Бухор шудани об ба мубодилаи обии растаниҳо мусоидат мекунад. Инчунин, тавассути ҳаракати об моддаҳои маъданӣ ва ғизоии дар он ҳалшуда ба узву қисмҳои растанӣ бурда мешаванд. Аз ҳама асосиаш он ки дар натиҷаи бухоршавӣ об то баргҳо омада, дар раванди фотосинтез иштирок мекунад.

  1. Растанӣ чӣ тавр нафас мегирад?
  2. Барои санҷидани нафасгирии растанӣ чӣ хел таҷриба гузарондан мумкин аст?
  3. Алоқамандии раванди фотосинтез ва нафаскаширо шарҳ диҳед.
  4. Обро бухор кардан дар ҳаёти растанӣ чӣ аҳамият дорад?
  5. Шароити муҳити беруна ба обро бухор кардани растанӣ чӣ хел таъсир мерасонад?
  6. Масома дар ҳаёти растанӣ чӣ аҳамият дорад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …