Главная / Биология / Мубодилаи моддаҳо ва табдили энергия

Мубодилаи моддаҳо ва табдили энергия

А.гар растаниҳо аз муҳити беруна моддаҳои барои онҳо заруриро мунтазам қабул накунанд зиндагӣ карда наметавонанд. Организме, ки гизо намегирад, нафас намекашад оқибат нобуд мешавад. Дар навбати худ, дар раванди фаъолияти ҳаётиаш растанӣ баъзе моддаҳоро ба муҳити беруна хориҷ мекунад: оксигенро дар натиҷаи фотосинтез; гази карбонатро дар вакти нафаскашӣ; оби барзиёдро дар шакли буғ ва қатра, тавассути баргаш; реша ба хок баъзе кислотаҳои органикиро хориҷ мекунад ва ғайраҳо. Ин маънои онро дорад, ки дар байни организми зинда ва муҳити беруна ҳамеша мубодилаи моддаҳо идома дорад.

harakatkunii-obДар ҳар як ҳуҷайраи зинда доимо аз моддаҳои нисбатан содда моддаҳои му- раккаб ҳосил мешаванд. Масалан, дар вақти фотосинтез дар ҳуҷайраҳои сабзи барг аз об ва гази карбонат қанд ҳосил мешавад. Сипас, аз қанд метавонад оҳар, селюллоза ва дигар моддаҳо ҳосил шаванд. Дар ҳуҷайраҳои реша намакҳои маъданӣ бо дигар моддаҳо пайваст мешаванд. Дар баробари ҳосил шудани моддаҳои гуногун ҳатман ра- вандҳои мутақобила низ мегузаранд: вайроншавӣ ва таҷзияи моддаҳои мурак- каб то моддаҳои содда (масалан, дар вақти нафаскашӣ қанд то гази карбонату об таҷзия мешавад). Қисме аз ин моддаҳои содда агар ба берун хориҷ гар- данд, қисми дигарашон ҳамчун мавод барои ҳосил шудани моддаҳои нав дар дохили организмҳо сарф мешаванд.

Ҳамин тавр, табдилёбии доимии моддаҳо дар ҳуҷайраҳои зинда, фурӯбарӣ, ҳосилкунӣ, вайроншавӣ ва хориҷшавии ин моддаҳо мубодилаи моддаҳо номида мешавад. Ин аломати асосии ҳаёт дар рӯи Замин аст. Расми ОБ. Ҳаракат кардани моддаҳо дар растанӣ, дар лӯндаҳо ва решамеваҳо. Захира шудани моддаҳои органикӣ (нақша)
Дар вақти таҷзияшавии моддаҳои мураккаб то моддаҳои содда энергия хориҷ мешавад. Агар тухм ё гул бошиддат нафас кашад энергия дар шакли гармӣ хориҷ мешавад (гармшавии тухмро ба хотир оваред). Хусусан, ин ҳолат ҳангоми сӯхтани маводҳои пайдоишашон растанигӣ  ҳезум, ангиштсанг, торф бараъло зоҳир мешавад. Энер- гияи дар онҳо маҳфузбуда дар шакли гармӣ хориҷ мешавад.Қайд кардан лозим аст, ки ҳосилшавии моддаҳои мураккаб аз моддаҳои содда сарфи энергияро (нерӯро) талаб мекунад. Дар вақти фотосинтез энергияи нури офтоб истифода бурда мешавад ва он дар намуди моддаҳои мураккаби ҳосилшуда (қанд, равған, сафеда) нигоҳ дошта мешавад.

Лекин қисми зиёди энергияи дар раванди нафаскашӣ хориҷшуда барабас (гум) намешавад, барои ҳосил шудани бисёр моддаҳои ба растанӣ зарур сарф мешавад.

Ҳамин тариқ, мубодилаи моддаҳо хамеша ба мубодилаи энергия “ фурӯбарӣ ё хориҷ кардани он зич алоқаманд аст. Манбаи асосии энергия барои растаниҳо — фотосинтез ва нафаскашӣ ба ҳисоб меравад.

  1. Шумо мубодилаи моддаҳоро чӣ тавр мефаҳмед?
  2. Тавассути кадом равандҳо мубодилаи моддаҳо сурат мегирад?
  3. Оё организмҳои зинда бе мубодилаи моддаҳо зиндагӣ карда метавонанд?
  4. Мубодилаи моддаҳоро дар растаниҳо бо мисолҳо шарҳ диҳед.
  5. Дар мубодилаи моддаҳо мубодилаи энергия чӣ тавр сурат мегирад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …