Главная / Биология / Ҳаракати об, моддаҳои маъдани ва органикӣ дар тана (поя)

Ҳаракати об, моддаҳои маъдани ва органикӣ дар тана (поя)

Барои фаъолияти мӯътадили ҳаётиаш растанӣ бо решааш об ва моддаҳои ғайриорганикиро ҷаббида мегирад. Сипас, ин моддаҳо туфайли бофтаҳо ва бандчаҳои гузаронанда ба тамоми узвҳои растанӣ паҳн мешаванд.

Барои донистани он ки ҳаракати об ва моддаҳои маъданӣ дар растанӣ чӣ тавр сурат мегирад, 2-3 рӯз пеш навдаи навраси ягон дарахтро ба оби рангин мегузорем. Ҳангоми онро аз назар гу- зарондан мебинем, ки фақат чӯби шохчаи ба оби рангин монда- амон рангин шудааст Щ. Дар таҷриба ранг гӯё ҷои моддаҳои маъдании дар об ҳалшударо гирифт. Ин нишон медиҳад, ки об ва моддаҳои маъдании дар он ҳалшуда аз реша бо рагҳои чӯби поя то узвҳои болоӣ ҳаракат мекунанд. Дар ин ҳолат пӯстлох ва дилак рангин намешаванд. Зеро онҳо дар ҳаракати маҳлули моддаҳои маъданӣ иштирок намекунанд.

Агар ба оби рангин шохчаи растании хонагӣ — ҳиногул ё гули барфакро монед, мебинед, ки чӣ тавр об бо поя ба барг меравад ва рагчаҳои онро рашин мекунад.
Рагҳо аз поя гузашта, дар баргҳо шоха меронанд. Об бо ин рагҳо ба барг дохил мешавад.
Барои тавассути поя ба боло ҳаракат кардани об фишори реша Ҳаракати моддаҳои органикӣ дар поя. Чӣ тавре ки шумо аллакай медонед, оҳар дар барг ҳосил мешавад. Оҳар моддаи дар об ҳалнашаванда мебошад. Бинобар он, оҳар аввало ба қанд табдил меёбад ва сипас ба дигар узвҳои растанӣ ҳаракат ме- кунад. Барои инро аниқ кардан чунин таҷриба мегузаронем.ва обро бухор кардани баргҳо аҳамияти калон дорад. Ба ҷои оби бухоршудаи барг мунтазам оби нав меояд.

Пояи растании хонагӣ (тасмагул, тутанҷир ё ягон растании дигар)-ро аз растанй ҷудо накарда, пӯстлохашро ҳалқавор мебурем. Баъд он ҷойро бо шишачаи обдор чӣ тавре ки дар расми 70 нишон дода шудааст, маҳкам мекунем. Бо гузашти якчанд ҳафта ҷои аз ҳалқа болотари шохча ғафси чоғармонанд мешавад. Дар он решаҳои ило- вагӣ инкишоф меёбанд.

Ин ҳодиса аз он сабаб рӯй медиҳад, ки дар вақти пӯстлохи нав- даро ҳалқавор буридан, найчаҳои элакшакл низ бурида мешаванд. Моддаҳои органикии дар барг ҳосилшуда бо найчаҳои элакшакл ба поён ҳаракат карда, дар ҷои буриш ғун мешаванд ва он шакли ҷоғарро мегирад.

Дар сатҳи болоии ҷои буридаи растанӣ доимо пӯки захм ба ву- ҷуд меояд. Ҳуҷайраҳои дар зери пӯки захм ҷойгирифта боавҷ (бо- суръат) тақсим мешаванд. Ба бошиддат тақсим шудани онҳо мод- даҳои органикии (ғизоии) дар қисми болоии (ҷоғар) буриши ҳал- қашакл ғуншуда чун ғизо хизмат мекунанд. Дар натиҷа захм сиҳат шуда аз ҷоғар решаҳои иловагӣ ва дар баъзе растаниҳо ҳатто муғҷаҳо месабзанд. Ҳамин тавр, моддаҳои органикӣ тавассути лиф дар растаниҳо ҳаракат мекунанд.

Барои ғизо ва сабзиши узвҳои навраси растанӣ на ҳамаи моддаҳои органикии дар барг ҳосилшуда дарҳол сарф мешаванд. Як қисми ин моддаҳо барои идомаи инкишофи ояндаи растаниҳо дар узвҳои гу- ногуни онҳо захира мешаванд. Дар растаниҳои яксола одатан мод- даҳои органикӣ дар меваю тухм, дар растаниҳои дусола ва бисёрсола бошад, илова бар ин, дар ҳуҷайраҳои реша ва поя низ захира меша- ванд. Масалан, бехмеваи растаниҳои дусола — сабзӣ, лаблабу, турб, тамошокарам ва шалғам анбори махсуси моддаҳои ғизоианд.

Дар буттаву дарахтон моддаҳои органикӣ бар замми меваю тух- машон, инчунин дар дила ва чӯбашон захира мегарданд. Баҳор дар айёми ширадав ин моддаҳо дар шакли маҳлул, тавассути фишори решагӣ ба муғҷабарг ва муғҷагул бурда мешаванд. Ин хусусияти растаниҳоро баҳорон ҳангоми буридани навдаҳои дарахтон мушоҳида кардан мумкин аст. Хусусан, бо ин роҳ аз дарахти тӯс дар фасли баҳор бо миқдори зиёд шираи ширини онро ҷамъ меоваранд. Ин шира хусусияти хуби табобатӣ дорад.

  1. Бо кадом таҷриба исбот кардан мумкин аст, ки об ва моддаҳои маъданӣ тавассути рагҳои чӯб ба боло ҳаракат мекунанд?
  2. Чаро об бефосила бо рагҳои поя ба боло мебарояд?
  3. Барои аниқ кардани ҳаракати моддаҳои органикӣ дар поя чӣ хел таҷрибаҳо гузарондан мумкин аст?
  4. Ҷоғар аз чӣ пайдо мешавад?
  5. Лиф дар куҷои поя ҷой гирифтааст ва он кадом вазифаро иҷро мекунад?
  6. Растаниҳои яксола, дусола ва бисёрсола дар кадом узвҳояшон моддаҳои органикиро захира мекунанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …