Главная / Теги: Китоби Ботаника синфи 5

Теги: Китоби Ботаника синфи 5

Захирашавӣ ва истифодабарии моддаҳо

gardoludkuni

Як қисми муайяни (микдори барзиёди) моддаҳои органикӣ қанд, оҳар, сафеда, равған дар бофтаҳо ва узвҳои махсус ғун ва захира мешавад. Масалан, оҳар — моддаи захиравии аз ҳама маъмултарин мебошад. Оҳар дар растаниҳо, хусусан дар ҳуҷай- раҳои беранги бофтаи захиравӣ дар намуди доначаҳо ғун мешавад (лӯндаи картошка). Ғуншавӣ ё захирашавии оҳар …

Муфассал »

Алоқаи мутақобилаи узвҳои растанӣ

aroniya-chernoplodnaya-sorta_28

Фаъолияти ҳамаи узвҳои растаниҳои гулдор ба ҳамдигар зич алоқаманд мебошад. Масалан, дар баргҳои сабз агар обро решаҳо ҷаббида дастраси барги растаниҳо нагардонанд, фотосинтез гузашта наметавонад. Бе моддаҳои маъдание, ки онҳоро решаҳо ҷаббида меги- ранд моддаҳои органикии мураккаб, хусусан сафедаҳо наметаво- нанд ҳосил шаванд. Дар навбати худ решаҳо ҳам наметавонанд нағз …

Муфассал »

Вазифаҳои асосии ҳаёти растаниҳо

botanika

Ҳамаи растаниҳо сохти ҳуҷайрагӣ доранд ва онҳо бо ҳамдигар алоқаманданд. Аз ин ҷост, ки вайроншавии сохт ва фаъолияти ҳаётии як узв ба фаъолияти ҳаётии дигар узв бетаъсир намебошад. Шумо акнун ба бисёр хусусиятҳои муҳими дохилӣ ва берунии растаниҳои гулдор ва ба вазифаю хосиятҳои узвҳо ва бофтаҳое, ки дар равандҳои гуногуни …

Муфассал »

Ҳосил шудани тухм ва мева

hosilshavii-tuxm

Ҳуҷайратухми бордоршуда (зигота) ба ду ҳуҷайра тақсим мешавад. Ҳар кадоме аз ин ҳуҷайраҳо дар навбати худ тақсим мегардад ва ғайра. Дар натиҷаи борҳо тақсим шудани ҳуҷайра ҷанини бисёрҳуҷайраи растании нав ташаккул меёбад. Аз ҳуҷайраи калонтарини марказии халтаи ҷанин, ки бо нутфаи дуюм омехта шудааст, ҳуҷайраи эндосперм, ки дар он моддаҳои …

Муфассал »

Сунъи гардолуд кардани гул

suni-gardoludkuni

Гардолудкунии сунъӣ  гардолуд кардани гул дар натиҷаи фаъолияти мақсадноки одамон сурат мегирад. Одамон гарди гарддо- ни як гулро ба гардгираки тухмдони гули дигар оварда, ҳосили рас- таниҳои кишоварзиро зиёд мекунанд ва ё навъҳои нав ба нави растаниҳоро ба вуҷуд меоваранд. Барои ин дар давраи пеш аз гулшукуфт гардбаргҳои гулро канда …

Муфассал »

Тудагул (хушагул)

tudagul-xushagul

Растаниҳое мавҷуданд, ки гули онҳо яктоӣ (тоқа) дар нӯги нав- даю поя ё дар бари баргҳо инкишоф меёбанд. Онҳо растаниҳои тоқгуланд. Гулҳои дигар растаниҳо бошанд дар тӯдагулҳо ғун омадаанд. Тӯдагул (хӯшагул) маҷмӯи гулҳоест, ки бо тартибу қоидаи муай- ян ба ҳамдигар наздик ё дар бари якдигар ҷой гирифта, ба он …

Муфассал »

Гул. Аҳамияти гул барои ҳаёти растаниҳо. Сохти гул

tuxmdon

Гул гуфта навдаи кӯтоҳу шаклдигаркардаро меноманд, ки барои афзоиши тухмӣ хизмат мекунад. Одатан пояи асосӣ ё пахлуӣ бо гул ба итмом мерасад. Ҳар гул аз муғҷагул инкишоф меёбад. Қисми поя- гии гул агар гулпоя ва гулбандро дарбар гирад, косабарг, гулбарг, гардбарг ва тухмдон аз баргҳои шаклдигаркарда ба вуҷуд омадаанд. Ба …

Муфассал »

Афзоиши нашвӣ ба воситаи реша ва барг

rasten

Бисёр растаниҳо дар табиат бо реша ва барг афзоиш меёбанд. Дар кишоварзӣ ҳам онҳоро бо қаламчаи реша ва барг зиёд мекунанд. Хусусан, тамашки боғӣ, настаран (хуч), баъзе навъҳои себ ва рас- таниҳои ороиширо аз қаламчареша зиёд мекунанд. Қаламчареша ҷузъи решаест, ки 15-25 см дарозӣ дорад. Бо воситаи қаламчареша фақат он …

Муфассал »

Афзоиши нашвии растаниҳо ба воситаи навда

gandumak

Афзоиши пӯшидатухмон ё растанихои гулдор бо роҳи ҷинсӣ ва нашвӣ амалӣ мегардад. Афзоиши нашвии растаниҳои гулдор дар табиат васеъ паҳнгар- дида буда, хусусан одамон онро барои афзоиш додани зироатҳои кишоварзӣ ва растаниҳои ороишӣ пурмаҳсул истифода мебаранд. Ба ин мақсад чунин узвҳои нашвӣ — реша, поя ва баргро васеъ ис- тифода …

Муфассал »

Тағйири шакли навда, решапоя, лӯнда, пиёзак

resha

Баъзе растаниҳои бисёрсолаи алафӣ гӯё “анборҳои” махсуси зеризаминӣ доранд. Дар фасли тирамоҳ узвҳои рӯизаминии ин растаниҳо аз сабзиш боз монда, хушк мешаванд. Реша ва навдаи шаклдигаркардаи онҳо дар зери хок боқӣ мемонад. Онҳо бо сабаби вазифаҳои нав пайдо карданашон ба узвҳои рӯизаминии муқаррарӣ монанд нестанд. Маҳз дар чунин навдаҳои шаклдигаркарда …

Муфассал »