Главная / Илм / Марги Муҳаммад (с)

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр кун Ҷабраил (а) биёяд. Ҷабраил (а) меояд пайғамбар мепурсад ваъда буд, ки умри ман то 90 сол мерасад ҳоло 63 соли умри ман гузаштааст? Ҷабраил (а) мегуяд 27 соли умри ту дар шаби меъроч гузаштааст. Пайғамбар боз мепурсад баъд аз сари ман боз ба замин фуру хоҳи омад ё на? Ҷабраил (а) мегуяд баъд аз сари ту ҳеҷ вақт ба замин фуру нахоҳам омад, магар 10 бор, ки 10 гавҳари аз Дунё хоҳам бурд. Пайғамбар мепурсад кадом 10 гавҳар хохи бурд? Ҷабраил (а) мегуяд ё Расулуллоҳ

1)-ум бор гавҳари сабр, ки ҳеҷ дарвешро сабр нахоҳад монд.

2)-ум бор гавҳари шарм, ки ҳеҷ касро шарму ҳаё нахоҳад монд.

3) бор гавҳари меҳр, ки ҳеҷ касро меҳр нахоҳад монд.

4) бор гавҳари адл, ки подшоҳонро адлу инсоф нахоҳад монд.

5) бор гавҳари баракат, ки ба чизе баракат нахоҳад монд.

6) бор гавҳари саховат, ки фақиронро ҳеҷ кас дуст нахоҳад дошт.

7) бор гавҳари ростӣ, ки ҳеҷ касро ростӣ нахоҳад монд.

8) бор гавҳари ҳалол, ки ҳеҷ кас ҳалолу ҳаромро нахоҳад шинохт.

9) бор гавҳари амал, ки олимон бар илм кор нахоҳанд кард.

10) бор гавҳари баракат, ки Қуръони маҷид аз Дунё хоҳам бурд, Баъд аз он осори Қиёмат падид хоҳад шуд.

maПас Пайғамбар (с) мегуяд ё Ҷабраил (а) ҳоли умматони ман чӣ мешавад? Ҷабраил (а) мегуяд фармони Ҳақтаъоло овордам, ки Муҳаммадро бигу ки умматони худро ба ман бисупорад то ба рузи Қиёмат ба у супорам. Пайғамбар ҳамаи ёронро даъват намуда васият кард, ки эй ёрон ҳалолро ҳалол донеду ҳаромро ҳаром ва молро закот диҳеду фақиронро маҳрум нагузоред ва ҳамсоягонро маранҷонед ва бар занону фарзандону ятимон шафқат кунед, ки ба қадре аз он имтиҳон гузаред!

Пас пайғамбар(с) фармуд ки эй Азроил истода шаву қабзи ҷони бар куну бар умматони ман накун, ки ишон қудрат надоранд ва бисёр заифу камқуватанд. Азроил (а) гуфт: ё Расулуллоҳ ҳар уммати ту, ки баъд аз намози фариза <Оятулкурсӣ> бихонад ҷони у чунон қабз кунам, ки тифли ширхора ба пистони модар шир бинушаду дар хоб равад, модараш пистони худ бикашаду тифлро маълум набошад.

Баъд Азроил даст бар синаи муборак ниҳод ва пайғамбар оҳ баровард. Азроил (а) гуфт: ё Расулуллоҳ чаро оҳ баровардӣ? Фармуд, ки эй Азроил ман донистам, ки ту куҳҳои Дунё бар синаи ман ниҳодӣ тарсам, ки бар умматони ман ҳамчунин кунӣ! Баъд ҳама ёрон пурсиданд, ки ё Расулуллоҳ аз ин ҷаҳон меравӣ моёнро насиҳат кун? Пайғамбар мегуяд аз бади парҳез кунед ва кинаро аз дил бадар кунед. Боз ёрон пурсиданд ё Расулуллоҳ Қиёмат кай хоҳад омад? Пайғамбар ҷавоб надод ва ангушти шаҳодат ишорат кард.

Баъзе гумон бурданд, ки баъд аз 1 сол хоҳад шуд ва баъзе гуфтанд, ки баъд аз 1000 сол ва баъзе гуфтанд, ки ба ҷуз Худои таъоло касе надонад. Пас ҷони муборак ба Ҳақ таслим кард. Баъд ҳама зор зор бигристанд. Ҳама ёрон намози ҷаноза адо карданд ва Ҷабраил (а) тамоми фариштагони ҳафт осмон ҳамроҳ оварда намози ҷаноза хонданд. Илоҳо ба ҳурмати ҷони поки Муҳаммади Мустафо (с) ҷумла муъминонро тавфиқи хайр марҳамат фармояд, омин сумма омин.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …