Главная / Гуногун / Моҳи шарифи Рамазон муборак (Табрикот)

Моҳи шарифи Рамазон муборак (Табрикот)

МОҲИ РАМАЗОН РАФТ

Афсӯс, сад афсӯс, ки моҳи рамазон рафт,
Нахли тараб аз панҷаи айёми хазон рафт

Ҷону дили ман бастаи занҷири вафо буд,
Ҷону дили ман аз ману аз мулки ҷаҳон рафт.

Аз хони сахояш бари ман файзу сахо буд,
Дар як нафасе файзу футуҳи сари хон рафт.

Аз савмаи дил бурун рафт ба як бор,
Аз гӯши малак савти хуши бонги азон рафт.

Не аз Шаби Қадр монд нишон, не зи таровеҳ,
З-ин ид наболам, ки зи ман гавҳари кон рафт.

Чун боди саҳар буд пур аз накҳати ҷонбахш,
Эй вой, ки ин накҳати ҷонбахши аён рафт.

Не ҳур кунад ҷилваю не Кавсару Тубӣ,
Садбарги умедам зи дили боғи ҷинон рафт.

Овард сафоҳою бибурд бори маъосӣ,
Чун сарви сиҳӣ омаду бо қадди камон рафт.

Андешаи маргам набуду лек дили реш,
Дар рафтани ин моҳ ба худ марсияхон рафт.

Аз ғуссаи дил гуфт, Зарифӣ, ба сад афғон:
Афсӯс, сад афсӯс, ки моҳи рамазон рафт.

ТАҲНИЯТ БАР ДУСТОН

“Идат муборак” гуямат, эй ошнои муътабар!
Боши чу наҷми осмон, ҳам баҳри ёрон муфтахар.

Ҳар тоате карди адо, бар даргаҳаш мақбул бод,
Ҷонат шавад аз растаҳо, аз ту бади мардуд бод!

Ҷони азизатро Худо, созад раҳо аз ҳар бало,
Ихлосу сидқатро Худо, созад ҳамеша дар само!

Дидан туро дар офият, пурсам зи Мавло ҳар замон,
Умрат ҳама тоат шавад, боши ҳамеша дар амон!

Идат муборак дустам, осудаҳолӣ хостам,
Баҳри Шумову хонадонт, ин таҳният оростам!

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

aleksandriya-eskhata-ili-khujand

Обёрӣ дар Аморати Бухоро ва хонии Хуқанд

Дар аморати Бухоро ва хонии Хуқанд корҳои бузургӣ обёрӣ анҷом дода шуданд. Муҳимтарин шабакаҳои обёрии …