Главная / Биология / СОХТИ ҲУҶАЙРАВИИ ОРГАНИЗМИ РАСТАНИ

СОХТИ ҲУҶАЙРАВИИ ОРГАНИЗМИ РАСТАНИ

Шиносои бо асбобҳои калоннишондиҳанда

Растаниҳо организмҳои зиндаанд. Барои дуруст донистану дарк кардани равандҳо ё ҳодисаҳои барои ҳаётгузаронии растаниҳо ҳатман зарур мебояд бо сохтори дохилии узвҳои растанӣ аз наз- дик шинос шавем.

Помидори сурхтоби нимхом, тарбуз, лимӯ ё себи мулоимро пора (ё дукафон) кунед. Мағзи ин меваҳо аз катакчаҳо (ковокиҳои) ни- ҳоят хурд-хурд иборат аст. Ин холигиҳо ҳуҷайраҳоанд. Агар онҳоро дар зери асбобҳои калоннишондиҳанда — пурбин ё микроскоп (зар- рабин) бинем, баръало аниқтар аён мешаванд.

Пурбин асбоби оддитарини калоннишондиҳанда аст. Қисми асо- сии он шишаи пурбин мебошад, ки ду тарафаш барҷаста буда, дар чанбарак устувор карда шудааст Ое. Пурбин ашёро аз 2 то 25 ма- ротиба калон нишон медиҳад. Пурбинро ба даст гирифта онро ба ашёи таҳқиқшаванда чунон наздик меоваранд, ки акси он ҳарчи ка- лонтар ва равшантар намоён гардад.

soxti-hujayra

Микроскоп асбоби пурбиншакле аст, ки акси ашёро садҳо ва ҳатто ҳазорҳо маротиба калон нишон медиҳад. Кашфу такмили аввалини мик- роскоп дар асри XVII ба вуқӯъ омадааст. Кашшофи микроскопе, ки ашёро тақрибан 270 маротиба калон нишон медод, олими ҳолландӣ Антони ван Левенгук буд. Дар соли 1665 бошад, олими англис Р. Гук дар зери микроскопи худ ихтироъкардааш буридаи ниҳоят тунуки пӯкро гузошта, мушоҳида кард, ки он аз катакчаҳои (пуфакчаҳои) ниҳоят хурд- хурди ба орухона шабоҳатдошта иборат аст. Ӯ онҳоро ҳуҷайра номид. Агар пурбин вобаста ба имконияташ ашёро 2-25 маротиба калон кунад, микроскопи мактабӣ онро то 200 маротиба, микроскопи биологӣ (рав- шанӣ) бошад, то 3600 маротиба калон инъикос мекунад. Микроскопҳои электроние, ки дар солҳои 30-уми асри XX ихтироъ шудаанд, акси ашё- ро даҳҳо ва садҳо ҳазор маротиба калон нишон медиҳанд.

Қисми асосии микроскопи равшанӣ, ки шумо бо он дар мактаб машгулият мегузаронед, аз шишаи пурбин иборат буда, он ба най- чаи биниш ё тубус (тубус калимаи лотинӣ буда, маънояш “найча” аст) гузошта шудааст 13 . Дар қисми болои найча окуляр, ки аз чан- барак ва ду шишаи пурбин иборат аст, ҷой гирифтааст. Номи “оку- ляр” аз калимаи лотинии “окулус” гирифта шуда, маънояш “чашм” мебошад. Ҳангоми тавассути микроскоп дидани ашё, чашмро то ҳадди даркорӣ ба окуляр наздик мебаранд.

Дар қисми поёни тубус объектив ҷойгир шудааст, ки аз чанбарак ва якчанд шишаи пурбин иборат аст. Номи “объектив” аз калимаи лотинии “объектум” гирифта шуда, маънояш “ашё” аст.

Бо ёрии микроскоп ҳуҷайраи тамоми узвҳои растаниро дидан мумкин аст. Барои тайёр кардани препарат (буридаи тунуки ягон узви растанӣ) аз ягон узви растанӣ бо теғи тез порчаи тунукеро бурида мегиранд. Ба лавҳачаи шишагини тоза як қатра об чакон- да, порчаи буридаро ба он гузошта болояшро бо шишаи рӯйпӯши нафис мепӯшанд. Агар аз канораи шишаи рӯйпӯш об дамида ба- рояд, онро бо обчинак меҷаббанд. Ҳамин тавр, препарат тайёр мешавад ва онро дар зери микроскоп дидан мумкин аст 14 .

Дар вақти бо микроскоп кор кардан риояи чунин қоидаҳо ҳатмист: пояи микроскопро ба тарафи худ нигаронида, аз канори миз 5-10 см дур гузоред. Тавассути ойинача рӯшноиро ҷониби сӯрохии миз- чаи ашёгузор равон кунед.

Препарати тайёркардашударо дар болои мизчаи ашёгузор гузош- та, онро бо ду сиққонак маҳкам кунед.

Тубусро бо ёрии винт ба поён оҳиста ҳаракат дода, ба препа- рат то 1-2 мм наздик баред.

Ба окуляр нигоҳкунон тубусро то равшан намудор шудани акси ашё оҳиста боло бардоред,

Пас аз мушоҳида кардани препарати тайёркардашуда хулосаҳо- ятонро дар дафтаратон қайд карда, сипас микроскопро нагзакак тоза карда дар ғилофаш гузоред.

  1. Кадом асбобҳои калоннишондиҳандаро медонед?
  2. Пурбин чӣ гуна сохт дорад ва он ашёро чанд маротиба калон нишон медиҳад?
  3. Аввалин микроскопро кӣ ихтироъ кард?
  4. Сохти микроскоп чӣ гуна аст?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …