Главная / Маданият ва санъат / Навда ва муғҷа

Навда ва муғҷа

Пояе, ки дар он муғҷа ва баргҳо иикишоф меёбанд, навда номида мешавад. Ҳар навдаи калон аз поя, буғум (банд), байнибанд, муғҷа ва баргҳо иборат аст.

Ҷое, ки ба он барг пайваст шудааст, банд номида мешавад. Фосилаи ду банди ба ҳам наздикро байнибанд меноманд. Аксари растаниҳо ду хел поя доранд: агар яке аз онҳо байнибанди дароз дошта бошад, дигараш байнибанди кӯтоҳ дорад.

Кунҷи байни барг ва байнибанди дар боло ҷойгиршударо баға-ли барг меноманд. Дар бисёр ҳолатҳо аз ҳар банд фақат як барг инкишоф меёбад.

масалан, дар бед, ҷавдор, офтобпараст, тӯс ва настаран (гулхор). Агар баргҳо дар поя пайдарҳам ба таври спиралӣ ҷой гирифта бошанд, чунин ҷойгиршавии баргро навбатӣ ё спиралӣ мегӯянд.

Дар растаниҳои заранг, ёсуман, ёс, фарқ, газна дар ҳар банд дутогӣ барг инкишоф меёбад ва онҳо муқобили якдигар ҷойгиранд. Чунин ҷойгиршавии баргро дар поя ҷойгиршавии рӯ ба рӯ ё мутақобила меноманд.

Баъзан дар банд се ё зиёдтар барг инкишоф ёфта, онҳо дар тарафҳои гуногуни поя ҳалқагӣ (гирдогирд) ҷой гирифтаанд. Чунин ҷойгиршавии ҳалқагии барг дар чилбанди обӣ (элодея), ки аз се барг ташкил шудааст ва дар растании чашми зоғ дида мешавад.

Ҳангоми сабзиши тухм поя аз муғҷаи ҷанинӣ инкишоф меёбад. Дар растаниҳои бисёрсола бошад, поя (навда) аз муғҷа инкишоф меёбад.

Акнун ба сохти берунӣ ва дохилии муғҷаҳо шинос мешавем. Аз берун муғҷаҳо бо пулакчаҳои ғафси чармгун фаро гирифта шудаанд, ки онҳо муғҷаро аз шароитҳои номусоиди муҳити беруна (хунукӣ, хушкшавӣ) эмин нигоҳ медоранд.

Тавассути пурбин ба сохти яке аз муғҷаҳои ба дарозӣ бурида шуда шинос мешавем. Дар миёнаҷои муғҷа пояи ибтидоӣ (ҷанинӣ) ва дар он баргчаҳои ниҳоят хурди ибтидоӣ намудоранд. Дар бағали ин баргчаҳо муғҷачаҳои ибтидоии ниҳоят хурд, ки ҳатто бо пурбин ба душворӣ намудоранд, ҷойгиранд. Дар қисми нӯгии поячаи ибтидоӣ конуси (нуқтаи) расиш ҷой гирифтааст, ки аз бофтаҳои ҳосилкунанда иборат аст. Ин мушоҳидаҳо ба он далолат мекунанд, ки муғҷа пояи ибтидоӣ мебошад.

navda-mugcha

Дар натиҷаи буридани якчанд муғҷаҳо (ба дарозӣ) мебинем, ки дар пояи ибтидоии баъзе аз онҳо фақат баргчаҳои хурди ибтидоӣ дида мешаванд. Ин гуна муғҷаҳоро муғҷаҳои нашвӣ (вегетативӣ) ё муғҷа барг мегӯянд. Дар дохили баъзеи дигари муғҷаҳо бошад, гулғунчаҳои ибтидоӣ (муғҷаҳои генеративӣ) мавҷуданд. Онҳо нисбати муғҷаҳои нашвӣ андозаи калонтар дошта, онҳоро муғҷаҳои гуловар ё муғҷагул меноманд. Онҳо шакли мудаввар ё гирда доранд.

Вобаста ба намуди растаниҳо — шакл, андоза, ранг, бӯй, пашмак ва дигар аломатҳо, инчунин аз рӯи ҷойгиршавиашон дар навда муғҷаҳо хеле гуногун мешаванд. Ин хусусиятҳои онҳоро ба эътибор гирифта, метавонем ҳатто дар фасли зимистон ба кадом дарахт ва ё бутта тааллуқ доштани онҳоро муайян кунем. Масалан, агар дар аксари растаниҳо муғҷаҳо бевосита дар поя ҷойгир (ни- шаста) бошанд, муғҷаи дарахти роздор (олха) тавассути думчаи махсус ба навдааш пайваст аст.

Сафедорро одатан аз рӯи муғҷаи нӯгтези зифти часпакдораш, ки бӯи форами махсус дорад, аз дигар дарахтон бо осонӣ фарқ мекунанд. Муғҷаи бед фақат якто пулакча дорад, ки он муғҷаро чун сар- пӯшак пӯшонидааст. Дар растании ангурак (сиёҳбодом, крушина) бошад, муғҷа умуман пулакча надорад.

Муғҷаҳои калону дарозрӯяи ғубайро (рябина, четан) серпашмак буда, онро аз муғҷаҳои дигар дарахтон бо осонӣ фарқ мекунанд.

Муғҷахои маҳлаби русӣ (черёмуха) ва қоти сиёҳ бӯи хуши махсус доранд. Муғҷаҳои марҷонбутта (бузина), ки рӯ ба рӯ ҷойгир шудаанд, хеле бадбӯй мебошанд. Шумо метавонед ин растаниҳоро тавассути бӯи форам ва ё нофорамашон аз дигар растаниҳо фарқ кунед.

  1. Навда чист?
  2. Банд, байнибанд чист?
  3. Дар навда муғҷаҳо чӣ тавр ҷойгир шудаанд?
  4. Муғҷаҳои нашвӣ чӣ гуна сохт доранд?
  5. Муғҷагулҳо чӣ гуна шакл доранд?
  6. Аз рӯи кадом аломатҳои хоси муғҷаҳо дар фасли зимистон метавон дарахту буттаҳоро шинохт? Бо мисолҳо шарҳ диҳед.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …