Главная / Биология / Аз муғҷа инкишоф ёфтани навда

Аз муғҷа инкишоф ёфтани навда

Муғҷа навдаи ҳоло инкишофнаёфтаи ҷанинӣ мебошад. Аз муғҷа инкишоф ёфтани навдаро, хусусан баҳорон, ҳангоми ба кушодашавӣ шурӯъ кардани муғҷаҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Ё ин ки шохчаеро дар об гузошта дар шароити хона ё мактаб кушодашавии муғҷаҳоро мушоҳида кардан қулай аст.

Мо мебинем, ки барои кушодашавии муғҷаҳо фурсати муайяни вақт ва шароити мувофиқ лозим аст. То пурра кушодашавии муғҷаҳо баъзан ҳафтаҳо лозим мешавад.

Пеш аз ҳама муғҷаҳо варам карда калон мешаванд. Сипас, пулак- чаҳои он боз шуда, баргчаҳои печхӯрдаи сабзи навда намудор мешаванд. Масофаи байни баргҳо (байнибандҳо) вобаста ба суръати сабзиши онҳо меафзояд. Навда ба дарозӣ қад мекашад. Тадриҷан баргхо то андозаи муқаррариашон, ки ба ин растанӣ (дар таҷриба истифода шудааст) хос аст, месабзанд.

mugcha

Муғҷаи дар нӯги навда ҷойгиршударо сармуғҷа мегӯянд. Дар он ҷо конуси (ё нуқтаи) сабзиш фаъолият дорад. Дар натиҷаи тақсим шудани хуҷайраҳои он ҳуҷайраҳои нав ҳосил мешаванд. Конуси сабзиш асосан аз бофтаи бавуҷудоранда (ё ҳосилкунанда) иборат аст. Баргҳои ибтидоии конуси сабзиш месабзанд ва дар натиҷаи чунин фаъолияти он (конуси сабзиш) навда инкишоф меёбад. Ҳамин тавр, аз сармуғҷа пояи асосӣ ва аз муғҷаҳои паҳлуӣ навдаву шохаҳои паҳлуӣ сабзида мебароянд. Аз муғҷаҳои гуловар иав- даҳои гулғунчадор (иавдагулҳо) инкишоф меёбанд.

Дар бисёр растаниҳо сабРастаниҳои алафӣ низ муғҷа доранд. Масалан, аз муғҷаҳои болоии навниҳоли лӯбиё ё дигар растаниҳои дупалла навдаи асосӣ сабзида мебарояд. Аз муғчаҳои паҳлуӣ, ки дар пояи асосӣ ҷойгиранд, навдаҳо ё шохчаҳои паҳлуӣ инкишоф меёбанд.

Аз нӯгаш қад кашидани пояро ба назари эътибор гирифта, метавон сабзишу инкишофи растаниҳоро идора кард. Агар нӯги навдаи бодиринг, помидор, пахта, себ ва дигар растаниҳои дупаллагиро бурем, навда дигар ба боло кад намекашад. Аммо дар ин растанихо навдаҳои паҳлуӣ пайдо мешаванд. Дар ҳолати буридани нӯги навдаи паҳлуӣ бошад, вай ҳам аз қад кашидан боз монда, сершоха мешавад.зиши бандӣ дида мешавад, ки дар натиҷаи он байнибандҳои навда босуръат месабзанд ва боиси қад кашидани навда (ё поя) мегар- данд. Масалан, дар гандум, хайзурон (бамбук) ва дигар растаниҳои хӯшадор дар натиҷаи тақсимшавӣ ва рушди ҳуҷайраҳои бехи бандӣ сабзиши бандӣ ба амал меояд. Бо ин сабаб пояи навраси баъзе рас- таниҳо бо суръати калон месабзанд. Масалан, пояи хайзурон дар давоми як шабонарӯз зиёда аз як метр қад кашида, дароз мешавад.

Чӣ тавре ки шумо медонед дар боғ, гулбоғ ва гулгашту хиёбонҳо дар давраҳои нашъуна- мои муқаррариашон мудом шохаю навдаи дарахтону буттахоро бурида, бо ҳамин мин- вол сабзишу инкишофи онҳоро идора меку- нанд. Боғбонҳои кордону моҳир навдаву шохаҳоро мақсаднок бу- рида ба дарахтон шаклҳои аҷоибу ҳайратангез дода, ҳусну латофа- ти кӯчаву хиёбонҳоро боз дилработар мегардонанд 45 .

  1. Муғҷа чист ва он дар навда чӣ тавр инкишоф меёбад?
  2. Сармуғҷа чист?
  3. Конуси расиш дар куҷо ҷойгир аст?
  4. Навда аз чӣ инкишоф меёбад?
  5. Дар кадом растаниҳо сабзиши бандӣ мушоҳида карда ме- шавад?
  6. Қадкашии растаниҳоро чӣ тавр идора кардан мумкин аст?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …