Главная / Гуногун / Нурӣ барои растанӣ

Нурӣ барои растанӣ

Дар киштзорҳои хокашон аз моддаҳои ғизоӣ камбағал ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ниҳоят кам аст. Барои баланд бардоштани ҳосилнокии чунин заминҳо ба хок нуриҳои гуногунеро, ки норасоиашон назаррас аст, меандозанд. Нуриҳо ду хел мешаванд: нуриҳои органикӣ ва маъданӣ.

fertilizer-bigНуриҳои органикӣ (аз калимаи организм) моддаҳое мебошанд, ки дар натиҷаи фаъолияти ҳаётии растаниҳо ва ҳайвонот, инчунин дар натиҷаи пӯсиши боқимондаҳои нобудшудаи онҳо ба вуҷуд меоянд. Чунончи, торф, порухок, пору, саргини паррандагон ва ғайраҳо, дар таркибашон тамоми моддаҳои ғизоии ба растанӣ зарурро доранд. Ин моддаҳои органикӣ танҳо пас аз он ки бо таъсири микроорганизмҳо пӯсида ба моддаҳои маъданӣ табдил меёбанд, барои растанӣ ҳамчун ғизо хизмат мекунанд.

Ин нуриҳо фаъолияти ҳаётии микрооргаиизмҳои дар хок зиндагикунандаро тезонда, таркибу сохтори хокро беҳ мегардонанд. Яке аз нуриҳои маъмултарини органикӣ пору мебошад. Дар пору моддаҳое мавҷуданд, ки дар таркибашон нитроген, фосфор ва калий барин элементҳои барои ҳаёти растанихо зарурбударо доранд. Вале растаниҳо ин моддаҳои даркориро фақат пас аз пӯсидани пору гирифта метавонанд. Бинобар он деҳқонон поруро тирамоҳ ба замин меандозанд, то ки то фасли баҳор вай ба порухок табдил ёбад.

Нуриҳои маъданиро асосан дар заводҳои химиявӣ истеҳсол мекунанд. Вобаста ба он, ки дар таркиби нурии маъданӣ кадом элемент асосӣ аст, онҳоро ба нуриҳои нитрогендор, фосфордор ва калийдор ҷудо мекунанд.

Аз нуриҳои нитрогендор карбамид (дурдаи пешоб), сулфати аммоний ва селитра, аз нурии фосфордор – суперфосфат ва аз калийдор — хлориди калий, нитрати калий бештар маъмуланд.

Нуриҳои нитрогендор вакалийдор назар ба дигар нуриҳо дар об беҳтар ҳал мешаванд. Бинобар он онҳоро дар фасли баҳор пеш аз кишти зироатҳо ба замин меандозанд. Нитроген сабзиши появу баргҳоро метезонад, калий бошад ба сабзишу инкишофи реша, лӯндаҳо ва пиёзак мусоидат мекунад.

Нуриҳои фосфордор суст ҳал мешаванд. Бинобар он онҳоро дар фасли тирамоҳ бо пору якҷоя ба замин меандозанд. Нуриҳои фос- фордор пухтарасии меваҳоро метезонанд. Инчунин, нуриҳои фосфордору калийдор тобоварии растаниҳоро ба хунукӣ зиёд мекунанд.

Нуриҳои маъданӣ дар шакли хока ё донача-донача (ғурӯша) истифода бурда мешаванд. Самаранокии нуриҳои ғурӯша зиёд аст, зеро онҳо дар хок давомнок нигоҳ дошта мешаванд.

Дар шакли моеъ андохтани нуриҳо дар давраи нашъунамои растаниҳо ғизодиҳии иловагӣ номида мешавад. Дар вақти ғизодиҳии моеъ ба нурӣ об ҳамроҳ мекунанд. Масалан, поруоб, саргиноб ва ғайраҳо. Ба растанӣ додани ғизои иловагӣ баъди боридани борон ё вақти сернам будани замин ба мақсад мувофиқ аст.

Инчунин нуриро аз рӯи меъёри муқарраршуда андохтан шарт аст. Нурии барзиёд метавонад ба нашъунамои растаниҳо зарар расонад. Агар нуриро сари вақт ва аз рӯи қоидаи муқарраршуда андозем, ҳосили зироатҳои кишоварзй фаровон хоҳад шуд.

  1. Нуриҳо чанд хел мешаванд?
  2. Кадом нуриҳои органикиро медонед?
  3. Кадом нуриҳои маъданиро медонед?
  4. Нуриҳои нитрогендор, фосфордор ва калийдор дар ҳаёти растаниҳо чӣ аҳамият доранд?
  5. Ғизодиҳии иловагӣ чист?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …