Главная / Гуногун / Ҷанҷол дар ҳавопаймои Маскав-Душанбе. “Стюардеса” лат хӯрд

Ҷанҷол дар ҳавопаймои Маскав-Душанбе. “Стюардеса” лат хӯрд

Ҳавопаймое, ки аз Маскав ба самти Душанбе парвоз дошт, баъди ҷанҷоли мусофирон маҷбур шудааст, аз ними роҳ ба қафо баргардад. Ин ҳавопаймои мутааллиқ ба ширкати “Уралские авиалинии” шоми 28-уми август аз фурудгоҳи “Жуковский”-и ба ҳаво бархоста буд.

stua

Манобеи хабаргузории “Интерфакс” гуфтаанд, дар ин занозанӣ яке аз меҳмондорон ё стюардесаҳо лат хӯрдааст. Хабаргузорӣ менависад, ҷанҷол баъди парвози ҳавопаймо шуруъ шуд ва яке аз мусофирон ҳатто таҳдид кардааст, ки гӯиё бомба дорад.

Сарнишинони ҳавопаймо талош кардаанд, ҷанҷолро фурӯ нишонанд, аммо ин кор барояшон муяссар нашудааст. “Дар натиҷа стюрадеса лат хӯрд. Пас аз талоши номуваффақи ҳалли моҷаро тасмим гирифтаанд, ки ба фурудгоҳ баргарданд”, – навишт хабаргузорӣ.

Баъди ба фурудгоҳи “Жуковский” баргаштани ҳавопаймо маъмурони пулис даъват карда шудаанд. Тафсилоти аз ин бештари ҳодиса дастрас нест.

Хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, муфаттишон ба таҳқиқи ҳодиса шуруъ кардаанд ва дар ин замина парванда боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Елена Морковская, намояндаи Кумитаи тафтишот дар умури нақлиёт гуфтааст, ки дар ин ҳодиса як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон муттаҳам аст. Ба қавли ӯ, гӯё ин шаҳрванди Тоҷикистон меҳмондор ё “стюардеса”-ро задааст.

Морковская дар бораи ҷанҷоли байни мусофирон чизе нагуфтааст.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

farishta

Дуое, ки фариштагони осмони чаҳорумро ба харакат дармеоварад

Ҳазрати Анас ибни Молик (раз) мефармояд: Кунияти яке аз асҳоб Абӯмуаллақ буд ва ӯ ба …