Главная / Биология / Афзоиши нашвӣ ба воситаи реша ва барг

Афзоиши нашвӣ ба воситаи реша ва барг

Бисёр растаниҳо дар табиат бо реша ва барг афзоиш меёбанд. Дар кишоварзӣ ҳам онҳоро бо қаламчаи реша ва барг зиёд мекунанд.

Хусусан, тамашки боғӣ, настаран (хуч), баъзе навъҳои себ ва рас- таниҳои ороиширо аз қаламчареша зиёд мекунанд. Қаламчареша ҷузъи решаест, ки 15-25 см дарозӣ дорад. Бо воситаи қаламчареша фақат он растаниҳоеро афзоиш карда метавонанд, ки агар бо тезӣ дар решаашон муғҷаҳои иловагӣ инкишоф ёфта тавонанд. Одатан баъди шинондани қаламчареша аз муғҷаҳои иловагии он навдахои рӯизаминӣ мерӯянд. Ва онҳо ҳамчун растании нав ба нашъунамои мустақилона мегузаранд. Хусусан, қоқу бо осонӣ аз қаламчарешааш сабзида нашъунамо мекунад. Барои ин решаи онро ба порчаҳо (ҳиссаҳо) ҷудо карда, мешинонанд. Тобистон аз онҳо муғҷаҳои иловагӣ ҳосил мешавад ва аз онҳо растании нав инкишоф меёбад.

bex-sd

Бисёр вақт дар атрофи дарахтони баркамоли сафедор, ғубайро, ёс, олуболу, тамашк, маҳлаби русӣ ва ларзонбед навдаҳои наврасро мушоҳида кардан мумкин аст, ин навдаҳоро бехҷаст мегӯянд. Онҳо аз муғҷаҳои иловагии растаниҳо инкишоф ёфтаанд. Агар ҷузъи решае, ки растаниро бо бехчаст пайваст мекунад, нобуд гардад, бехҷаст ба растании мустақил табдил меёбад.

Баъзе намудҳои хонагии гули бегония, бриофиллиум (сабргиёх), сансевера, лимӯ ва бунафшаи узамбарӣ (сенполия) тавассути баргашон (қаламчабарг) афзоиш мекунанд . Барои ин баргро ба реги нам шинонда барои таъмин кардани муҳити нам онҳоро бо зарфи шишагин ё пардаи полиэтиленӣ мепӯшонанд. Дар барг муғҷаҳо ва решаҳои иловагӣ месабзанд. Дар растании бриофилли- ум бошад, навниҳолҳои ниҳоят хурдандоза ҳатто дар канорҳои барг пайдо шуда, сипас ба поён меафтанд. Онҳо ба ҷои мувофиқ афтода сабзишашонро идома медиҳанд. Дар шароити табиӣ бошад, дилгиёҳи марғзорӣ аз баргаш зиёд мешавад.

Дар солҳои охир дар баъзе муассисаҳои тадкиқотӣ усули нави парвариши ҳуҷайраҳои бофтаи ҳосилкунанда, ки дар муҳити мах- суси ғизоӣ сабзонда мешаванд, кор карда шудааст. Чунин тарзи афзоиши растаниҳо парвариши бофтагӣ номида мешавад. Дар утоқҳои махсусе, ки тамоми шароитҳои лозимӣ (ҳарорат, намнокӣ, равшанӣ) муҳайёст, ҳуҷайраҳои бофтаи ҳосилкунандаи аз растаниҳои муайян гирифташуда фаъолона тақсим шуда, сипас аз ҳар кадоми онҳо ниҳолчаҳои ниҳоят хурдҷусса инкишоф меёбанд. Бо

Аз барг афзудани растанӣ усули парвариши бофтаги новобаста ба мавсими сол мивдори зи- ёди кӯчати растаниҳоро ба даст овардан мумкин аст.

  1. Қаламчареша чист?
  2. Кадом растаниҳо бо қаламчарешаашон афзоиш мекунанд? Бехҷастҳо чӣ тавр ҳосил мешаванд?
  3. Кадом растаниҳо ба туфайли бехҷастҳо зиёд мешаванд?
  4. Растаниҳои бо барг афзоишкунандаро номбар кунед?
  5. Парвариши бофтагӣ чист?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк ҳар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи ҳомиладорӣ …