Главная / Биология / ТАҶРИБАҲОИ ЛАБОРАТОРӢ

ТАҶРИБАҲОИ ЛАБОРАТОРӢ

№1 ШИНОХТАНИ УЗВҲОИ РАСТАНИҲОИ ГУЛДОР

  1. Растаниҳои ба шумо додашударо бодиққат аз назар гу- заронед. Узвҳои онҳоро аниқ кунед. Сипас, узвҳои онҳоро бо якдигар муқоиса кунсд. Монандӣ ва фаркдяти онҳоро муайян кунед.
  2. Расми яке аз ин растаниҳоро дар дафтаратон кашед. Дар шафати узвҳо номи онҳоро қайд кунед.
  3. Гули турбкоҳак ё ягон растании дар маҳаллатон маъмул- ро гирифта, аз назар гузаронед. Думчаи гул, гулпӯш (косачабаргҳо, гулбаргҳо), гардбарг ва тухмдони онҳоро ёбед. Аниқ кунед, ки гул чандто косабарг, гулбарг, гардбарг ва тухмдон дорад. Натиҷаи кори гузарондаатонро дар дафтар қайд кунед.

injenerno-ekolog-izyskan-1

ШИНОСОӢ БО МЕВАҲОИ ХУШК ВА СЕРШИРА (ТАР)

  1. Меваҳои гуногуни додашударо аз назар гузаронед. Он- ҳоро ба ду гурӯҳ — меваҳои хушк ва тар ҷудо кунед.
  2. Меваҳои тарро дар навбати худ ба меваҳои яктухма ва бисёртухма ҷудо кунед. Бо истифодаи китоби дарсӣ номи он- ҳоро аниқ кунед.
  3. Меваҳои хушкро ба гурӯҳи меваҳои яктухма ва бисёр- тухма ҷудо кунед. Номи онҳоро маълум кунед. Дони (меваи) гандумро бо меваи офтобпараст муқоиса кунед. Аломатҳои монанд ва фарқноки онҳоро нишон диҳед. Ҷадвалро пурра кунед.
Навъи мева Навъи мева Кадом растаниҳо ин гуна мева доранд
сершира ё хушк яктухма ё бисёртухма

ШИНОСОИ БО СОХТИ ПУРБИН ВА МИКРОСКОП

  1. Пурбини дастиро аз назар гузаронед. Вай аз кадом қисм- ҳо иборат аст? Вазифаҳои ҳар як қисмро муайян кунед.
  2. Бо ёрии муаллим тарзи истифодаи пурбинро ёд гиред.
  3. Ба сохти микроскоп аз наздик шинос шавед ®. Қисм- ҳои асосии онро бодиққат аз назар гузаронед. Тубус (най- чаи биниш), окуляр, объективу шишаи пурбин (калоннишон- диҳанда), появу мизчаи ашёгузор, ойина ва мехи тобак (винт)-ро ёбед. Вазифаҳои ҳар кадоми онҳоро дар алоҳидагӣ аниқ кунед. Муайян кунед, ки микроскоп ашёро чанд маро- тиба калон нишон медиҳад.
  4. Ба тарзи истифодаи микроскоп тавассути расми И ши- нос шавед.
  5. Тартиби пайдарҳам ба кор омода кардани микроскопро ҳангоми омӯзиши ашёҳо нағз азхуд кунед.

СЕВ ТАЙЁР КАРДАНИ МИКРОПРЕПАРАТИ ПУСТИ ПИЁЗ

  1. Ба туфайли расми 4 ба амали пайдарҳам тайёр кардани микропрепарати пӯстпардаи пиёз шинос шавед.
  1. Бо докаи тоза шишаи ашёгузорро нағзакак тоза кунед.
  2. Ба шишаи ашёгузори тоза тавассути қатрачакконак як- ду қатра оби тоза чакконед.
  3. Бо ёрии сӯзан аз сатҳи даруни пулакчаи пиёз пӯсти ту- нуку шаффофи онро ҷудо кунед. Онро дар қатраи оби болои шишачаи ашёгузор нағзакак ҳамвор кунед.
  4. Пӯстпардаро бо шишаи рӯйпӯш пӯшонед (чуноне, ки дар расм нишон дода шудааст).
  5. Микропрепарати тайёркардаатонро ба зери микроскоп гу- зошта бубинед.

Ҷузъҳо (ё кисмҳои)-и ҳуҷайраи пӯсти пиёзро мушоҳида ку- нед. Акси дидаатонро бо расми 15 муқоиса кунед.

  1. Ба препарати тайёркардаатон як қатра маҳлули сусти йод чакконда онро рангнок кунед.
  2. Препарати рангноккардаро дар зери микроскоп буби- нед. Чӣ тағйирот ба амал омад?
  3. Дар ҳуҷайраҳои бо таъсири йод зардрангшуда ҷилди ҳуҷайра, ситоплазма, ядро ва вакуоларо ёбед. Ядрои дар си- топлазма ҷойгирбуда нағз аён аст. Вакуоларо, ки аз рӯи ран- гаш аз ситоплазма фарқ мекунад, аниқ кунед.
  4. Дар асоси мушоҳидаатон расми якчанд ҳуҷайраҳои пӯсти пиёзро дар дафтаратон кашед. Номи ҷузъ ё қисмҳои ҳуҷайраро дар расм қайд кунед.

ДАР ЗЕРИ МИКРОСКОП МУОИНА КАРДАНИ ПЛАСТИДҲО

  1. Аз барги растании обӣ – элодея (чилбанди обӣ) микро- препарат тайёр кунед. Барои ин як барги элодеяро аз пояча- аш ҷудо карда, онро ба дохили қатраи оби шишачаи ашё- гузор гузоред. Онро бо шишаи рӯйпӯш пӯшонед.
  2. Микропрепаратро ба зери микроскоп гузошта, мушоҳи- да баред. Доначаҳои (заррачаҳои) сабзи ҳуҷайра — хлоропластҳоро ёбед.
  3. Расми ҳуҷайраҳои элодеяро дар дафтаратон кашед. Қисм- ҳои ҳуҷайра — ҷилд, ситоплазма, ядро ва хлоропластҳоро ёфта, онҳоро дар расм қайд кунед.

ОМӮХТАНИ СОХТИ ТУХМИ РАСТАНИҲОИ ДУПАЛЛА

  1. Тухми хушк ва варамкардаи (таркардашудаи) лӯбиёро аз назар гузаронед. Тавассути ҷадвал дарозӣ ва бари ин тухм- ҳоро чен кунед. Андоза ва шакли онҳоро муқоиса кунед.
  2. Дар тарафи фурӯхамидаи тухми варамкарда чоки донро ёбед. Пӯсти тухмро ҷудо карда ҷанинро омӯзед. Барои ин ҷанинро ба ду ҳисса бурида ҷудо кунед. Тухмпалла, решача, пояча ва муғҷачаи ҷанинро ёбед.
  3. Расми тухми лӯбиёро дар дафтаратон кашед ва қисмҳои онро нависед.
  4. Аниқ кунед, ки дар кадом қисми тухми лӯбиё моддаҳои ғизоӣ захира шудаанд ва он дар сабзиши тухм чӣ ахамият до- рад.
  5. Китоби дарсиро истифода бурда, аниқ кунед, ки дар кадом қисмҳои тухми дигар растанихои дупалла моддаҳои гизоӣ захира шуда метавонанд.

ОМУХТАНИ СОХТИ ТУХМИ РАСТАНИҲОИ ЯКПАЛЛА

  1. Шакл ва ранги дони гандумро мушоҳида кунед.
  2. Бо ёрии сӯзан кӯшиш кунед, ки пӯст (парда)-и тухми ва- рамида ва хушки гандумро ҷудо кунед. Шарҳ диҳед, ки чаро пӯсти дони хушкро ҷудо кардан мушкил аст.
  3. Тухми варамидаи барқад буридашударо бо пурбин бу- бинед. Эндосперм ва ҷанинро ёбед. Аз расми Н -и китоби дарсӣ истифода бурда, бо роҳи муқоиса ба сохти ҷанини тухми гандум шинос шавед.
  4. Расми сохти дони (тухми) гандумро кашед ва номи қисм- ҳои онро нависед.
  5. Сохти тухми лӯбиёро бо сохти дони гандум муқоиса ку- нед. Монандӣ ва фарқияти онҳоро ошкор кунед.

АЗ ТУХМ ҶУДО КАРДАНИ ОҲАР, САФЕДА (КЛЕЙКОВИНА), РАВҒАН

  1. Камтар орди гандумро гирифта, каме об илова карда ха- мир тайёр кунед.
  2. Лундаи хамирро дар дока печонда, онро дар стакани об- дор шустан лозим аст. Ранги оби стакан тира мешавад. Чаро?
  3. Ба стакани обаш тирагун 1-2 қатра маҳлули йод чакко- нед. Ранги оби тирагуни стакан чӣ тавр тағйир ёфт? Бояд дар назар дошт, ки оҳар бо таъсири йод кабудранг мешавад.
  4. Докаро кушоед. Дар он шумо ҷисми (моддаи) ғализи час- пак – ширеш (сафеда ё клейковина)-ро мушоҳида мекунед.
  5. Донаи офтобпараст ё мағзи чормағзро гирифта, дар ко- ғази сафед печонед ва онро бо даст сахт фушуред. Дар коғаз изи равған боқӣ мемонад.
  6. Дар асоси натиҷаҳои бадастомада ҷадвали зеринро пур кунед.

ОМУХТАНИ СИСТЕМАИ ТИРРЕША ВА ПАТАКРЕША

  1. Ба сохти решаи растаниҳо бодиққат шинос шавед. Онҳо аз якдигар чӣ фарқ доранд?
  2. Расмҳои 27 ва 28 -и китоби дарсиро истифода бурда, бо сохти тирреша ва патакреша шинос шавед.
  3. Растаниҳоеро номбар кунед, ки тирреша ё патакреша до- ранд.
  4. Сохти решагии растаниҳои мушоҳидашавандаро ба назар гирифта, муайян кунед, ки кадоми онҳо ба растаниҳои дупал- ла ва ё якпалла тааллуқ доранд.
  5. Ҷадвалро пур кунед.
Номи растанӣ Хели шабакаи реша Ба кадом синфи растаниҳо тааллуқ дорад

ТАҶРИБАҲОИ.ЛАБОРАТОРЙ, СИНФИ 5              

МУОИНАИ МӮЯКЧАҲОИ РЕША ВА ҒИЛОФАКИ РЕША

  1. Решаи майсаи гандум ё навниҳоли нахӯдро аз назар гу- заронед. Сипас, бо пурбин решаро муоина карда, ғилофаки нӯги решаро ёбед.
  2. Дар қисми мобайнии реша, болотар аз ғилофаки реша ва ҷузъи сабзиш шумо пӯшиши тибитмонандро мебинед. Онҳо мӯякрешаҳо мебошанд. Дар хусуси сохт ва аҳамияти он бо истифодаи китоби дарсӣ маълумоти муфассал гиред.
  3. Аз қисми реша бо мӯякрешаҳояш микропрепарат тайёр кунед. Онро ба зери микроскоп гузошта, бо сохти як мӯякреша шинос шавед. Акси ёфтаатонро бо расми 34: -и китоби дарсӣ муқоиса кунед. Сипас, расмашро дар дафтаратон кашед.
  4. Дар микропрепарати тайёркардаатон нӯги решаро ёбед. Вай бо ғилофаки реша пӯшида шудааст.
  5. Сохти ҳуҷайраи мӯякреша ва ҳуҷайраи пӯсти пиёз чӣ уму- мият дорад? Сабаби фарқияти онҳоро чӣ тавр метавон маъ- нидод кард?

ОМӮХТАНИ БУРИШИ КӮНДАЛАНГИИ РЕША – МЕВАИ САБЗИ

  1. Решамеваи сабзиро бодиққатона аз назар гузаронед. Дар онҳо сарак, гарданак ва худи решаро ёбед.
  2. Расми решамеваи сабзиро дар дафтаратон кашед ва қисм- ҳои онро қайд кунед.
  3. Бо корди тез решамеваи сабзиро ба таври кӯндаланги ту- нук бурида, микропрепарат тайёр кунед. Онро тавассути мик- роскоп мушоҳида намоед. Дар он қабатҳои пӯстлох, камбий ва чӯб дида мешаванд. Расми акси дидаатонро дар дафтаратон кашед ва номи қабатҳои онро нависед.

СОХТИ МУҒҶА, МАВҚЕИ ОН ДАР НАВДА

  1. Навдаи растаниҳои гуногуни маҳаллатонро аз назар гу- заронед. Ҷойгиршавии муғҷаҳоро дар оиҳо муайян кунед. Расми баъзеи онҳоро кашед.
  2. Ягон муғҷаро аз навда ҷудо карда, ба сохти он тавассути пурбин шинос шавед, Муғҷа чӣ хел хусусиятҳои (аломатҳои) муҳофизатӣ дорад?
  • Муғҷаи нашвиро (муғҷабаргро) барқад бурида, бо пур- бин бо сохти он шинос шавед. Мушоҳидаатонро бо расми Щ муқоиса кунед ва расми онро кашед,
  1. Муғҷаи калону гирд (муғҷагул)-ро гирифта, бо корди тез барқад (ба дарозиаш) буред. Бо ёрии пурбин ба сохти дохилии он шинос шавед. Дар поячаи тухммуғҷа гулғунчаҳоро ёфта бо расми Ж-и китоб муқоиса карда, расмашро кашед.

МУАЙЯН КАРДАНИ НАВЪИ ҶОЙГИРШАВИИ БАРГҲО

  1. Растаниҳои баргашон гуногуншакл ва гербарияҳои (рас- таниҳои хушкондашудаи дар коғази махсус дӯхташуда) рас- таниҳои гуногунро аз назар гузаронед. Ба ҷойгиршавии бар- ги онҳо дар поя ё навда диққат диҳед.
  2. Баъд аз мушоҳида онҳоро ба растаниҳои баргашон нав- батӣ, рӯ ба рӯ ва ҳалқагӣ ҷудо кунед. Ба шакли паҳнаки барг, рагронӣ ва канорҳои барг диққат дода, расми баъзе баргҳои гуногуншаклро дар дафтаратон кашед.
  3. Дар асоси натиҷаи коратон ҷадвали зеринро пур кунед;
Номи растанӣ Ҷойгиршавии барг Шакли паҳнаки барг Ҳолати канори барг

МУОИНАИ ПУСТИ БАРГ ВА БОФТАҲОИ АСОСИИ БАРГ

  1. Барги ягон растании хонагӣ (анҷибар, традескансия)-ро гирифта, сараввал бо пурбин қисми поёнӣ ва болоии баргро аз назар гузаронед. Сохти онҳоро ба якдигар муқоиса кунед. Сипас, онро шикаста аз қисми поёни барг эҳтиёткорона пӯсти шаффофашро ҷудо кунед. Аз он микропрепарат тайёр кунед (аз расми 14 -и китоби дарсӣ истифода баред). Онро ба зери микроскоп гузошта, мушоҳида намоед.
  1. Дар микропрепарат ҳуҷайраҳои беранги бофтаи пӯшиш- ро ёбед. Онҳо чӣ хел шакл доранд? Аҳамияти онҳо дар ҳаёти барг аз чӣ иборат аст?
  2. Дар препарати тайёркардаатон масомаҳоро ёбед. Масо- маҳо аз ҳуҷайраҳои шаффофи пӯст чӣ фарқ доранд? Расми онҳоро кашед.
  3. Микропрепарати тайёри буриши кӯндаланги баргро (“Барги камелия — буриши кӯндалангӣ”) бо ёрии микроскоп омӯзед. Ба сохти ҳуҷайраҳои пӯсти рӯй, пушти барг ва масо- маҳо диққат диҳед.
  4. Дар микропрепарат бандчаҳои гузаронандаро ёбед. Дар бандчаҳои гузаронанда рагҳо, найчаҳои элакшакл ва нахҳоро аниқ кунед.
  5. Ҳуҷайраҳои мағзи баргро аз назар гузаронед. Дар бофтаи асосии барг (мағзи барг) ду намуди ҳуҷайраҳоро ёбед. Онҳо- ро бо расми 51 -и китоби дарсӣ муқоиса карда, расмашон- ро дар дафтаратон кашед. Номи қисмҳои онҳоро нависед.

МУОИНАИ СОХТИ ДАРУНИИ ШОХАИ ДАРАХТ

  1. Намуди берунии ягон шохчаи нисбатан ғафстари дарахт- ро аз назар гузаронед. Бо ёрии пурбин дар пӯстлохи он “наскдонаҳо” (барҷастагиҳои сӯрохдор)-ро пайдо кунед. Онҳо чӣ аҳамият доранд?
  2. Буриши кӯндаланг ва барқади шохчаро тайёр кунед. Дар буриши кӯндаланг пӯстлохро ёбед. Дар зери пӯстлох қабати нисбатан равшан – чӯбро ёбед. Дар мобайни буриш қабати нисбатан тираранг — диларо мушоҳида кунед.
  3. Дар дафтаратон бо истифодаи китоби дарсӣ буриши кӯндалангии шохчаро нақшбандӣ карда, қабатҳои ёфтаатон- ро ба қайд гиред.
  4. Дар буриши барқади шохча пӯстлох, чӯб ва диларо аниқ кунед. Пӯстлохро аз чӯб ҷудо карда, онро қат кунед ва оиди мустаҳкамиаш хулоса бароред.
  5. Ба чӯби пӯстлохаш ҷудокардашуда даст расонед, вай лағ- жонак аст. Чаро? Дар хусуси ин қабат ва ахамияти он аз китоби дарсӣ маълумот гиред.
  1. Чӯбро қат кунед ва мустаҳкамии онро санҷед. Бо нӯги корд ба дила фишор оварда, мустаҳкамӣ ё ҳолати онро му- айян кунед.
  2. Дар охир расми буриши барқади шохчаро кашед, қисмҳои онро нависед.

ОМӮХТАНИ СОХТИ ПИЁЗАК, ЛӮНДА ВА РЕШАПОЯ

  1. Бо сохти берунии пиёзак шинос шавед. Вай аз берун бо чӣ пӯшида шудааст? Қабати (пулакчаҳои) хушк чй аҳамият доранд?
  2. Пиёзакро барқад буред. Сохти онро аз назар гузаронда, пулакча, ӯзак, муғҷа^ва решаҳои иловагии онро ёбед. Аз ки- тоби дарсӣ истифода бурда, расми онро кашед.
  3. Исбот кунед, ки пиёзак — навдаи шаклдигаркардаи зе- ризаминист.
  4. Лӯндаи картошкаро аз назар гузаронед. Дар сатҳи лӯнда чуқурчаҳоро бо чашмакчаҳояшон (муғҷаҳояшон) мушоҳида кунед.
  5. Буриши кӯндаланги ниҳоят тунуки лӯндаи картошкаро тайёр кунед. Онро ба тарафи равшанӣ дошта нигоҳ кунед. Дар он қабатҳои пӯстлох, чӯб ва диларо ёбед.
  6. Ба буриши лӯнда як қатра маҳлули сусти йод чакконед. Чиро мушоҳида кардед? Кабудранг шудани буриши лӯнда ба мавҷудияти кадом моддаи органикӣ шаҳодат медиҳад?
  7. Лӯндаи картошка — навдаи шаклдигаркарда аст. Чаро?
  8. Растании гандумаҷириқ ё ғумойро бо решапояаш кофта гиред. Решапояи онро бодиққат аз назар гузаронед. Хусусан, бо пурбин мушоҳида кардан айни муддаост.
  9. Расми решапояи онро кашида, қисмҳои хосашро ба қайд гирифта, исбот кунед, ки решапоя — навдаи шаклдигаркарда аст.

ОМӮХТАНИ СОХТИ ГУЛҲОИ ДУҶИНСА

  1. Гули зардолу ё олуболуро аз назар гузаронед. Думча, гулбанд, гулпӯш, гардбарг ва тухмдони гулро ёбед.
  2. Гулро ба ҷузъҳои таркибиаш ҷудо кунед. Мивдори ко- сабарг, гулбарг ва гардбаргҳоро ҳисоб кунед.
  3. Тавассути пурбин ба сохти гардбарг шинос шавед. Поячаи гарддон ва худи гарддонро ёбед. Дар он гарддонҳои бешуморро мебинед.
  4. Сохти тухмдонро аз назар гузаронед. Бо пурбин ҷузъҳои он — гардгирак, сутунча ва ғӯракро ёбед.
  5. Расми ҷузъҳои (узвҳои) гули олуболу ё зардолуро кашед ва исбот кунед, ки растаниҳои номбурда гулхои дуҷинса до- ранд.

ОМУХТАНИ СОХТИ ГУЛҲОИ ЯКҶИНСА

  1. Тӯдагули зардранги бедро аз назар гузаронед. Бо мӯйчи- нак (пинсет) як гули алоҳидаи онро ҷудо карда, бо пурбин мушоҳида кунед.
  2. Дар гул гардбаргро ёбед ва мивдорашро аниқ кунед. Му- айян кунед, ки гул тухмдон дорад ё не. Гуле, ки тухмдон на- дорад, чй хел гул номида мешавад?
  3. Акнун тӯдагули сабзранги бедро, ки аз дарахти дигар ги- рифта шудааст, аз назар гузаронед. Як гули онро бо мӯйчинак ҷудо карда, бо пурбин мушоҳида кунед.
  4. Дар гул тухмдонро ёфта, қисмҳои онро аз назар гузаро- нед. Ин гул гардбарг дорад ё не? Ин хел гулҳое, ки фақат тухм- дон доранд, чӣ хел гул номида мешаванд?
  5. Мушоҳидаҳоятонро бо расми 86 -и китоби дарсӣ муқои- са карда, расми гулҳои нарина ва модинаи гули бедро кашед. Исбот кунед, ки бед растании духонагӣ буда, гулҳои якҷинса дорад.

ШИНОСОӢ БО НАМУДҲОИ ГУНОГУНИ ТӮДАГУЛҲО

  1. Аз рӯи имкониятатон тӯдагулҳои себарга, қоқу, пиёз, сабзӣ, барги зулф, ҷуворимакка, офтобпараст, олуболу, гандум, турбкоҳак ва ғайраҳоро аз назар гузаронед. Ба ин мақсад ме- тавонед аз гербарияи (намунаи хушки растаниҳо) растаниҳои гуногун истифода баред.
  2. Тартиби ҷойгиршавии гулҳоро дар гулпояи асосии рас- таниҳои барои санҷиш гирифтаатон муайян кунед. Расми 87 -и китоби дарсиро истифода бурда, номгӯи тӯдагулҳоро аник кунед ва нақшаи онҳоро дар дафтаратон тасвир кунед, Дар бари нақшаҳои тӯдагули кашидаатон номи онҳоро на- висед.
  3. Боз кадом растаниҳои тӯдагулдори махалли зистатонро медонед? Онҳоро номбар кунед.

ШИНОСОӢ БО НАМУДҲОИ ГУНОГУНИ МЕВАҲО

  1. Меваҳои гуногуни хушки соддаро аз назар гузаронед. Онҳоро ба гурӯҳҳои меваҳои яктухма ва бисёртухма, кушо- дашаванда ва кушоданашаванда ҷудо кунед. Номи онҳоро аниқ карда, дар дафуаратон қайд кунед.
  2. Бо сохти бӯлак ва буғуммеваҳо (меваи дутухмаи сабзӣ, дуқанотаки заранг ва буғумакғилофаки турбкоҳак) шинос ша- вед. Расми онҳоро дар дафтаратон кашед.
  3. Бо сохти меваҳои мураккаб ва тӯдамеваҳо шинос шавед. Муайян кунед, ки меваҳои тамашк, марминҷон, лаблабу, шоҳ- тут ба кадом гурӯҳи меваҳо тааллуқ доранд. Расм ё нақшаи меваҳои мураккаб ва тӯдамеваро кашед.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …