Главная / Биология / Ҳаракати об ва моддаҳои маъданӣ дар растаниҳо

Ҳаракати об ва моддаҳои маъданӣ дар растаниҳо

Чӣ тавре ки шумо аллакай медонед, об ва моддаҳои маъданиро растанӣ аз хок ба туфайли мӯякрешаҳояш меҷаббад. Дар хок об дар шакли холис вуҷуд надорад. Вай метавонад дар шакли маҳлули хокӣ, ки намакҳои маъдании дар об ҳалшаванда дорад, дастраси растаниҳо гардад. Минбаъд дар растанӣ ба маҳлули ин моддаҳо чӣ ҳодиса рӯй медиҳад? Барои ба ин савол ҷавоб додан, мебояд ба сохти дарунии реша шинос шавем.

rastani-023

Агар аз қитъаи (ҷузъи) ҷаббиши реша пардаи тунукеро кӯндаланг бурида гирем ва дар зери микроскоп аз назар гузаронем, мебинем, ки решаро қабати махсуси ҳуҷайраҳо пӯшидааст: баъзе ҳуҷайраҳо баромадхои дароз дошта, онҳо аз реша ба ҳар тараф рафтаанд. Инҳо мӯякрешаҳоянд. Мӯякрешаҳо пардаи тунуки луобӣ ва вакуолаи калони марказӣ доранд. Дарозии мӯякрешаҳо аз 0,1 то ба 1,5 мм мерасад. Дар баъзе растаниҳо, масалан, гандум то 8-9 мм дарозӣ дорад. Миқдори мӯякрешаҳо дар растаниҳо ниҳоят зиёд аст. Масалан, дар 1 мм2 сатҳи ҷаббандаи решаи гандум аз 50 то 100 адад мӯякрешаҳо вомехӯранд.

Дар зери бофтаи пӯшиши тунук, ки дар онҳо мӯякрешаҳо мавҷуданд, ҳуҷайраҳои пӯстлох ҷой гирифтаанд. Онҳо шаклу андозаҳои гуногун доранд. Дар маркази пардачаи кӯндаланг буридаамон бошад, сӯрохиҳои мудаввар намудоранд. Инҳо рагҳоянд, яьне ҳуҷайраҳои дарози лифофаашон ғафсу дарунхолианд. Рагҳо қадқади реша то миёнаҷояш тӯл кашида, ба пояи растаниҳо рафта мерасанд. Тавассути рагҳо обу моддаҳои маъдании ба мӯякрешаҳо дохилгардида то пояи растаниҳо оварда мешаванд. Ҳар кадом раг аз якчанд ҳуҷайраҳои мурда иборат буда, онҳо найчаи дарози да- рунхолиро ба вуҷуд меоваранд ва ҷилди мустаҳками чӯбшуда доранд. Ин ҳуҷайраҳо болои ҳам, нисбат ба тири реша мутавозӣ, ҷойгиранд. Моддаҳои зиндаи ин ҳуҷайраҳо вайрон гашта, фақат лифофаи онҳо, ки девори кӯндаланг надорад, боқӣ мондааст.

Об ва моддаҳои маъдании дар он ҳалшуда аз ҳуҷайраҳои мӯякрешадор ба ҳуҷайраҳои пӯстлохи реша заҳида (макида шуда) мегузаранд ва аз он ҷо аз як ҳуҷайра ба ҳуҷайраи дигар гузашта, ба рагҳо дохил мешаванд ва тавассути онҳо ба поя ва бо раги поя (бофтаҳои гузаронандаи поя) то ба баргҳои растанӣ, яъне қисми рӯизаминии он ҳаракат мекунанд.

Рагҳои решаи баъзе растаниҳо калон буда, онхоро бо ёрии пурбин дидан мумкин аст. Сӯрохии рагҳои ин гуна растаниҳо нисбатан калон мешаванд. Масалан, андозаи (қутри) рагҳои решаи дарахти забони гунҷишк (шунг) қариб 1/3 мм буда, азони решаи каду бошад, аз ин ҳам зиёд аст.

  1. Мӯякрешаҳо чӣ гуна сохт ва вазифа доранд?
  2. Рагҳо дар решаи растаниҳо чӣ тавр ҷойгир шудаанд ва чӣ аҳамият доранд?
  3. Ҳангоми буриши кӯндалангии ҷузъи ҷаббиши решаро дар зери микроскоп дидан, рагҳо чӣ гуна менамоянд?
  4. об ва моддаҳои маъдании дар он ҳалшуда тавассути рагҳо то ба куҷо ҳаракат мекунанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …