Главная / Биология / Хелҳои реша – Типи системаи реша ва хок

Хелҳои реша – Типи системаи реша ва хок

Аҳамияти он барои ҳаёти растаниҳо. Муҳофизати хок: Решаи дарахтон сабзида, ба қабатҳои чуқури хок шоха ронда, ғафс мешавад ва танаи хеле вазнину боҳашамати шохаҳои сербаргро мустаҳкам нигоҳ медорад.

Албатта, на ҳамаи растаниҳо монанди дарахтони азимҷусса решаи устувору шохаронда доранд. Решаи растаниҳои алафии яксола нисбатан хурд буда, ба замин чуқур намедарояд. Тамоми решаҳои растанӣ дар якҷоягӣ маҷмӯъ ё шабакаи решаро ба вуҷуд меоваранд, ки бо туфайли он растанӣ аз хок об ва моддаҳои маъданиро ҷаббида мегирад.

navi-resha

Решаи растании якпалла-гандум ва дупалла — қоқуро аз замин кофта гирифта, ба ҳамдигар муқоиса мекунем.

Решаи асосии қоқу, ки аз решачаи ҷанини тухм сабзидааст, нағз инкишофёфта буда, ғафс мебошад. Шакли решаи асосӣ тирмонанд буда, аз он решачаҳои хурди пахдуӣ месабзанд. Ин гуна решаро тирреша меноманд.

Шабакаи решаи гандум бошад, аз бисёр решаҳои кабза-қабза рӯидаи дарозию ғафсиашон тақрибан якхела иборат аст. Онҳо аз қисми поя месабзанд ва решаҳои иловагӣ ном доранд. Решаи асосии гандум, ки аз ҷанини тухм инкишоф меёбад, ба зудӣ аз сабзиш бозмонда дар байни решаҳои иловагии сершумор ноаён мегардад. Ин навъ решаҳоро патакреша меноманд.

Аксари растаниҳои дупалла одатан тирреша доранд. Шулха, лӯбиё, офтобпараст, сабзӣ, ҳамаи дарахтон, буттаҳо ва бисёр дигар растаниҳо тиррешаи нағз инкишофёфта доранд. Одатан тиррешаи растаниҳои наврас, ки аз тухми растаниҳои бисёрсола рӯидаанд, хуб аён мегарданд. Тиррешаи баъзе растаниҳои бисёрсола (чинорак, шаҳтути заминӣ, зулф) бармаҳал аз сабзиш бозмемонад ва аз поя решаҳои иловагӣ сабзида, шакли патакрешаро мегиранд.

Растаниҳои якпалла аксаран патакреша доранд. Ҳамаи растаниҳои ғалладонагӣ, пиёз, сир, лола ва бисёр растаниҳои дигар патакреша доранд.

Ҳамин тавр, решаи растаниҳо вобаста ба мавқеи ҷойгирӣ ва тарзи пайдоишашон се хел мешаванд решаи асосӣ, иловагӣ ва паҳлуӣ. Агар реша аз решачаи ҷанин инкишоф ёбад, онро решаи асосӣ меноманд. Решаҳои аз қисми зеризаминии поя сабзандаро решаи иловагӣ меноманд. Дар охир решаҳои ҳам аз решаи асосӣ ва ҳам аз решаи иловагӣ рӯидаро решаи паҳлуӣ меноманд. Решаи иловагӣ метавонад дар қисми рӯизаминии поя, инчунин дар барг саб- зад ё пайдо шавад.

Агар шохча ё навдаи сафедор, бед ё растании хонагии колеусро ба зарфи обдор гу- зорем, инкишофи решаҳои иловагиро мушоҳида кардан мумкин аст. Агар қисми ба хок наздики пояи карам, помидор, картош- ка ва ҷуворимаккаро хокпӯш кунем, решаҳои иловагӣ пайдо шуда, нағз месабзанд. Растаниҳо ба ҷуз моддаҳои органикӣ, ки ҳангоми фотосинтез дар баргҳояшон ҳосил мешавад, инчунин ба ғизои маъдании таркиби хок эҳтиёҷи калон доранд. Аз ин рӯ, саволе пайдо мешавад: хок чист ва он барои ҳаёти растаниҳо чӣ аҳамият дорад?

Хок қабати болоӣ ва бар замми он ҳосилхези замин аст. Қабати болоии хок бештар сиёҳтоб аст, чунки боқимондаи набототу ҳайвонот бо таъсири микроорганизмҳои хок мепӯсад ва моддаҳое ҳосил мешаванд, ки порухок (гумус) аз онҳо иборат аст. Сиёҳтоб будани қабати болоии хок ба порухок вобаста аст.

Агар дар замин 50-60 см чуқурӣ кофта, яке аз тарафҳои онро ба поён росту суфта кунем, мо бурриши қабатҳои хокро аниқ мушо- ҳида карда метавонем.

Мебинем, ки ранги қабатҳои поёнтари хок бо сабаби дар он кам будани порухок нисбатан кушод (ё равшантар) мебошад. Инчунин қабати рег, гил ва санг низ дида мешавад. Дар хоки хокистарранг бошад, порухок кам аст. Мавҷудияти гил ва регро дар таркиби хок бо таҷриба муайян кардан мумкин аст.

Ба зарфи тунукагин андак хок андохта, дар болои оташ метафсонем. Порухоки таркиби хок месӯзад ва ранги хок равшантоб мешавад. Як қисми хоки тафсондашударо ба зарфи шишагин андохта, ба он об рехта, омехта мекунем. Оби зарф тира мешавад, зеро зарраҳои гил як муддати муайян муаллақ меистанд, аммо рег ба зудй таҳшин мешавад. Агар оби зарфро рехта, обшӯии таҳшинро якчанд

маротиба давом диҳем, дар зарф реги тоза боқӣ мемонад. Ҳамин тавр, дар хок порухок, рег ва гил мавҷуд аст.

Агар оби тираро аз коғази полоишӣ гузаронида, аз оби софи он якчанд қатра ба болои шишапора чакконда, дар болои оташ бухор кунем, дар рӯи шишапора доғи сафедтоб боқӣ мемонад. Ин моддаҳои маъдании дар об нағз ҳалшавандаи хок аст 30 . Дар таркиби хок инчунин об ва ҳаво ҳам ҳаст. Намии хокро, ҳатто даст расонда, ба осонӣ пай бурдан мумкин аст. Агар кулӯхмайдаро ба об дохил кунем, ҳаво доштани хокро ба зудӣ дарк мекунем. Дар ин ҳолат аз кулӯхмайда хубобчаҳои ҳаво чудо мешаванд.

Ҳамин тавр, нашъунамои боавҷ ва ҳосили дилхоҳ додани растаниҳои кишоварзӣ ба ҳосилхезии хок вобастагӣ дорад. Бинобар ин, муҳофизат ва коркарди дурусти оқилонаи замин, беҳтар кардани таркибу сохтори хок барои парваришу рӯёндани ҳосили баланди растаниҳо дорои аҳамияти аввалиндараҷа аст.

Тирамоҳ пас аз ҷамъоварии ҳосил заминро шудгор мекунанд. Ин имконият медиҳад, ки намӣ дар хок бештар нигоҳ дошта шуда, боқимондаҳои растаниҳои зери хок афтода дар натиҷаи пӯсиш ба порухок табдил ёбанд.

  1. Реша дар ҳаёти растаниҳо чӣ аҳамият дорад?
  2. Решаи гандум ва қоқу чӣ гуна сохт доранд?
  3. Тирреша аз патакреша бо чӣ фарқ мекунад?
  4. Кадом решаҳоро асосӣ, иловагӣ ва паҳлуӣ мегӯянд?
  5. Хок чист?
  6. Порухок чӣ тавр ҳосил мешавад?
  7. Хок ба ҷуз порухок боз чиҳо дорад?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк ҳар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи ҳомиладорӣ …