Главная / Биология / Поя. Гуногунии пояи растани

Поя. Гуногунии пояи растани

Қадкашии поя, шохаронӣ: Поя ҷузъи таркибии навда мебошад. Вай ба боло қад афрохта, баргҳоро ба равшанӣ мебарорад. Ба туфайли поя реша бо баргу мугҷаи растаниҳо алоқаи зич пайдо мекупад. Дар поя метавонад моддаҳои ғизоӣ захира шаванд.

poyai-chasandaПояи растаниҳо алафӣ ва чӯбӣ мешавад. Пояҳо аз рӯи хусусиятҳои биологиашон гуногун буда, онҳоро ба якчанд гурӯҳ ҷудо мекунанд. Аксари растаниҳо ростпоя буда, онҳо рост қад мекашанд. Дар онҳо бофтаи механикӣ нағз инкишоф ёфта, дар баъзе растаниҳо чӯбӣ (себ, сафедор) ё алафӣ (офтобпараст, ҷуворимакка) мешаванд.

Пояи баъзе растаниҳо тамоман боло намебарояд. Онҳо ба рӯи замин паҳн шуда месабзанд. Чунин пояхо мумкин аст аз бандҳояшон (панҷазоғ, марғчой, шоҳтути заминӣ) реша ронанд ё наронанд (роҳдавак).

Растаниҳое вомехӯранд, ки пояашон ба ягон такягоҳ печида боло мебарояд (печак, лӯбиё, мушунг). Ин хел пояҳоро пояҳои печидабароянда меноманд. Пояи растаниҳои печидабароянда ба такягоҳҳои махсус сохташуда печида “айвончаҳои” сабзи хушманзараро ба вуҷуд оварда, болои харакхо ва дигар иншоотҳоро зебо мегардонанд. Пояи мушунг ва ток ба тиргак ё ягон такягоҳ бо танобакчаҳояшон часпида боло мебароянд. Пояи ашақа (плюш) ба тир- гак ё девор бо ре- шаҳои иловагиаш час- пида боло меравад.

Растаниҳои пояҳояшон печида ва часпида болобарояндаро лиан (чӯброст) меноманд. Лианҳо дар ҷангалҳои тропикӣ ба Баъзе растаниҳо пояи хеле кӯтоҳ доранд. Онҳо паканақад мебошанд. Масалан, қоқу, барги зулф, гули марворидаки боғӣ ё растании хонагии бунафшаи узамбар ва ғайраҳо пояи хеле кӯтоҳ доранд. Барои дидани пояи ниҳоят кӯтоҳи ин растаниҳо, онҳоро бо корд ба самти поёнии реша ба дарозӣ ду тақсим кардан лозим аст. Дар вақти гулшукуфт қисми болоии пояи кӯтоҳ якбора дароз мешавад, аммо вай барг надорад (қоқу). Қисми дарозшудаи чунин пояро тирча меноманд.

Одатан дар нӯги тирча тӯдагул ё гул ҷойгир шудааст. Барги растаниҳои пояашон кӯтоҳ дар рӯи замин аз дилаки решамева месабзад. Масалан, сабзӣ, лаблабу, турб ва баъзе дигар растаниҳои сабзавотӣ соли якуми сабзишашон аз дилаки бехмева барг мебароранд.тани дарахтони калон печида, аз нимторикии ҷангали тропикӣ ба боло, ба сӯи равшанӣ мебароянд. Баъзе лианҳо, масалан, нахли ротанг, дар бадали чандин сол такягоҳашонро иваз карда, то 300 метр қад мекашанд.

  1. Пояи растаниҳо чанд хел мешавад?
  2. Пояи кадом растаниҳо рост аст?
  3. Пояҳои хазанда аз пояҳои часпидабароянда чӣ фарқ доранд?
  4. Чӣ гуна растаниҳоро чӯброст (лиан) меноманд?
Расми 64. Лианҳои (чӯбростҳои) бешаи тропикӣ

Пояи кадом растаниҳо кӯтоҳ аст?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …