Главная / Биология / Нафаскашии реша

Нафаскашии реша

Реша низ чун дигар узвҳои растанӣ ба оксигени ҳаво эҳтиёҷи калон дорад. Реша дар вақти нафаскашӣ оксигени ҳаворо нафас гирифта гази карбонатро хориҷ мекунад. Инро бо таҷрибаи оддӣ исбот кардан мумкин аст. Агар ниҳоли мушунги (лӯбиё ё нахӯди) дар аррамайда сабзондашударо гирифта, аррамайдаҳояшро афшонда ба дохили пробирка гузорем 38 ва пас аз 35-40 дақиқа онҳоро аз он ҷо берун карда, чӯбаки даргиронро ба он дохил кунем, вай хомӯш мешавад.

Расми 38. Таҷрибае, ки зарура- ти ҳаворо барои нафаскагиии реша нишон медиҳад
Расми 38. Таҷрибае, ки зарура- ти ҳаворо барои нафаскагиии реша нишон медиҳад

Вале дар пробиркаи дигари тамоман холӣ чӯбаки даргирон шуда сӯхтанашро давом медиҳад. Ин таҷрибаҳо исбот мекунанд, ки Ҳамин тавр, ҳангоми парвариши растанӣ ба он бояд диққат дод, ки реша бо ҳавои тоза мунтазам таъмин бошад. Барои ин хокро пайваста нарм кардан лозим аст.дар пробиркаи таҷрибавӣ оксиген мавҷуд нест. Зеро решаҳои мушунг оксигени ҳаворо нафас кашидаанд.

Аз норасоии оксиген хусусан растаниҳое, ки дар гилзамин ва шибарзамин нашъунамо доранд, зарар мебинанд. Дар ин гуна замин- ҳо об ҳаворо фишурда мебарорад ва нафаскашии реша номӯътадил мегардад. Хусусан, растаниҳое, ки дар шибарзамин ва ботлоқзамин мерӯянд, суст инкишоф меёбанд.

Бо асбобҳои нармкунанда нарм кардани замин аҳамияти дигар ҳам дорад. Чунин нармкуниҳо дар қитъаҳои замин боиси нигоҳ доштани намӣ мегардад ва бар замми ин сафолаки замин барҳам дода мешавад. Бо ин тадбирҳо бухор шудани об аз кабатҳои чуқуртари хок қатъ мегардад. Аз ин рӯ, нарм кардани заминро баъзан “обёрии хушк” мегӯянд. Ё ин ки бо ибораи дигар: “Ба ҷои ду бор бад об мондан, як бор нагзакак нарм кардани замин беҳтар аст”.

Ҳамин тавр, нашъунамои мӯътадил ва ҳосилнокии растаниҳо ба суръати нафаскашии решаи растаниҳо зич вобастагӣ дорад.

  1. Чӣ тавр исбот кардан мумкин аст, ки реша нафас мекашад?
  2. Барои чӣ бехи растаниҳоро нарм мекунанд?
  3. Барои чӣ дар шибарзамин ва ботлоқзорҳо растаниҳо суст месабзанд?
  4. Дар кадом ҳолатҳо ибораи “обёрии хушк”-ро истифода мебаранд?
  5. Дар раванди нафаскашии реша кадом газ нафас гирифта мешавад ва кадом газ хориҷ мешавад?

 

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …