Главная / Ҷамъият / ДУО ВА ТАСБЕҲОТИ БАЪДИ НАМОЗ

ДУО ВА ТАСБЕҲОТИ БАЪДИ НАМОЗ

Баъди анҷоми ҳар намоз Дуо ва тасбеҳоти намоз, хонда мешавад:

«Аллоҳумма антас-салому ва минка- Салому таборакта ёз зал-ҷалоли вал- Икром».

“Субҳоналлоҳи валҳамдулиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи-л- ъалийи-л-ъазим”.

“Аъузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р- раҷим. Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим” гуфта “Ояталкурсӣ”-ро мехонанд.

tasbehot

Сипас, пай дар пай азкори зеринро мегӯем: 33 маротиба Субҳон Аллоҳ, 33 маротиба 4 Алҳамду ЛИЛЛОҲ ва 33 маротиба Аллоҳу Акбар, баъд мегӯем:

“Ло илоҳа иллаллоҳу ваздаҳу ло шарика лаҳу лаҳу-л-мулку ва лаҳу- л-ҳамду ва ҳува ъало кулли шайъин қадийр. Субҳона раббия-л-ъалийи-л- ваҳҳоб”. Сипас, кафи дастҳоро кушода ба даргоҳи Аллоҳ Таъоло дуо мекунем ва кафи дастҳоро ба руй мерасонем.

Пайғамбар (с) баъди анҷоми ҳар як намоз дуо мехонд ва МО низ бо пайравӣ аз он Ҳазрат (с) он дуъоро мехонем:

Эй Аллоҳ! Ту рабби ман ҳастӣ, ба ҷуз Ту аҳаде сазовори ибодат нест. Ту маро офаридй ва ман бандаи Туям ва ман бар ҳасби тоқати хеш бар азд ва ваъдаи ту қоим ва устуворам ва аз бадии амали худ ба Ту паноҳ меоварам ва ба неъмати Ту, ки бар ман инъом шуда, иқрор мекунам ва ба гуноҳи хеш ҳам эътироф дорам, пас маро биомурз, зеро ҷуз Ту омурзандае нест. 

Худоё! Туро мадҳу ситоиш мегӯям. Парвардигоро! Ту Худованди барҳақ ҳастӣ! Ҳар он чи ки Ту ваъда кардай ҳақ ва рост аст! Каломи Ту ҳақ аст! Дар Охират дидорбинӣ бо Ту ҳақ ва рост аст. Биҳишт ҳақ аст! Дӯзах ҳақ аст! Бозгашт ба рузи ҷазо ҳақ асту рост! Ҳамаи Пайғамбарон ҳаққанд! Мухаммад (с) Пайғамбари барҳақ аст.

Эй Аллоҳ! Ба ман мадад намо, то туро ёд кунам ва барои неъматҳои додаат шукр гуям ва сипосгузор бошам ва чунин тоату бандагӣ намоям, ки сазовори Ту бошам.

Худоё! Тоату ибодати пур аз нуқсони моро ба даргоҳат қабулу мақбул гардон.

Ту ҳамагонро мешунавй ва ҳама чизро медонй.

Худоё! Эй донандаи ниҳону ошкоро ва эй офарандаи осмонҳову замин ва эй Парвардигори ҳар чиз, гувоҳӣ медиҳам ба ин, ки нест маъбуди барҳақ, магар Ту.

Паноҳ мебарам ба Ту аз шарри нафсам ва аз шарри шайтон ва аз ин, ки маро ба ширк биандозад ва аз ин, ки нисбат ба худ муртакиби бадӣ шавам ва ё сабаби бадиеро бар мусалмоне гардам.

Худоё! Гуноҳони гузаштаву оянда ва ниҳону ошкори маро биомурз ва аз гуноҳоне, ки дар он зиёдаравӣ кардам ва гуноҳое, ки ту бар он огаҳтарӣ даргузар ва маро мавриди бахшиш ва раҳмати Худо қарор бидеҳ.

Худоё, ман аз ту илми судманд, ризқи ҳалол ва амали мақбул мехоҳам.

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …