Главная / Биология / Тудагул (хушагул)

Тудагул (хушагул)

Растаниҳое мавҷуданд, ки гули онҳо яктоӣ (тоқа) дар нӯги нав- даю поя ё дар бари баргҳо инкишоф меёбанд. Онҳо растаниҳои тоқгуланд. Гулҳои дигар растаниҳо бошанд дар тӯдагулҳо ғун омадаанд.

Тӯдагул (хӯшагул) маҷмӯи гулҳоест, ки бо тартибу қоидаи муай- ян ба ҳамдигар наздик ё дар бари якдигар ҷой гирифта, ба он як шаклу шамоили муайянро медиҳанд.

tudagul-xushagul

Тӯдагул содда (оддӣ) ва мураккаб мешавад. Одатан дар тӯдагул гулҳои майда сарҷамъ омадаанд ва бо ин восита ба ҳашароти гардолудкунанда хубтар намудор мегарданд.

Карам, ливондар ва маҳлаби русӣ тӯдагули хӯша доранд. Дар чунин тӯдагул гулҳои алоҳидаи он дар гулпояе, ки нағз намудор аст, пайдарҳам ҷой гирифта, ба гулпояи (тири) умумӣ пайвастанд.

Агар якчанд хӯшаҳо (саракҳо) аз пояи умумӣ дур рафта бошанд, тӯдагулро хӯшаи (сараки) мураккаб ё ҷорӯбак меноманд. Ёс, ангур чунин тӯдагул доранд.

Хӯшаи содда аз гулҳои бедумча (яъне нишаста) ҳосил мешавад. Онҳо монанди гулҳои барги зулф дар пояи умумии тӯдагул ҷой гирифтаанд. Тӯдагули гандум, ҷавдор ва ҷавро хӯшаи муракаб меноманд. Дар тӯдагули онҳо, дар гулпояи умумй якчандто хӯшачаҳо ҷойгир буда, ҳар кадоми онҳо якчандтоӣ гул доранд. Масалан, дар хӯшачагули ҷавдор дутогӣ гул мавҷуд аст.

Фарқи сӯтагул аз хӯша он аст, ки гулпояи вай ғафс ва одатан сермағз аст. Чатраки содда тӯдагулест, ки гулпояи он аз нӯги тиритӯдагул мебарояд. Гули тӯтиё ва олуболу чунин тӯдагул доранд.

Сабзӣ ва ҷаъфарӣ чатрак  тӯдагул доранд, ки он аз якчанд чатракҳои содда иборат аст. Чунинтӯдагулро чатраки мураккаб меноманд.

Офтобпараст, гули кавкаб, қоқу, ширбарояк, хори морак (шум- пай) ва бисёр растаниҳои дигар тӯдагули сабадак доранд. Дар чунин тӯдагулгулҳои сершумори майда дар гулбанди (бистари) ғафсу васеъи тӯдагул ҷойгир шудаанд. Сабадакро аз берун баргҳои сабзи муҳофиз пӯшонидааст.

  1. Тӯдагул чист?
  2. Кадом навъҳои тӯдагулро медонед?
  3. Дар ҳаёти растанӣ тӯдагул чӣ аҳамият дорад?
  4. Сӯтагул аз хӯша чӣ фарқ дорад?
  5. Чатраки мураккаб чӣ хел сохт дорад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …