Главная / Без рубрики / Бордоршавии растаниҳои гулдор

Бордоршавии растаниҳои гулдор

Гул ва ҷузъҳои муҳими он гардбарг ва тухмдон узвҳои асосии афзоиши ҷинсии растанихои пӯшидатухм ба ҳисоб мераванд. Дар онҳо равандҳои (ҳодисаҳои) мураккабе мегузаранд, ки онҳо ба афзоиши ҷинсӣ сахт алоқамандӣ доранд.

Барои ҳосил шудани мева ва инкишофи тухм гули растаниҳо бояд гардолуд ва сипас бордор шавад.

Омезиши ду ҳуҷайраи ҷинсӣ — гаметаҳои нарина ва модинаро бордоршавӣ меноманд. Гаметаҳои нарина, яъне нутфаи растаниҳои гулдор хеле хурданд. Гаметаҳои модина, яъне ҳуҷайратухм нисбат ба нутфа калонтар аст.

Пеш аз он, ки гардолудшавӣ ба амал ояд, сараввал дар гарддон тақ- симшавии ҳуҷайраҳои он мегузарад ва дар натиҷа донаи гардӣ ҳосил мешавад. Ҳар як донаи гардӣ аз ду ҳуҷайра — нашвӣ ва генеративӣ иборат буда, бо ҷилди дучанда пӯшида мебошад. Ҷилди (лифофаи) берунии донаи гард сатҳи ноҳамвор дошта, онро бисёр вақт хор- чаҳо, “озах” ва баромад (дӯнгӣ)-ҳои гӯршакл пӯшондаанд. Чунин хусусияти онҳо имкои медиҳад, ки донаи гард ба бадани ҳашароти гардолудкунанда ва гардгирак хуб часпад. Гарди растаниҳо, ки дар гарддон инкишоф ёфта истодааст, дар лахзаи гулшукуфт аз микдо- ри зиёди донаҳои гард иборат аст. Умуман, гарди растаниҳои гуногун аз рӯи шаклу андоза фарқ кунанд ҳам, дар аксари ҳолатҳо донаҳои он курачашакланд.

Дар баробари ҳосил шудани гард дар тухммуғҷа халтаи ҷанинӣ ташаккул меёбад.

Тухммуғҷа аз тарафи дару- нии девори ғӯра инкишоф меёбад ва чун тамоми қисмҳои растанӣ аз хуҷайраҳо иборат асг. Микдори тухммуғҷахо дар дохили ғӯраи растаниҳои гуно- гун ҳар хел аст. Ғӯраи гандум, ҷав, ҷавдор ва олуболу ҳамагӣ як тухммуғҷа, ғураи пахта даҳҳо тухммуғҷа дорад. Миқдори тухммуғҷаи ғураи лолаарусак (лолахасак) ба якчанд ҳазор мерасад

Ҳар кадом тухммуғҷаро пардае пӯшидааст, ки дар даромадгоҳи он (тухммуғҷа) роҳи танги гарддаро ҳаст Я .

Дар ин бофтаи марказӣ дар натиҷаи тақсимшавии ҳуҷайра хал- таи ҷанин ҳосил мешавад. Дар он дар муқобили сӯрохии гарддаро тухмҳуҷайра ҷой гирифтааст, дар қисми марказиаш бошад, ҳуҷай- раи калони марказӣ мавҷуд аст.

Бордоршавӣ дар растаниҳои гулдор ин тавр ба амал меояд. Гар- ди ба гардгираки тухмдонафтода ба туфайли сохти ҷилдаш ва инчунин моеъи ширини часпаки гардгирак ба он (гардгирак) ме- часпад :94 . Гард варам карда месабзад ва ба гард- найчаи дарозу борик таб- дил меёбад. Гарднайча ав- вал дар байни ҳуҷайраҳои гардгирак, баъд дар сутун- ча ва ниҳоят дар ҷавфи ғӯра месабзад.

Ҳуҷайраи генеративӣ дар гарднайча ҷой иваз карда, тақсим мешавад ва ду гаме- таи нарина (нутфа)-ро ҳосил мекунад. Ин нутфахо (гаметаҳо) доимо дар наз- дикии нӯги сабзандаи гард- найча ҷойгиранд 94 . Вақ- ге ки гарднайча тавассути гарддаро ба халтаи ҷанин дохил мешавад, яке аз нутфаҳо бо тухм- ҳуҷайра омезиш меёбад. Дар натиҷа бордоршавӣ рӯй медиҳад ва зигота (маҳсули омезиши нутфа бо тухмҳуҷайра) ҳосил мешавад .

Нутфаи дуюм бо ядрои (ҳастаи) ҳуҷайраи калони марказии хал- таи ҷанин омезиш меёбад. Дар натиҷаи ин омезиш эндосперм ҳосил мешавад. Ҳамин тариқ, дар натиҷаи бордоршавии растаниҳои гулдор ду бор омезиши ҳуҷайрахо рӯй медиҳад: нутфаи якум бо тухм- ҳуҷайра ва дуюмаш бо ҳуҷайраи калони марказӣ. Бори аввал ин ҳодисаро соли 1898 ботаники рус, академик С. Г. Навашин кашф кард ва онро бордоршавии дучанда номид. Бордоршавии дучанда фақат ба растаниҳои гулдор хос аст.

  1. Гардолудӣ чист?
  2. Бордоршавӣ чист?
  3. Зигота чӣ тавр инкишоф меёбад?
  4. Тухм аз чӣ ҳосил мешавад?

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …