Главная / Илм / Ғизогири ва сабзиши майса

Ғизогири ва сабзиши майса

Мӯҳлати кишти майса: Ҳангоми чашидани таъми тухми насабзида (барои муқоиса), сипас дони нешзадаи ҷав, гандум ё ҷавдор, шумо ба андак ширин будани тухми нешзада боварӣ ҳосил мекунед. Зеро ҳангоми сабзиши тухм оҳари эндосперми тухм аз таъсири об ва моддаҳои махсус ба канд табдил меёбад. Сипас, қанд дар шакли маҳлули обӣ ба ҷанин дохил мешавад. Ҳуҷайраҳои решача, пояча ва муғҷаи ҷанин аз ин маҳлул гизо гирифта, бошиддат тақсим мешаванд ва сабзида ба майса табдил меёбанд.

Дар тухмпаллаи растаниҳои дупалла (лӯбиё, нахӯд) моддаҳои ғизой захира шудаанд ва бе онҳо навииҳол дар давраҳои аввали сабзишаш нашъунамо карда наметавонад. Агар як тухмпалларо бури- да партоем, дар ниҳол фақат нисфи моддаҳои ғизоӣ боқӣ мемонанд ва ниҳол аз нокифоягии ғизо ниҳоят суст нашъунамо мекунад.

Дар вақти бурида партофтани эндосперми тухми растаниҳои якпалла ё дупалла навниҳоли онҳо аз нашъунамо боз монда нобуд мегардад. Зеро ниҳол аз истифодаи моддаҳои ғизоии эндосперм маҳрум мешавад.

Барои кишт одатан тухми калон-калонро интихоб мекунанд. Зеро ҳар чӣ қадар тухм калон бошад, дар он микдори моддаҳои ғизоӣ зиёд буда, он ба сабзиши хуби ниҳолҳо мусоидат мекунад.

Дар натиҷаи тақсимшавии боавҷу инкишофи ҳуҷайраҳои ҷанин сабзиш ва ба майса табдил ёфтани он сурат мегирад. Нисбат ба дигар узвҳои ҷанин аз ҳама аввал решача пайдо шуда, тез инкишоф меёбад ва дар замин бо зудӣ мустаҳкам мешавад. Одатан дар майсаи растанихои якпалла якчанд реша инкишоф меёбад. Ниҳоли растаниҳои дупалла як решаи асосӣ дошта, вай сонитар шоха меронад ва ғафс гардида, ба тирреша табдил меёбад.

Чӣ тавре ки шумо аллакай медонед, барои тухмҳои сабзидаистода об, ҳаво (оксиген) ва гармӣ ҳатман зарур аст. Бинобар он бо муайян кардану риоя намудани мӯҳлати кишт мавҷудияти ин шароитҳои заруриро таъмин кардан мумкин аст. Масалан, баҳори барвақт, агарчанде дар замин захираи фаровони оби борону барф мавҷуд бошад ҳам, дар ин вақт хок ба қадри лозимӣ гарм нашудааст. Ҳол он ки тухми на ҳар растаниро дар замини сард коридан мумкин аст. Дар бештари ҳолатҳо фақат тухми растаниҳои сармотобовар (гандуми баҳорӣ, зағир, сулӣ, ҷавдор, мушунг) – ро дар аввали баҳор мекоранд. Зеро барои сабзиши ин қабил растаниҳо ҳарорати нисбатан паст ва намии кифоякунанда даркор аст.

Ҳангоме ки замин ба қадри кифоя гарм мешавад, тухми растаниҳои гармидӯст ё ба гармӣ серталабро кишт мекунанд.

Вале ҳаминро ба назар гирифтан лозим аст, ки тухми растаниҳои гармидӯст, аз қабили ҷуворимакка, лӯбиё, бодиринг, каду, харбуза, помидорйро ҳам дер коштан мумкин нест. Азбаски офтоб рӯз аз рӯз гармтар мешавад ва ин боиси боз хушктар гардидани замин мегардад, бинобар он кишти бемаҳали ин зироатҳо метавонад боиси камҳосилии онҳо гардад. Дар аксари ҳолатҳо ҳамин ки замин 10-15 дараҷа гарм шавад, ҳарчи қадар тезтар тухми растаниҳои гармидӯстро коштан зарур аст. Агар мӯҳлати кишт дер шавад, тухм ба замини хушк афтида, суст месабзад ва боиси кам шудани ҳосил мегардад.

Аз ин рӯ, риояи қатъии мӯҳлат ва қоидаҳои саривақтии кишт барои нашъунамои хуби зироатхо ва афзудани ҳосили онхо аҳами- яти калон дорад.

  1. Ҳангоми сабзиши тухм ҷанин моддаҳои ғизоиро аз куҷо мегирад?
  2. Ниҳоли лӯбиё, ки аз як ё ду тухмпаллааш маҳрум шудааст, чӣ тавр нашъунамо мекунад?
  3. Чаро майсаи ҷавдоре, ки эндоспермашро бурида дур кар- даанд, нобуд мешавад?
  4. Чаро барои кишт тухмҳои калон-калонро интихоб мекунанд?
  5. Чаро тухми растаниҳои гуногунро дар мӯҳлатҳои гуногун мекоранд?

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …