Главная / Биология / Гул. Аҳамияти гул барои ҳаёти растаниҳо. Сохти гул

Гул. Аҳамияти гул барои ҳаёти растаниҳо. Сохти гул

Гул гуфта навдаи кӯтоҳу шаклдигаркардаро меноманд, ки барои афзоиши тухмӣ хизмат мекунад. Одатан пояи асосӣ ё пахлуӣ бо гул ба итмом мерасад. Ҳар гул аз муғҷагул инкишоф меёбад. Қисми поя- гии гул агар гулпоя ва гулбандро дарбар гирад, косабарг, гулбарг, гардбарг ва тухмдон аз баргҳои шаклдигаркарда ба вуҷуд омадаанд.

Ба гуногуншаклии растаниҳои гулдор, ки дар табиати беканор вомехӯранд, нигоҳ накарда, онҳо аз рӯи сохти гулашон ба хамдигар монанд мебошанд. Инро дар мисоли гули себ дида мебароем.

tuxmdon

Дар маркази гули себ тухмдон ҷойгир аст. Гардбаргҳои зиёде онро ихота кардаанд. Тухмдон ва гардбаргҳо ҷузъхои (узвҳои) асо- сии гул ба ҳисоб мераванд. Дар атрофи гардбаргҳо ва тухмдон гулпӯш ҷойгир мебошад. Гулпӯши гули себ аз ду намуди баргчаҳо иборат аст. Баргчаҳои дарунӣ гулбаргҳо ва баргчаҳои берунӣ косабаргҳо мебошанд. Маҷмӯи гулбаргҳоро гултоҷ (чанбари гул), косачабаргҳоро косабарг меноманд. Ин гуна гулпӯшро гул- пӯши дучанда меноманд 84 .

Гултоҷи гули себ аз панҷ гулбарги сафед ё сафеду гулобӣ иборат аст, ки бо ҳам пайваст нестанд. Дар дигар растаниҳо, масалан, тамокугул, газнагул, ангури сагак, картошка, гули тӯтиё қисми поёни гулбаргҳо ба ҳам пайваст шуда, найчамонанд гардидааст.

Косабарги гули себ аз панҷ баргчаи сабз иборат буда, онҳо ба ҳам пайваст нестанд. Аммо дар баъзе растаниҳо, чунончи, дар мехча- гул қисми поёнии косабаргчаҳои сабз ба ҳам пайваст шуда, найча- монанд шудааст.

Дар баъзе растаниҳо, хусусан дар растаниҳои якпалла (гули занбақ, амариллис, лола), тамоми баргчаҳои гулпӯш каму беш якхела- анд, онҳо косабарг надоранд. Ин гуна гулпӯшро гулпӯши оддӣ (содда) меноманд. Дар баробари ин баргчаҳои гулпӯши од- дии гули баъзе растаниҳо (масалан, лола) калону хушранг, дар рас- таниҳои дигар (чунончи, маймак (ситник)) беранганд.

Дар баъзеи дигар растаниҳо гул умуман гулпӯш надорад (маса- лан, гули бед, шунг), гулҳои онҳо гӯё урён ё луч мсбошанд.

Узвҳои асосии гулро аз назар мегузаронем. Дар гули себ хар ка- дом гардбарги гул гарддон дорад, ки дар дохили он гард пухта мерасад. Гарддон дар думчаи гардбарг ҷой гирифтааст. Тухмдон (мевадон) аз гардгирак, сутунча ва ғӯра иборат аст. Дар гули себ тухмдон аз панҷ сутунчаи асосашон ба ҳам пайвасту қисми нӯгиашон аз ҳамдигар ҷудо-ҷудо, ки ҳар кадоми онхо яктогӣ гардгирак доранд, иборат аст. Ғӯра панҷлонагй буда, ду тухммуғҷа дорад, ки аз онҳо пас аз гулшукуфт тухм инкишоф меёбад 84 .

Гулҳои аксари растаниҳо ҳам гардбарг ва ҳам тухмдон доранд. Онҳо гулхои дуҷинсаанд. Аммо дар баъзе растаниҳо як қисми гулҳо фақат тухмдон (гулҳои тухмдондор, ё модина), қисми дигар бошад, фақат гардбарг (гулҳои гардбаргдор, ё нарина) до- ранд. Ин гуна гулҳоро гулҳои ҷудоҷинса меноманд.

Чунин растаниҳо, аз қабили бодиринг ва ҷуворимакка, раста- ниҳои якхонагӣ ё дуҷинса мебошанд. Чунки, гулҳои тухмдондор (мо- дина) ва гардбаргдор (нарина)-и онҳо дар як (ниҳоли) растанӣ ин- кишоф меёбанд 85 . Аммо дар канаб, сафедор ва бед гулҳои нарина ва модина на дар як бех ниҳол, балки дар растаниҳои ҷудогона ҷудо- ҷудо ҷой гирифтаанд. Онҳоро растаниҳои духонагӣ ё ҷудоҷинса мегӯянд 86 . Баъзе хелҳои ғеша ном гиёҳ низ ҷудоҷинсаанд.

  1. Гул чист?
  2. Гул аз кадом ҷузъҳо (узвҳо) иборат аст?
  3. Гулпӯш чист?
  4. Тухмдон ва гардбарг чӣ хел сохт доранд?
  5. Аз тухммуғҷа чӣ инкишоф меёбад?
  6. Гулҳои дуҷинса аз гулҳои ҷудоҷинса чӣ фарқ доранд?

 

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …