Главная / Биология / Алоқаи мутақобилаи узвҳои растанӣ

Алоқаи мутақобилаи узвҳои растанӣ

Фаъолияти ҳамаи узвҳои растаниҳои гулдор ба ҳамдигар зич алоқаманд мебошад. Масалан, дар баргҳои сабз агар обро решаҳо ҷаббида дастраси барги растаниҳо нагардонанд, фотосинтез гузашта наметавонад. Бе моддаҳои маъдание, ки онҳоро решаҳо ҷаббида меги- ранд моддаҳои органикии мураккаб, хусусан сафедаҳо наметаво- нанд ҳосил шаванд. Дар навбати худ решаҳо ҳам наметавонанд нағз сабзида, ба ҳар тараф шоха ронанд, агар аз барг ба бофтаҳои ҳосил- кунандаи нӯги реша моддаҳои ғизоии органикӣ, яъне маҳсулоти фотосинтез оварда нашаванд. Ҳамин тавр, растаниҳои гулдор организмҳои томи серҳуҷайра буда, сохти мураккаб доранд ва ҳар як узви онҳо бо хусусиятҳои хосаш вазифаи муайянеро иҷро мекунад.

Чӣ тавре ки аллакай сухан рафт, реша обу намакҳои маъдании хокро меҷаббад ва растаниро дар замин устувору пойдор нигоҳ ме дорад.

Поя ба боло сабзида баргҳои растаниро ба рӯшной мебарорад ва тавассути вай обу намакҳои маъданӣ ва маҳлули моддаҳои органикӣ ба ҷойҳои лозимӣ бурда мешаванд.

Дар рӯшноӣ дар хлоропласти барги растаниҳо моддаҳои орга- никие, ки барои ғизогирии ҳуҷайраҳои ҳамаи узвҳои растанӣ заруранд, ҳосил мешаванд. Барг обро бухор мекунад ва бо ин васила баҳамалоқамандии тамоми узвҳо таъмин гардида, кору вази- фаҳои базиммадоштаи онҳо мунтазам амалӣ мегардад.

Гулу мева узвҳои афзоиши тухмии растаниҳо мебошанд. Зеро, ҳар кадом растании гулдор баъди гардолудшавӣ, ки аз паси он бор- доршавӣ ба амал меояд, инкишоф ёфта, аз як ҳуҷайра — зигота ба организми бисёрҳуҷайра мубаддал мешавад. Ҷанини серҳуҷайра инкишоф меёбад. Дар шароити мусоид аз ҷанин растании гулдор руста баркамол мешавад. Растанӣ бо ҳамин роҳ аз тухм меафзояд.

Ҳамин тавр, дар давраи муайяни ҳаёташ ҳар растании гулдор афзоиш мекунад. Сарфи назар аз он ки, вай аз тухм, ё бо роҳи нашвӣ афзудааст, растании ба худ монандро ба вуҷуд меорад.

Баҳамалоқамандии узвҳои растанӣ боиси вобастагии тарафай- ни инкишофи узвҳои рӯизаминӣ ва зерихокӣ мешавад. Масалан, пояи буридашуда ё сахт осебдида дар оқибати кор нобуд мешавад. Ҳамии ҳодиса бо решае, ки пояаш бурида шудааст, низ руй медиҳад. Чунки дар натичаи осеббинӣ ё бурида шудани узвҳо баҳам алоқамандии онҳо вайрон мешавад ва онҳо чун растании тому яго- на фаъолият карда наметавонанд. Вале дар баъзе растаниҳо қобилияти барқароркунии узвҳои набуда ё нобудшуда хеле инкишофёфта мебошад, бинобар он ин хел растаниҳо дар шароити му- соид метавонанд дар пояашон решаҳои иловагӣ ё дар решаашон муғҷахои иловагӣ пайдо карда (чӣ тавре ки дар афзоиши нашвӣ дида мешавад), сабзишу инкишофашонро пурра барқарор кунанд.

Баъзан дар шароитҳои муайян ҳангоми бошиддат сабзишу инкишоф ёфтани узвҳои алоҳидаи растанӣ узвҳои дигари он ҳам тағйир меёбанд. Масалан, баъди ба растанӣ ғизои иловагии маъданӣ (селит- ра) додан, барг калонтар ва рангаш баланд (сабзи кабудчатоб) шуда, дар он моддаҳои органикӣ бештар ҳосил мешаванд. Растанӣ бештар ғизо мегирад. Ин боиси нашъунамои узвҳои дигар мегардад.

  1. Баҳамалоқамандии узвҳои растаниҳои гулдорро бо мисолҳо шарҳ диҳед.
  2. Хусусиятҳои хоси узвҳои рӯизаминӣ ва зерихокии растаниҳои гулдорро номбар кунед.
  3. Баҳампайвастии узвҳои растаниҳоро чӣ тавр маънидод кардан мумкин аст?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк ҳар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи ҳомиладорӣ …