Ба муносибати иди Модар табрикот!
Муҳтарам, Модарон, апаҳо, хоҳарон ва ҷумла бонувони мардуми Тоҷикистон! Шуморо аз самими қалб бо ин рӯзи шараф ки иди модар дар ҷаҳон машҳур аст табрик гуфта ба Шумо пеш аз ҳама тани сиҳат, хонаи обод, баракати кор, сарвати беандоза ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоем.
Табрикнома сухан бо шеър
Табрик гуем Шуморо,
Бо ин иди баҳорӣ,
8-уми март муборак,
Бонувони гиромӣ,
Пеш аз ҳама саломат,
Бошед аз самими дил,
Чеҳраҳои шумоён,
Пурнуриаш намоён.
Аз ин хотир хоҳонем,
Ҳам сарвату ҳам савлат,
Ободии хонадон,
Ба Шумо эй Бонувон.
Дар паҳлуи шумоем,
Мо мардони содиқӣ,
Аз Худованд дуопурс,
Биҳишт хоҳонем эй дуст
Шеър дар васфи иди занон – духтарон аз Гулрухсор
Арғушти накҳати гул дар бӯстон муборак,
Рақси фари парасту дар осмон муборак.
Рав, дарду ғам, ки шодем хони фараҳ гушодем,
Паймони фараҳзо бар ғамкашон муборак.
Дунё пур аз фасона, дилҳо пур аз тарона,
Фасли фасонаи ишқ эй модарон муборак,
Дар ҷодаи халосӣ, аз бодаи халосӣ,
Риндона нӯш кардем, ҷоно ҷаҳон муборак,
Як дастро садо нест, як тор хушнаво нест,
Пайванди худшикаста, то ҷовидон муборак,
Мо як танему ҷон, мо як танему як руҳ,
Эй ҷисми хастаармон, як рӯҳи ҷон муборак,
ВИДЕОИ ТАБРИКОТИ
Метавонед ин видеоро ба дустони худ тариқи сомонаҳои иҷтимоии фейсбук, одноклассники, вконтакте ё тариқи телефон аз ҷумла Viber, WatsApp ва ғайра равон намоед. Барои дастраc кардани видео ба тугмача зер кунед.
Гирифтани ин видео (Скачат) >>>
Туҳфа ба модарон бо сухани шоир
Модарам ай модарам!
Модари ҷонпарварам,
Дасти тадбирӣ манӣ,
Ту сарманшаи тақдири манӣ,
Модар, Модар, Модар,
Зиндагӣ сангин аст,
Дил гаҳе шоду, даме ғамгин аст.
Лек бо ёди ту, ай модари ҷон.
Ҳар нафас ширин аст.
Шеъри Лоиқ дар васфи модарон
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам,
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам.
Бар сари зонуи модар боз биншинам даме,
Гиряму хамдам, сарамро сила бинмояд ҳаме.
Боз гултоқи бибофам аз гули худрӯи кӯҳ,
Аз гули наврӯзу аз қоқую аз ҳулбӯи кӯҳ.
Боз рӯи сабзаҳо афтону хезон то ниҳам,
Кӯҳҳову даштҳоро дар дили худ ҷо диҳам
Боз бо ҳамсолҳоям ҷангбозиҳо кунам,
<<Қаҳрамон>> -и ҷанг бошам, сарфарозиҳо кунам.
Ошиқе зорӣ кунад бар ман , чу ояд бовараш,
Хат барам аз ӯву хат орам – ҷавоб аз дилбараш.
То таги тори арӯс андар шаби сури висол
Ноаён оям, бибинам чеҳраашро бемалол.
Тоҷи тиллои ба рӯи абруи пайвасти ӯ.
Бӯи умри тоза ояд аз ҳинои дасти ӯ.
Лек бинам, то магар розист аз тақсири худ.
Розӣ аст аз бахт ё менолад аз таҳсири худ.
Ё ҳамегиряд зи шодӣ ё ҳамехандад зи ғам,
Ёд карда ошиқи деринаашро бо алам…
Боз дар тоқии худ барчош чинам бо мурод,
Хонда бо ҳамсолҳоям ёр – ёру шодбод.
Қасидаи Модар (ба забони тоҷикӣ)
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.
Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам,
Дар тинатам сиришта сӯзу навои модар.
Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ
Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар.
Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш,
Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар.
Аз сатвату зи шӯҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.
Хира бар он касонам, к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар.
Ғофил аз он, ки хуршед аз Шарқ барнахезад,
Дигар шеър дар бораи модарон : http://sherho.ortgk.ru/modar_loiq_sgerali/