Главная / Биология / Захирашавӣ ва истифодабарии моддаҳо

Захирашавӣ ва истифодабарии моддаҳо

Як қисми муайяни (микдори барзиёди) моддаҳои органикӣ қанд, оҳар, сафеда, равған дар бофтаҳо ва узвҳои махсус ғун ва захира мешавад. Масалан, оҳар — моддаи захиравии аз ҳама маъмултарин мебошад. Оҳар дар растаниҳо, хусусан дар ҳуҷай- раҳои беранги бофтаи захиравӣ дар намуди доначаҳо ғун мешавад (лӯндаи картошка). Ғуншавӣ ё захирашавии оҳар одатан дар решаҳо ва пояҳо (хусусан дар узвҳои пиршуда), узвҳои шаклдигар- карда (дар решамеваҳо, ки бофтаҳои захиракунандаашон зиёданд), қисми поягии решапоя ва лӯндаҳо, дар баргҳои пулакчамонанди пиёзакҳо ва инчунин дар мевапардаҳои пурмағз, эндосперми тухм ва тухмпаллаҳои ҷанин бештар мушоҳида карда мешавад .

Сафедаҳо (моддаҳои мураккаби органикии нитрогендор) одатан дар намуди доначаҳои сафедагӣ (дар лӯбиё, нахӯд, гандум, ҷавдор, ҷав ва ғайраҳо), равған бошад, дар шакли қатраҳои равған (офтоб- параст, зағир, чигит ва ғайраҳо) бештар дар тухму дони растаниҳо захира мешаванд.

Моддаҳои қандӣ бошанд, бештар дар шираи ҳуҷайраи решаме- ваҳои сероб (сабзӣ, лаблабу), барг (карам), поя (найшакар), пиё- зак (пиёз), меваҳои тар (ангур, тарбуз, харбуза ва дигарҳо) бо миқдори зиёд захира мешаванд.

Ин моддаҳоро растаниҳо барои он захира мекунанд, ки дар лаҳ- заҳои барои сабзишу рушди узву бофтаҳои (хусусан, барои аз муғҷаҳо ҳосил шудани пояҳои нав) лозимӣ ва барои ғизогирии насли ҷавонашон, ки холо ба зиндагии мустақилона нагузаштаанд, истифода баранд. Барои ин аввало ин моддаҳои захиравӣ то моддаҳои содда таҷзия (вайрон) мешаванд. Сипас, дар навбати худ ин моддаҳо дар узви ҷавони сабзидаистода барои ба вуҷуд овардани ҳуҷайраҳо ва бофтахои нав ба нав сарф мегарданд.

Шумо хуб медонед, ки инсон ба сифати ғизо аз моддахои захира- вии растаниҳо васеь истифода мебарад. Растаниҳои мазрӯъ бошанд, нисбат ба растаниҳои худрӯй ба микдори зиёд (аз он микдоре, ки барои онҳо кифоя аст) моддаҳои захиравиро дар узвҳои захиракунандаашон ғун мекунанд. Бинобар он одамон дар давоми асрҳои зиёд усулхои гуногуни навъофариро истифода бурда, навъҳои сермаҳсул ва босифати растаниҳои кишоварзиро ба вучуд овардаанд. Навъҳои бавуҷудовардашуда аз ҷиҳати калонии мева, сермағзӣ, хушлаззатӣ, серравғанию серсафедагӣ, зиёдоҳардорӣ, ширинӣ ва бисёр дигар хусусиятҳои ҷолибашон ба худ ҳамто надоранд.

  1. Дар узвҳои захиравии растаниҳо кадом моддаҳои органикӣ захира мешаванд?
  2. Моддаҳои захиравӣ бештар дар кадом узвҳои растаниҳо ғун мешаванд?
  3. Сафеда ва равған дар кадом намуд дар тухму дони растаниҳо захира мешаванд?
  4. Чаро растаниҳо дар узвҳои гуногунашон моддаҳои органикиро захира мекунанд?
  5. Растаниҳои мазрӯъ аз растаниҳои худрӯй чӣ бартарӣ доранд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …