Главная / Биология / Тағйири шакли барг – Хазонрез

Тағйири шакли барг – Хазонрез

Дар равиши ба омилҳои муҳити беруна мутобиқшавии растаниҳо, дар баъзе ҳолатҳо, тағйирёбии шакли барги растаниҳо мушоҳида карда мешавад. Ин баргҳои шаклдигаркарда вазифаҳои дигарро низ иҷро мекунанд, ки он ба баргҳои асосӣ хос нест. Масалан, баъзе баргҳои зирк (зилол) ба хор табдил ёфтаанд. Онҳо назар ба баргҳои муқаррарӣ обро кам бухор карда, инчунин растаниро аз хӯрдани ҳайвонот эмин нигоҳ медоранд. Барги кактус (суббор) низ ба хор табдил ёфтааст. Дар мушунг баргҳои нӯгӣ ба танобак табдил ёфта, ба такягоҳ печида пояро рост нигоҳ медоранд.

tagiriБарги растаниҳои ҳашаротхӯр, ки дар хокҳои моддаҳои нитро- гениашон кам месабзанд, хеле аҷиб аст. Дар ботлоқзори торфӣ пашшахӯрак (росянка) ном гиёҳи кӯчаке месабзад. Паҳнаки барги пашшахӯрак бо пашмакчаҳо пӯшида буда, онҳо моеъи часпак мебароранд. Ҳамин ки ҳашарот ба барг нишаст, дар моеъи часпаки барг мечаспад. Қатраҳои ҳамчун шабнам ҷилодори моеъи часпак ҳашаротро ба худ ҷалб мекунад. Пас аз нишастани ҳашарот аввал мӯякчаҳои пашмак ва сипас худи паҳнаки барг ба дарун хам хӯрда, ҳашаротро печонида мегиранд. Вақте ки паҳнак ва мӯякчаҳои пашмаки барг рост (кушода) мешаванд, аз ҳашарот фақат ҷилди сахт (хитин) боқӣ мемонаду бас. Тамоми бофтаҳои зиндаи ҳашаротро барги пашшахӯрак ҷаббида ҳазм мекунад.

Хазонрез. Тирамоҳ барг- ҳо тадриҷан зард, норинҷӣ ва сурхтоб мегарданд. Зеро хлорофилли барги сабз вайрон мешавад ва барг ранги сабзашро гум мекунад. Пигментҳои (моддаҳои рангвори) ранги норинҷӣ ва зарддоштаи ҳуҷай

раҳои барг боқӣ мемонанд ва ба хубӣ аён мешаванд. Чунки ин пигментҳо назар ба хлорофилл ба шароитҳои номусоиди фасли тирамоҳ тобоваранд. Инчунин, ранги сурхи барг ба моддаҳои ран- гини шираи ҳуҷайраҳо низ вобаста аст.

Дар муддати нашъунамои растаниҳо дар барги онҳо ботадриҷ моддахои барои растани нолозим ва баъзан заҳрнок ғун мешаванд. Ба туфайли фасли хазонрез – тирамоҳ ин моддаҳо аз растанӣ дур карда мешаванд.

Хазоншавии барг як шакли мутобиқати растанй ба фаслҳои тирамоҳу зимистон мебошад. Зеро, решаи бисёр растаниҳо аз замин оби хунукро ҷаббида наметавонад. Ва агар барги буттаву дарахтон намерехт, он гоҳ онҳо аз норасоии об нобуд мешуданд. Аммо барги баъзе растаниҳои гулдор дар зимистон ҳам намерезад. Хуланг халанҷ ва нордонак барин растаниҳои ҳамешасабз аз ҷумлаи онҳоянд. Барг

ҳои резаву устувори ин растаниҳо, ки обро хеле кам бухор мекунанд, дар таги барф зимистонро мегузаронанд. Дарахти ғор (лавр) ва бисёр гиёҳҳо ҳам, ма- салан, шаҳтути заминӣ, себарга. зарчӯ- бак ва киштзори растанихои ғалладонагӣ бо баргҳои сабзашон зимистонро мегузаронанд.

Барги дарахтони ҳамешасабзи сӯзанбарг доимӣ нест. Онҳо якчанд сол сабзида тадриҷан мерезанд. Дар баробари ин дар навдаҳои нави ин рас- таниҳо баргҳои нав месабзанд.

  1. Барои чӣ шакли барги растаниҳо тағйир меёбад?
  2. Тағйирёбии шакли баргро бо мисолҳо шарҳ диҳед.
  3. Тағйири шакли барг барои растанӣ чӣ аҳамият дорад?
  4. Чаро тирамоҳ ранги барг тағйир меёбад?
  5. Хазонрезӣ чӣ аҳамият дорад?
  6. Растаниҳои ҳамешасабзи маҳаллатонро номбар кунед.
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк ҳар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи ҳомиладорӣ …