Главная / Биология / Нафасгирии тухм Растанӣ

Нафасгирии тухм Растанӣ

Барои нафасгирии организмҳои (мавҷудоти) зинда, аз он ҷумла растаниҳо, ҳайвонот ва одам гази оксиген (ҳаво) зарур аст. Оксиген инчунин ба сӯзиш ёрӣ мерасонад. Гӯгирдчӯби афрӯхта дар му- ҳити ҳаво хеле хуб месӯзад, зеро дар он оксиген ҳаст. Аммо агар ягон зарфи шишагиро бо ҳавои нафасбарориамон пур карда, ба он гӯгирдчӯби афрӯхтаро дохил кунем, вай хомӯш мешавад. Зеро мо ҳангоми нафаскашӣ гази оксигенро қабул карда, гази карбонатро ба берун хориҷ мекунем. Гази карбонат ба сӯзиш ёрӣ намерасонад.

Расми 25. Тухми сабзанда назар ба тухми насабзан- да тезтар нафас мекашадШумо аллакай медонед, ки барои сабзиши тухм ҳаво зарур мебошад. Пас саволе пайдо мешавад, ки оё тухм нафас мекашад? Дар натиҷаи нафаскашии тухм кадом газ хориҷ мешавад?

Барои таҷриба ду зарфи шишагини берангу шаффофро гирифта, ба яке аз онҳо тухми хушку нешназадаи гандум, ҷавдор, нахӯд, лӯбиё ё растаниҳои ди- гар, ба зарфи дуюм бошад, ҳамин миқ- дор тухми сабзидаистодаи растаниҳои

номбурдаро дохил мекунем. Даҳони ҳарду зарфро маҳкам карда, онро ба ҷои гарму торик мегузорем. Рӯзи дигар месанҷем, ки тар- киби ҳавои зарфҳо тағйир ёфтааст ё не.

Аз ин рӯ, ба зарфи шишагини тухми хушкдор шамъи борики аф рӯхтаро, ки ба нӯги сим устувор карда шудааст, дохил мекунем 25. Шамъ сӯхтан мегирад. Зеро тухми хушки нешназада хеле суст нафас мегирад ва бинобар он, захираи оксигени дохили зарф қариб, ки тамоман сарф нашудааст.

Баъд даҳони зарфи шишагини дуюмро, ки тухми нешзада дошт, мекушоем ва ба он шамъи фурӯзонро то поёнтараш дохил мекунем. Шамъ хомӯш мешавад. Чунки тухми нешзада боавҷ нафас кашида, оксигени дохили зарфро истифода бурда, ба микдори зиёд гази карбонат (маҳсули нафаскашӣ) хориҷ кардааст.

Ин таҷриба нишон медиҳад, ки тухми сабзидаистода оксигени хаворо нафас кашида, гази карбонат хориҷ мекунад. Ин табиист, зеро растанӣ ҳам организми зинда мебошад.

Тухми ҷанинаш солим мунтазам шабу рӯз нафас мегирад. Тухм аз гармие, ки ҳангоми нафаскашиаш ҷудо мекунад, гарм мешавад. Хусусан, тухми сабзидаистода дар муҳити нисбатан намнок назар ба тухми хушки нешзада тез-тез нафас кашида, бештар гармӣ ҷудо мекунад. Агар дони намкашидаро (дар чои нам бударо) ғафс тӯда ку- ианд, он неш зада зуд гарм мешавад. Дар чунин шароит гармӣ зуд берун шуда аз ҳарорати зиёд чанини чунин тухмҳо нобуд мегардад.

Ва чунин тухмҳо қобилияти сабзишашонро гум мекунанд. Барои рӯй надодани чунин ҳодиса дону ғаллаи ҷамъоварӣ кардашу- даро нағз хушконида, дар анборҳои хушки шамолрас нигоҳ медоранд. Тухм мудом ба оксиген эҳтиёҷ дорад. Ин холат ба дони хушк низ дахл дорад, ҳарчанд, ки он назар ба дони сабзанда суст нафас мекашад. Дар анборҳои махсуси ғалланигоҳдорӣ (элеваторҳо) ша- роитҳои барои нигоҳдории дон мувофиқро фароҳам меоваранд.

  1. Нафасгирии тухмро чӣ тавр исбот кардан мумкин аст?
  2. Дар вақти нафаскашии тухм таркиби ҳаво чӣ тавр тағйир меёбад?
  3. Чаро тухми намкарда гарм мешавад?
  4. Барои нигоҳдории тухм кадом шароитҳо лозиманд?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк ҳар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи ҳомиладорӣ …