Главная / Ҷамъият / Дар бораи Тирамоҳи зарин – нақл ва шеър

Дар бораи Тирамоҳи зарин – нақл ва шеър

Мақола дар бораи фасли тирамоҳ:  Тирамоҳ ин фасли 3-юмини сол мебошад ва он вобаста ба кишварҳои дунё ҳаргуна мебошад. Асосан зери мафҳуми тирамоҳ дар давлатҳои қисмати шимолии курраи замин мавсими солро дар назар доранд, ки дар он дарахтон зарду сурх шуда меваҳо мепазанд ва давраи ҳосилғундорӣ мебошад.

тирамох
Сурати тирамоҳ аз Викепедия

Тирмаҳоро одатан зарин меноманд, чунки дар он алафу дарахтон зард мешванд, ки маънои ба охир расидани давраи зиндагии онҳо ва ба давраи хоб рафтанашон аст.

Савол! Тирамоҳ кай сар мешавад в акай тамом мегардад?

Ҷавоб: Тирамоҳ расман аз 1уми сентябр оғоз гардида санаи 30-уми ноябр ба охир мерасад. Дар кишварҳои Осиёи марказӣ тирамоҳ одатан салқин бо каме бориш  дорад ва охири он метавонад низ бо барф бошад. Лек дар давлатҳои гарм ба монанди кишварҳи Африка ва Индонезия тирамоҳ боя гон хусусияти худ аз дигар мавсимҳои сол фарқ намекунад, чун ки он ҷо тобистону зимистон як хел ҳаво гамр аст.

Шеър дар бораи Тирамоҳ

Тирамоҳ асту барг мерезад
Дар лабонаш таронаи падруд.
Нигаҳи офтоб ҳам кунд аст,
Меравад хастаҷон ба хонаи буд1.
Ёд орам зи чашми бодомат,
Накҳати навбаҳор меояд.
Ёд орам чу хандаҳоятро,
Қаҳ-қаҳи обшор меояд.
Тирамоҳ асту рӯд хушкида
Хушклаб мондаанд соҳилҳо.
Зоғҳо мепаранд фориғбол
Доғсон дар фазои манзилҳо.
Баҳри мо лек навбаҳори дил аст,
Дар дили мо талотуми дарёст.
Парфишонии баргҳои хазон
Болафшонии парастуҳост.
Чор ҳадди Душанбе чун девор
Кӯҳҳо сарсафед гардиданд.
Нафаси барф мезанад ба димоғ,
Чашмаҳо нопадид гардиданд.
Шукри қисмат, ки мо ҷавон астем,
Чашмаи шавқи мо хурӯшон аст.
Гар баҳорам ту бошӣ, бокам нест,
К-аз паи тирамаҳ зимистон аст…

————————— /*****/ ——————

Осмони тозарӯ шуд тирарӯ,
Токҳоро гӯр карданд.

Пояҳои хушки пахта бегулу бебарг монданд,
Рафт з-онҳо қадру қимат – он гули симинашон,
Сӯяшон сар хам намесозанд дигар пахтачинон.
Пуштаҳо урён шуданд аз сабзаҳои махмалӣ,
Гашта бефарёду танҳою карахту пурсукут.
Яхча меборад саҳаргаҳ ҷои шабнам з-осмон.

Баъди ташвишу тараддудҳо мисоли модарон
Худ ба худ паҳлӯ зада хобад кунун Модар-замин.
Киштзорон мисли гурде, ки зи баъди корзор
Ояду паҳлӯ занад бо сарбаландию виқор,
Хешро омода созад бар набарде,
бар баҳори дигаре.

Лонаи бесоҳиби паррандагон
Дар миёни шохсорон зору ҳайрон мондаанд.
Чӯҷаҳое, ки калон карданд, ҳоло дар куҷоянд,
Дар куҷои ин фазои бекарон пар мекушоянд?
Неъмати худро замин тӯёна орад баҳри халқ,
Лек худ нӯшад яхоб.
Ҳар куҷо тӯй асту шодӣ, нағмаи чангу рубоб,
Фахр месозад замин дар зери по,
Дида неъматҳои худро дар сари хон беҳисоб.

Осмони тозарӯ шуд тирарӯ,
Токҳоро гӯр карданд.
Лек одам ток нест,
То ки онро гӯр карда айни сармои зимистон,
Боз бикшоянд айёми баҳорон…

——————*****————————-

На дигар хирмани гандум, на дигар хирмани моҳам,
Ба ҳаво тӯдаи абрам, ба замин тӯдаи қоҳам;
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам,ҳама дардам, ҳама сардам.

Қафаси синаи гулбун қафаси тӯтии гул буд,
Қафаси синаи ман ҳам қафаси тутии дил буд,
Си пари тутии гул рехт, пари тутии дил ҳам,
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам,ҳама дардам, ҳама сардам.

Чи қадар чангу ғуборе, ки дар оина нишастаст,
Чи қадар чангу ғуборе, ки дар ин сина нишастааст,
Чи қадар меваи шеъре, ки напухтааст дар ин шохи қалам;
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам,ҳама дардам, ҳама сардам.

На дигар замзамаи шеър,
На дигар шаршараи шеър

Чи қадар шеъри сафедам ба замин рехт чу шир,
Шоири гумшудаам, гумшуда шоир,
На ба моҳам, на ба ҷоҳам таҳи коҳам;
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам,ҳама дардам, ҳама сардам.

Гили ман як гили помол,
Дили ман як дили помол,
Дилакамро чи қадар мардуми дилхора фишурданд,
Чу анор;
Дилакамро чи цадар мардуми дилхора макиданд,
Чу анор;
Пату пӯчам, бағале баргу гиенам;
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам,ҳама дардам, ҳама сардам.

Лаби рӯзам чу лаби мардуми ранҷур,
Лаби бенур,
Лаби шомам чу лаби маҷмаабемор,
Лаби хуншор;
Табу табхолаву табларзаву хамёзаву оҳам;
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам,ҳама дардам, ҳама сардам.
Ману сад манзараи зард.
Ману сад хотираи зард.
Раҳи хокии ману ғарғараи боди хазон,
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам,ҳама дардам, ҳама сардам.

ФАСЛИ ТИРАМОХ (ШЕЪР)

Бо ханада рӯйи худ тофт
Бо ханада рӯйи худ тофт
Хуршеди тирамоҳон,
Тасфири дигаре ёфт
Маҳбуб тоҷикистон.

Русхора шуст дар нур
Себу анори хушбӯ,
Рӯ тоза кард бодом
Бо пистаҳои худрӯ.

Ангур ранг овард
Дар навдаи хами ток,
Чун қанд гашт ширин
Анҷиру олую нок.

Дар ҷуяҳои полез
Бо об нур ҳал шуд,
Харбуза шуд шакаррез,
Тарбуз ҷун асал шуд.

Хурмо наврасида
Бо шӯълаҳо даромехт,
Фарзанди офтоб аст,
Нури ҷаҳон ба ӯ рехт.

Да субҳи тоза лимӯ
Ҳамранги барги тар буд,
Нуре дамид дар рӯ,
Хушрангу тозатар шуд.

Бо ханда рӯйи худ тофт
Хуршеди тирамоҳон,
Бишкон хони эҳсон
Маҳбуб Тоҷикистон

Накли хатти, кори курси, макола, реферат дар бораи тирамохро аз сомонаи дигар дарёфт намоед!

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …