Главная / Биология / Давраҳои ҳаёти растаниҳо: ҷанинӣ, ҷавонӣ, камолот, пиронсолӣ

Давраҳои ҳаёти растаниҳо: ҷанинӣ, ҷавонӣ, камолот, пиронсолӣ

Растаниҳо дар муддати фаъолияти ҳаётиашон вазну андозаи реша, поя ва навдаву баргашон сол аз сол мунтазам афзуда, на танҳо месабзанд, онҳо инчунин инкишоф ёфта, хусусияту хосиятҳои нав ба нав пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, дар растаниҳои гулдор, яъне пӯшидатухмон чор давраи инкишоф фарқ карда мешавад.

Сараввал, овони ҷанинӣ — аз давраи ба вуҷуд омадани ҷанин то ҳангоми ба сабзиш шурӯъ кардани он. Чӣ тавре ки маълум аст, ҳаёти ҳар як растании гулдор ҳангоми афзоиши тухмӣ аз бордоршавии тухмҳуҷайра ва хосилшавии зигота оғоз мешавад. Зиго- та борхо, такрор ба такрор тақсим шуда, ба ҷанин табдил меёбад.

gul

Дуюм, овони наврасӣ ё ҷавонӣ, киаз давраи ба саб- зиш шурӯъ кардани тухм то лаҳзаи гулшукуфти нахустини растании дар нашву нумӯбуда давом мекунад. Аз ҳама пеш, он узвҳое ба саб- зиш шурӯъ мекунанд, ки онҳо аллакай дар ҷанини ҳосилшуда заминаи мӯътамад доштанд. Чунончи, решачаи асосӣ ё ҷанинӣ, пояи ҷанинӣ ва баргчаҳои чанинӣ ё тухмпаллагӣ. Онҳо то ба вуҷуд ома- дани аввалин узвҳои рӯизаминӣ асосан аз ҳисоби моддаҳои дар тухм (эндосперм) захирашуда ғизо мегиранд. Сипас, решаҳо саб- зида, шоха ронда, решаҳои иловагӣ ва паҳлуӣ ҳосил мекунанд ва системаи (силсиламаҷмӯи) решагӣ ташаккул меёбад.

Ҳамин тавр, навниҳол ба туфайли решаву баргҳояш пурра ба зиндагонии мустақилона мегузарад.

Ҳаётгузаронии ояндаи растаниҳои ҷавони нумӯёбанда бештар ба он вобаста аст, ки растанӣ ба кадом шаклҳои ҳаётии растаниҳо тааллуқ дорад. Масалан, сабзиши растаниҳои яксола дар давоми як мавсими нашъунамо пурра ба охир мерасад. Онҳо гул карда мева ҳосил мекуианд ва нобуд мегарданд (нахӯд, бодиринг, тарбуз, хар- буза ва ғайраҳо).

Баъзе алафҳои бисёрсола дар соли аввалини ҳаёташон хеле боавҷ нашъунамо карда, ҳатто гул мекунанд (себарга). Вале бештари онҳо дар солҳои муайяни ҳаёташон гул мекунанд. Ҳамин тавр дар растаниҳои гуногун давраи ҷавонӣ метавонад солҳои гуногунро дарбар гирад.

Дарахтону буттаҳо бошанд дар давраи 5-10 соли ҳаёташон нисба- тан суст нашъунамо мекунанд. Сипас, нашъунамои онҳо авҷ гириф- та, решаашон калонҳаҷму боқувват гардида, ба хок чуқур меравад. Қадкашни пояю навдаҳояшон низ авҷ гирифта, ҳар сол тақрибан то 30-50 см ва баъзан то 70-80 см дароз мешаванд.

Сеюм, овони камолот — аз лаҳзаи пайдошавии узвҳои гулӣ то ҳосилшавии тухм ё мевабандӣ, ки дар бисёр намудҳои набототи да- рахтию буттагӣ солҳои зиёд (то давраи пиронсолӣ) давом мекунад.

Ин давра дар ҳаёти растаниҳои яксола ва дусола ниҳоят кӯтоҳ буда, баъди як бор мевабандӣ ба итмом мерасад.

Дар растаниҳои бисёрсола бошад, ин овони ҳаётӣ солҳои хеле зи- ёдеро дарбар мегирад. Пас аз ҳар бори гулшукуфт – гулшукуфти дуюм, сеюм, чорум ва ҳоказо, дар давоми бисёр солҳо идома меёбад. Растаниҳо дар ин давра аз ҷиҳати вазну андоза ва калон гардидани появу навдаҳояшон ба дараҷаи баланди сабзишу инкишофашон мерасанд.

Давраи чорум овони пиронсолӣ мебошад. Дар ин давра растанӣ аз гулшукуфт ва мевабандӣ боз монда, нобудшавии боавҷи узвҳои он сар мешавад, ки ин ба нобудшавии растанӣ оварда мерасонад. Зеро алафҳои бисёрсола ва растаниҳои дарахтию буттагӣ бо мурури замон пир мешаванд. Дар онҳо қобилияти мевабандӣ ниҳоят суст гардида, дар охир қатъ мегардад (масалан, себҳои пи- ронсол тамоман мева намебанданд). Дар растаниҳои пиронсол қоби- лияти ҳосилшавии узвҳои нав (реша, навда, барг) то дараҷаи ниҳоӣ суст мешавад. Навдаю пояҳои қисмҳои нӯгии растаниҳо бошад ба хушкшавӣ сар мекунанд. Дар танаи растаниҳо ковокиҳо ба вуҷуд омада, шохаҳои камқувватгардидаю хушкшуда шикаста меафтанд.

Дар алафҳои бисёрсолаи пир бошад, сабзиш ва аз нав пайдоша- вии узвҳо ниҳоят суст мешавад. Пояю баргҳои наврустаи онҳо бисёр заифу ноқисанд. Решаашон ба калонҳаҷмии худ нигоҳ накарда, да- рунковоку пӯсидаанд. Ҳосилшавии решаҳои иловагӣ ва паҳлуӣ қариб ки рӯй намедиҳад. Ҳосилшавии муғҷаҳои нав қатъ гардида, онҳо ба марги табиӣ дучор мегарданд.

Ҳамин тавр, донистани давраҳои инкишофи растаниҳо имкон медиҳад, ки ба ҳаёту фаъолияти узвҳои онҳо бахубӣ сарфаҳм равем, парваришу нашъунамои онҳоро бо назардошти давраҳои ҳаётиашон мақсаднок идора кунем ва аз онҳо пурмаҳсул истифода барем.

  1. Дар растаниҳои бисёрсола кадом давраҳои синнусолӣ фарқ карда мешаванд?
  2. Давраи ҷанинӣ кай сар мешавад ва то кай давом мекунад?
  3. Хусусиятҳои муҳими давраи ҷавонии растаниро номбар кунед ё шарҳ диҳед.
  4. Давраи ҷавонии алафҳои бисёрсола ва дарахту буттаҳо чӣ тавр идома меёбад?
  5. Кадом аломатҳои махсуси давраи пиронсолии растаниро медонед?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …