Главная / Биология / Сохти тухми растаниҳои дупалла ва якпалла

Сохти тухми растаниҳои дупалла ва якпалла

Шиносоиро бо ҳаёти растанӣ аз омӯзиши сохти тухм (дон) ва сабзиши он оғоз мекунем.Мебинем, ки дони лӯбиё калон буда, агар як тарафи донаш барҷаста бошад, тарафи дигари он фурӯхамида мебошад.

Рӯи дон бо пӯсти суфтаи ҷилодор иҳота гардидааст. Пӯст тухмро аз хушкшавӣ ва дигар осебҳо муҳофизат мекунад. Пӯсти тухми лӯбиё сафед, қаҳваранги банур, хол-хол ё дигар хел мешавад. Дар тарафи фурӯхамидаи дони лӯбиё чок ё дарз (яъне изи думчаи тухм) намудор аст, ки тавассути он тухм ба мевапарда (ғилофак) пайваст шудааст.

botanika-oo3

Агар аз дони лӯбиёи пешакӣ дар об таркардашуда пӯсташро ҷудо кунем, дар зери пӯст ҷанин намоён мешавад. Ҷанин аз ду тухмпалла, решача, пояча ва муғҷача иборат аст. Дар тухмпаллаи калон ва ғафсшуда моддаҳои ғизоӣ захира мешаванд.

Решача, пояча ва муғҷача дар байни ду тухмпалла ҷойгиранд. Андозаи онҳо чунон хурд аст, ки онҳоро фақат бо пурбин дидан мумкин аст. Сохти дони нахӯд, мушунг ва тухми дигар лӯбиёгиҳо низ чунин аст. Аммо дар баъзе дигар растаниҳо, турбкоҳак ва ҷағ- ҷағ (ҷаҷак) моддаҳои ғизоӣ на танҳо дар тухмпалла, балки дар дигар ҷузъҳои ҷанин-решача ва пояча ё поёнтар аз тухмпалла низ захира мешаванд .

Растаниҳои гулдореро, ки ҷанини онҳо дорои ду тухмпаллаанд, растаниҳои дупалла меноманд. Масалан, зардолу, шафтолу, себ, сабзӣ, бодом, каду, офтобпараст (вартоҷ), чинорак (чакамуғ), булут ва хошхош (кӯкнор) аз ҷумлаи онҳоанд.

Сохти тухми зироати ғалладона (гандум, ҷав, ҷавдор, ҷуворимак- ка ва ғайраҳо) дигар хел аст. Тухми гандумро, ки дон ё меваи хушк меҳисобанд, дида мебароем. Дони дарозрӯяи гандумро мевапардаи зарди тиллоранг пӯшидааст. Мевапарда бо пӯсти дон чунон ҷафс еабзидааст, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кардан номумкин аст .

Агар дони гандумро ба дарозӣ бурем, мебинем, ки қисми зиёди °н аз эндосперми ордмонанде иборат аст, ки ҳуҷайраҳояш мод- Дахои ғизоии захиравӣ доранд.

Ҷанини дони гандум хеле хурд буда, онро фақат бо ёрии пурбин дидан мумкин аст. Вай ҳам ба монанди ҷанини лӯбиё решача,

пояча ва муғҷача дорад. Аммо тухмпаллааш якто аст. Вай ба паҳ- наки тунук монанд буда, ба эндосперм ҷафс ҷой гирифтааст ва дар он моддаҳои ғизоӣ захира намешаванд 20 . Дар вақти сабзиши дон моддаҳои ғизоӣ аз ҳуҷайраҳои эндосперм тавассути тухмпалла ба ҷанин мегузаранд. Растаниҳоеро, ки ҷанини онҳо як тухмпалла дорад, растаниҳои якпалла меноманд.

Дар тухми дигар растаниҳои якпалла ҳам, масалан, пиёз, зуфи обй ва гули ливондар (ландиш) эндосперм ҳаст. Аммо эндосперми онҳо мисли эндосперми гандум ва ғалладонагиҳои дигар дар як тарафи он ҷойгир пабуда, балки ҷанинро пурра фаро гирифтааст 2:1 .

Ҳамин тавр, тухм пӯст ва ҷанин дорад. Ҷанини растаниҳои ду- палла дорои ду тухмпалла буда, моддаҳои ғизоӣ одатан дар худи ҷанин (дар тухмпаллааш) захира мешаванд. Ҷанини растаниҳои якпалла фақат як тухмпалла дорад, моддаҳои ғизоӣ одатан дар эндосперми тухм (дон) ҷойгиранд.

  1. Сохти дони лӯбиё чи гуна аст?
  2. Моддаҳои ғизоӣ дар куҷои дони лӯбиё, турбкоҳак ва чинорак захира шудаанд?
  3. Кадом растаниҳоро растаниҳои дупалла меноманд?
  4. Сохти дони гандум чӣ тавр аст?
  5. Ҷанини растаниҳои якпалла чӣ хел сохт дорад?
  6. Тухми лӯбиё ба тухми гандум аз чӣ ҷиҳат монанд аст?
  7. Растаниҳои якпалла ва дупаллаи ба Шумо маълумро номбар кунед.

 

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …