Ин растании гулкунанда аз пиёзаш мерӯяд ва рангҳои гуногуни гулаш ҳаст аз ҷумла Наргиси зард ва Наргиси Сафед ва Наргиси гулобӣ. Ӯро ба забони русӣ «Нарцис» меноманд. Дар ҷойҳои намнок мерӯяд аз ҷумла дар ҳавлиии одамон ва талу тепаҳо (кӯҳҳо).

Қади наргис 20-50 сантиметр мебошад ва ҳар баҳор як маротиба гул мекунад. Дар Тоҷикистон шукуфтани онро охири моҳи феврал ва аввали моҳи март мушоҳида кардан мумкин аст. Буяш чандон форам нест вале аз сабаби он ки ӯ ба нигоҳубини зиёд эҳтиёҷ надорад ва баҳоро барвақт гул мекунад одамон онро дуст медоранд.